Ovozi.uz

Ихтисори камбизоатӣ ба ҳаракати умумимиллӣ табдил меёбад

Рӯзи 11‑уми сентябр бо сарварии Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба муҳокимаи масъалаҳои ба зинаи навбатии сифат баровардани корҳои ихтисори камбағалӣ ҷамъомади навбатӣ баргузор гардид.
Соли 2020‑ум дар мамлакатамон ин самт оғоз гардида буд. Дар ҳамон давр даромади 7,5 миллион ё ки 23 дарсади аҳолӣ ба ҳудуди камбағалӣ намерасид. Дар солҳои гузашта ба туфайли бодаромад кардани 3,5 миллион одам дар ҷамъбасти соли 2023 дараҷаи камбизоатӣ ба 11 дарсад фаромад.
Аввало, дараҷаи ба ҳифзи иҷтимоӣ гирифтан 4,5 баробар васеъ шуда, соли гузашта ба ин самт 12,3 триллион сӯм равона карда шуд. Миқдори нафақа ва кӯмакпулиҳо низ 1,5 баробар афзуданд.
Дар маҳалла ба ихтисори камбизоатӣ, лоиҳаҳои соҳибкорӣ 35 триллион сӯмина кредити арзон, 7 миллион сӯмина субсидия дода шуд. Барои обод кардани маҳаллаҳо, инфрасохтори кӯдакистон, мактаб, тиббиёт, роҳ, об ва қувваи барқ 120 триллион сӯм ҷудо карданд. Инчунин, 260 ҳазор гектар замин ба 800 ҳазор нафар аҳолӣ барои бо деҳқонӣ шуғл варзида, гирифтани даромад дода шуд.
Боз як мисол, аз соли 2020 инҷониб шумораи коргарони маоши моҳонаашон аз 3 то 5 миллион, 2 баробар, аз 5 то 7 миллион 3 баробар зиёд шуд. Дар натиҷаи инҳо, дараҷаи камбизоатӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна ба 3 дарсад кам мешавад.
Вале корҳо дар ин самт дар ҳамаи вилоят ва ноҳияҳо як хел нест. Мисол, дар шаш моҳи гузашта, дар вилоятҳои Навоӣ, Сурхондарё, Фарғона ва шаҳри Тошканд тағйирот нашудааст. Дар 15‑то ноҳия камбизоатӣ аз 20 дарсад боло аст.
Дар 16‑то ноҳия аз ҳисоби ба аҳолӣ тақсим карда додани замин ва дар як сол гирифтани 2–3 ҳосил камбизоатӣ 2 баробар кам шудааст. Вале дар 14‑то ноҳия тарғибот ҳис карда намешавад.
Чуноне ки Президентамон таъкид намуд, масъалаи камбизоатиро танҳо бо тақсими пул ва пардохти нафақа ҳал карда намешавад. Барои ин ба аъзои оилаҳои камбизоат додани таълим, омӯзондани касб ва таъмини шуғл муҳим мебошад.
Имрӯзҳо дар корхонаҳо 250 ҳазорто ҷои холии корӣ (вакант) ҳаст. Вале дар 35 дарсади аъзои оилаҳои камбизоат дониш ва таҷриба кам аст. Илова бар ин, баъзеи онҳо ба туфайли бемориҳои музмин ба дараҷаи кофӣ кор карда наметавонанд. Дар 83 дарсади оилаҳои камбизоат замини наздиҳавлигӣ ҳаст, вале муаммоҳои вобаста бо об, қувваи барқ ва роҳҳо ба миён душвориҳо мегузоранд.
Дар ҷамъомад чунин масъалаҳоро ҳаматарафа таҳлил намуда, вазифаҳои нав муайян карданд.
Роҳбари давлатамон маълум кард, ки барои солҳои оянда барномаи «Аз камбизоатӣ сӯи фаровонӣ» таҳия карда мешавад. Дар он бар асоси тамоюли ҳафт имконият ва масъулият муносибатҳои нави навбатии Ӯзбекистон муайян карда мешаванд.
Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ якҷо бо ҳокимиятҳо имсол ҳар як маҳалларо пурра аз рӯйхат гузаронда, «портрет»-и оилаҳои камбизоатро мекашанд. Роҷеъ ба ҳар як оилаи камбизоат барномаи индувидуалӣ таҳия мекунанд. Маҷмӯи иқтисодӣ бо аз камбизоатӣ баровардани оилаҳо машғул мешавад. Дар ин масъала масъулияти аз ҳама калон ба зиммаи ҳокимони ноҳия ва роҳбарони сектор гузошта хоҳад шуд.
Пешрафти кори одамон ба шароити дар маҳаллаҳо буда низ вобаста мешавад. Бинобар ин, соли оянда барои ривоҷдиҳии инфрасохтори маҳаллаҳо аз ҳамаи манбаъҳо 1,6 миллиард доллар ҷудо мегардад. Як қисми онро, аввало ба 300‑то маҳаллаи вазъаш аз ҳама вазнин барои гузоштани насосҳои об ва панелҳои офтобӣ дода мешавад. Боз дар 500‑то маҳалла масъалаҳои қувваи барқ, роҳ, интернет ва инфрасохторҳои дигар ҳалли худро меёбанд.
Ҳоло дар диёрамон наздик ба 9 ҳазору 200 нафар соҳибкороне ҳастанд, ки ҳар яки онҳо камаш 50‑то ҷои корӣ ташкил намудаанд. Нақшаҳои онҳо дастгирӣ карда шаванд, фаъолияташонро васеъ карда, метавонанд боз коргаронро ба кор қабул кунанд.
Мисол, дар вилояти Андиҷон 58‑то корхонаи паррандапарварӣ бо ташаббуси ба ин кор ҷалб кардани 10 ҳазор нафар аҳолии эҳтиёҷманд, ба воситаи кооператсияи 660‑то хоҷагии моҳипарварӣ ташкил намудани боз ҳамин қадар ҷои корӣ баромаданд.
Роҳбари давлатамон супориш дод, ки барои молиягузории чунин лоиҳаҳо сохтори нав ташкил ва дар дигар ҳудудҳо низ роҳандозӣ карда шаванд.
Ду сол пеш бо Фармони Президент ба соҳибкороне, ки дар соҳаи хӯроки умумӣ фаъолият доранд, аз андози иҷтимоӣ имтиёз дода буданд. Дар натиҷа, бисёр корхонаҳои Тошканд, Самарқанд ва Андиҷон 2 ҳазор одамро бо кор таъмин кард. Агар имтиёзи мазкур боз ба 2 сол идома дода шавад, соҳибкорон тайёр ҳастанд, боз даҳҳазорҳо аҳолии эҳтиёҷмандро бо кор таъмин намоянд. Соҳае, ки дар саноат беш аз ҳама ҷои корӣ ташкил мекунад, бофандагӣ аст. Соҳибкорони ин соҳа низ хоҳиш доранд, ки имтиёзи ду сол пеш ба корхонаҳои трикотажӣ, матоъ ва рангубори он аз андози иҷтимоӣ додаро идома диҳанд.
Аҳамияти шуғли аҳолиро ба инобат гирифта, ба мутасаддиён супориш дода шуд, ки роҷеъ ба идомаи имтиёзҳо дар ин соҳаҳо таклиф пешниҳод кунанд.
Агар корхонаҳо аҳолии камбизоатро бо кор таъмин кунанд, барои ҳамон коргар имтиёз аз андози иҷтимоӣ боз ба се сол идома дода мешавад. Имтиёзи мазкур на танҳо ба соҳаи бофандагӣ, балки ба ҳамаи корхонаҳо дода мешавад. Ба воситаи ин дар соҳаи бофандагӣ, масолеҳи бинокорӣ, чарм-пойафзор, техникаи электрӣ, хӯрокворӣ, чорвопарварӣ ва сохтмон садҳо ҳазор нафар аҳолии камбизоатро машғул кардан мумкин аст.
Солҳои гузашта 260 ҳазор гектар заминро ба 800 ҳазор аҳолӣ барои деҳқонӣ ҷудо карда буданд. Акнун боз 50 ҳазор гектар замин ба 100 ҳазор оилаи камбизоат тақсим карда мешавад.
Дар ин заминҳо бар асоси тамоюли «ширкат — коорператив — хоҷагии деҳқонӣ» деҳқонӣ ва боғдорӣ ташкил мекунад. Дар он ба асоси таҷрибаи Чин сохторе ташкил мекунанд, ки аз замин се сол даромад мегирад:
1) ширкати калоне, ки маҳсулоти хоҷагии қишлоқ расонда, онро содирот мекунад, аз оилаҳои камбизоат заминро ба иҷораи дуюм мегирад;
2) ё ки соҳибони замин ба сифати ҳиссадор ба кооператсия муттаҳид шуда, аз ширкатҳо супориш мегиранд ва даромади гирифта байни онҳо тақсим карда мешавад;
3) дар ҳар ду ҳолат низ аҳолии мазкур худаш дар замин маҳсулот расонда, барои ин маоши моҳона мегирад.
Яъне, оилаи камбизоат аз замини худ боз ҳам самаранок истифода бурда, баробари гирифтани маоши моҳона, аз иҷора ё ки дивидент даромад мегирад. Ширкат бошад, дар як контур як маҳсулот расонда, аз сифат ва таннарх фоида мебинад.
Ҳангоми амалӣ намудани лоиҳаҳои шуғл хизматҳои микромолиявӣ низ муҳим мебошанд ва имкониятҳо дар ин самт васеъ мешаванд.
Дар солҳои 2024–2025 барои худро бо шуғл таъмин кардани одамон, бо соҳибкории хурд ва миёна машғул шудани онҳо 10 триллион сӯмина микрокредитҳо ҷудо мекунанд. Инчунин, ба оилаҳои камбизоат то 30 миллион сӯмина воситаҳое чун ускуна, дӯкони сайёр, мотороллер, скутер бо шарти дар 5 сол пардохти музди онҳо дода мешавад. Ба оилаҳои камбизоат барои ба фарзандонашон харидани компутер ба муддати 5 сол бо даври имтиёзноки 2‑сола кредити бефоиз дода мешавад.
Дар Палатаи савдову саноат марказҳое ташкил карда мешаванд, ки барои соҳибкорон коргар ёфта, онҳоро ба фаъолият омода карда медиҳад. Ба аъзои оилаҳои камбизоат таҷрибаи ба талаботи корхона мусоидро омӯзонда, ба кор ҷойгир мекунанд.
Барои дар ҳар як оилаи камбизоат шудани маълумоти олидорҳо, аз ҳама беш дар байни занҳо эътибори алоҳида медиҳанд. Барои ин, онҳоро бо кредитҳои бефоизи таълимӣ, грантҳо ва ёриҳои молиявии дигар дастгирӣ мекунанд.
Умуман, роҳбари давлатамон таъкид намуд, ки мақсади мазкур васеъмиқёс буда, ба он ҳисса гузоштани ҳама зарур мебошад.
— Дар оянда ихтисори камбизоатӣ ба ҳаракати умумимиллӣ табдил меёбад. Аз ҳукумат сар карда, то ташкилотҳои ноҳия, кори ҳаррӯзаи роҳбарони ҳамаи самтҳо бояд аз камбағалӣ ихтисор кардани оилаҳо шавад. Дар ин самт назорат ҳам, пурсиш ҳам сахт мешавад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад ҷонишини Сарвазир, ҳокимони вилоят ва ноҳияҳо ахбор доданд. Вазифаҳо роҷеъ ба баланд бардоштани манзилнокӣ ва самарадории маблағҳое, ки барои оилаҳои камбизоат пешбинӣ шудааст, муҳокимаи корҳои масъулон дар ин самт ва ҳалли муаммоҳо муайян гардиданд.

Ӯз А.