Ovozi.uz

Дар шаҳри Фарғона мулоқоти роҳбарони хадамоти махсуси Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор гардид

6 майи соли 2024 дар шаҳри Фарғона мулоқоти муовини Раиси Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов, Раиси Девони вазирон — Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов баргузор гардид.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо ба таври васеъ ва боэътимод тамоми маҷмуи масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти минтақавиро муфассал муҳокима намуданд. Оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои муҳим, аз ҷумла мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, қочоқ, дигар таҳдидҳо ва чолишҳои дорои хусусияти фаромарзӣ табодули афкор анҷом дода шуд. Масъалаҳои ҳамкории наздисарҳадӣ ва дар маҷмуъ фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ байни давлатҳо баррасӣ гардиданд.

Зимни мулоқот бандҳои рӯзномаи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ (делимитатсия) байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои аломатгузории сарҳад байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври самарабахш баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба суръат бахшидан ба равандҳои делимитатсияи хати марзҳои давлатии Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қирғизистону Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд ва барои ҳалли ин масъалаҳо дар асоси манфиатҳои тарафайн тадбирҳои амалиро муайян намуданд.