Бо таклифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 15–16‑уми сентябр Садри аъзам (канслер)-и федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолтс дар мамлакати мо сафари расмӣ анҷом дод.
Чорабиниҳои асосии сафар дар Маркази Конгресси шаҳри Самарқанд баргузор шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Садри аъзами федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолтс рӯ ба рӯ сӯҳбат карданд. Дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои ду кишвар ба таври муфассал баррасӣ гардиданд.
Дар охири музокираҳо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Садри аъзами федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолтс Декларатсияи муштаракро қабул карданд. Ҳамчунин, 8 санади дуҷониба, аз ҷумла, Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи шарикии ҳамаҷониба дар соҳаи муҳоҷират ва зудамалӣ, эъломияи муштарак оиди ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои фоиданок, созишнома роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ба имзо расид.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Садри аъзами федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолтс рӯзи 16‑уми сентябр дар шаҳри Самарқанд бо ширкатҳои пешсаф ва вакилони бонкҳои ду мамлакат вохӯрӣ гузарониданд.
Дар он котиби давлатии порлумонии Вазорати умури иқтисод ва ҳифзи иқлими Олмон Михаэл Келлнер, директори идоракунандаи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Майкл Ҳармс, намояндагони корхонаҳои пешсаф, монанди «KNAUF», «CLAAS», «Mangold Consulting», «Gunter Papenburg», «Siemens Energy», «Linde Group», «Aurubis», «FALK PORSCHE», «Меtsо», «Edison technologies», «Ernst Klett», «Siemens Healthineers», «Herrenknecht», «DB Engineering & Consulting», «Svevind Energy Group», «Rhenus», «HMS Bergbau», «Textima» ва роҳбарону вакилони бонкҳои «KfW Development Bank», «AKA Bank» иштирок карданд.
Сарвари давлатамон иштирокчиёни вохӯриро самимона пазироӣ намуда, қайд кард, ки дар шаҳри бостонии Самарқанд гузаронида шудани чорабинӣ мазмуни рамзӣ дорад. Ба музокираҳои самарабахши рӯзи гузашта баҳои баланд дода шуд.
Президентамон дар вохӯрӣ ба муҳим будани роҳандозии ҳамкории васеъ миёни соҳибкорони Олмон ва ширкатҳои бузурги Ӯзбекистон эътибори махсус дод.
Ба ин маънӣ, зарур будани коркарди ташаббусҳои нав, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар истеҳсоли масолеҳи сохтмон, металлургия, энергетика, кимиё, инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва мошинсозӣ, тиб ва дигар соҳаҳоро идома додан таъкид гардид.
— Мо вохӯрии худро дар шакли нав ташкил кардем. Аз ҷониби Ӯзбекистон намояндагони бахши хусусӣ, ки дар солҳои охир пояи худро мустаҳкам намудаанд ва шарики арзандаи тиҷорати Олмон мебошанд, иштирок мекунанд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президенти Ӯзбекистон дар охири нутқи худ ба ҳамаи иштироккунандагон дар иҷрои нақшаҳо муваффақиятҳои калон орзу намуд.
Дар навбати худ Садри аъзами федералии Олмон Олаф Шолтс ба рушди пайвастаи муносибатҳои гуногунҷанба бо кишварамон баҳои баланд дода, аҳамияти таҳкими робитаҳои мавҷудаи шарикиро таъкид намуд ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Олмонро даъват кард, ки дар татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак далерона иштирок кунанд.
Пас аз он, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Садри Аъзами Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар маросими ифтитоҳи Мактаби муштараки таълими омодасозии кадрҳои идоракунанда ширкат варзиданд.
Лоиҳа аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Агентии рушди хадамоти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳанс Зайдел ва Мактаби идоракунии давлатии Бавария амалӣ гардид.
Мақсад ва вазифаҳои асосии он баланд бардоштани салоҳияти кадрҳои роҳбарикунандаи минтақаҳои кишварамон барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва азхудкунии технологияҳои пешрафта мебошад.
Дар поёни саммити Ӯзбекистону Олмон аз ҷониби роҳбарон дар хиёбони Маркази конгресс маросими шинондани дарахтон гузаронида шуд. Ин рамзи оғози марҳилаи нави муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Олмон, таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳоямон гардид.
Садри аъзами федералии Олмон Олаф Шолтс аз Академияи байналхалқии сайёҳии Самарқанд дидан кард. Меҳмони олимақом бо шароитҳое, ки дар академия фароҳам овардаанд ва корҳои васеъмиқёс роҷеъ ба бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ дар Ӯзбекистон шинос шуд.
Бо ҳамин сафари расмии Садри аъзами федералии Олмон Олаф Шолтс ба мамлакати мо ба поён расид.
Ҳамкорӣ дар асоси боварӣ ва эҳтиром
