Бино ба маълумоти маъхазҳои таърихӣ Тошканд дар асрҳои XVI–XVII яке аз марказҳои бузурги илму фан ба шумор мерафт, ки чанд тан аз шоирони маъруфи замона барои такмили дониш ба ин ҷо омаданд ва чанд нафар шоирони соҳибистеъдод ҳам дар қаламрави он дида ба дунё кушода, дар макотиби он донишҳои нахустинро аз бар кардаанд. Дар ин қатор Дайрии Тошкандӣ (асри XVI), Собирии Тошкандӣ (ваф.1597), Шӯҳрати Оҳангаронӣ, Сомании Тошкандӣ (охирҳои асри XVI ва аввалҳои XVII), Садрии Тошкандӣ (охирҳои асри XVI ва аввалҳои асри XVII) ва боз чанд нафари дигарро ҳам метавон номбар кард, ки далели равшани ин фикрҳо мебошанд.
Содиқии Тошкандӣ низ яке аз чунин шоирон ба ҳисоб меравад, ки дар нимаи дуюми асри XVI дар Тошканд таваллуд шуда, таҳсили ибтидоиро бо эҳтимоли зиёд дар ҳамон ҷо гирифтааст. Бо такя ба маълумоти профессор Садрӣ Саъдиев, ки дар тазкира-тадқиқоти худ «Самарқанд адабий муҳити тарих кӯзгусида» («Муҳити адабии Самарқанд дар оинаи таърих») овардааст, Содиқӣ баъди таҳсили ибтидоӣ ба Самарқанд рафта, дар он ҷо дониши худро вусъат додааст. Муҳаққиқ дар ин бора чунин мегӯяд: “…дар Самарқанд гузаштани давоми ҳаёти шоир ва умуман дар ана ҳамин муҳити адабии Мовароуннаҳр таҳсил гирифта, ба камол расидани дигар шоирони тошкандиро ба инобат гирифта, тасдиқ карда метавонем, ки ӯ ҳам дар ҳамин маркази илмӣ-адабӣ таҳсил гирифта, тамоми фаъолияти эҷодии худро дар ҳамин ҷо гузаронидааст” («Муҳити адабии Самарқанд дар оинаи таърих», саҳифаи 232). Албатта, олим барои ба ин хулоса омадан асосҳои кофӣ дорад ва яке аз асосҳо дар он давру замонҳо ҳамчун маркази илму фан дар Мовароуннаҳр ва вилоятҳои гирду атрофи он шӯҳрат доштани Самарқанд ва аз ҳар гӯшаву канори даҳр барои донишандӯзӣ ҷамъ омадани шоирони ҷавон мебошад.
Содиқӣ пас аз илмҳои замонаро ба хубӣ аз худ кардан, дар ҷодаи тасаввуф қадамҳои устувор гузошта, ба дараҷаи мавлавият расидааст. Муддате ба сафар баромада, баъзе кишварҳоро сайр карда, ба мулозимати якчанд шахсони бузурги ҳамон давр даст ёфтааст. Сипас, дубора ба Самарқанд баргашта, истиқомати доимӣ ихтиёр намудааст. Тибқи маълумоти «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мутрибии Самарқандӣ соли 1604 дар Самарқанд, дар наздикии Ҳавзи Сангин сукунат доштааст.
Ҳоло ягона манбае, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Содиқии Тошкандӣ маълумот медиҳад, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мутрибии Самарқандӣ ба шумор меравад. Маълумоти муаллифи ин тазкира хеле кам ва мухтасар аст. Ҳарчанд, дар тадқиқоти Садрӣ Саъдиев «Муҳити адабии Самарқанд дар оинаи таърих» низ дар бораи Содиқӣ сухан меравад, вале аз сабаби он, ки муаллиф ҳам ба маълумоти тазкираи Мутрибӣ такя кардааст, дар бораи шоир маълумоти тозае наёвардааст. Вале хулосаву фикрҳои Саъдиев дар бораи Содиқӣ қобили қабул буда, аҳамияти зиёд доранд.
Дар тазкираи С.Саъдиев, ки дар бораи муҳити адабии Самарқанд аст ва танҳо шоирони самарқандиро муаррифӣ менамояд, оварда шудани маълумот дар бораи Содиқӣ ду масъаларо рӯшан мекунад: якум, ин маънои онро дорад, ки Содиқӣ дар муҳити адабии Самарқанд ба камол расидааст ва дар ҳамин муҳит тарбият ёфтааст; дуюм, ӯ то андозае ба рушду такомули ин муҳити адабӣ саҳм ва ҳисса гузоштааст, ки олим ӯро шартан ҳамчун намояндаи баробарҳуқуқи муҳити адабии Самарқанд дар қатори шоирони самарқандӣ зикр намудааст. Яъне, Содиқии Тошкандӣ аз ҷумлаи шоиронест, ки ҳам ба муҳити адабии Самарқанд ва ҳам ба муҳити адабии Тошканд шомил гардида, аз ҳар ду муҳит манфиати маънавӣ бурдааст.
Мутрибӣ дар тазкираи худ дар бораи Содиқӣ чунин менависад: «Ба сурат некӯ ва ба сират дилҷӯ менамояд. Муддате сайри билоду амсор намуда, ба сӯҳбати амоҷид (бузургон) расида, аз хирмани ифзоли эшон хӯша чида, ба мазмуни ҳадиси «Ман талаба шайъан ва ҳадда ваҷада» (Касе, ки чизеро талаб кунад ва кӯшиш намояд, ба он ноил мегардад) он чи мақсуди диниву дунявӣ буд, ёфта ва ҳоло, ки шуҳури санаи салоса ва ашара ва алфа (1013 ҳиҷрӣ/1604 милодӣ) аст, дар Самарқанд қариб ба кӯи Ҳавзи Сангин ташриф дорад. Табъаш аҷоиб санҷида ва гуфтораш писандида аст.» (Мутрибии Самарқандӣ. «Тазкирату-ш-шуаро». Хуҷанд-«Хуросон», 2021, — 465). Ба далели он, ки Мутрибӣ Содиқиро «Ба сурат некӯ ва ба сират дилҷӯ» мегӯяд, ба хулосае омадан мумкин аст, ки онҳо бо ҳам вохӯрдаанд ва то андозае мулоқот кардаанд, ки Мутрибӣ аз сирати ӯ огоҳ гардидааст. Ғайр аз ин, дар радифи шуарое, ки Мутрибӣ онҳоро бо чашм дидааст, қарор доштани Содиқӣ низ ин фикрро тақвият мебахшад.
Мутрибӣ дар тазкираи худ аз ашъори Содиқӣ танҳо як ғазалро намуна овардааст. Содиқӣ ғазалро, шояд айнан барои дар тазкира ҷой гирифтан бошад, шахсан худаш ба Мутрибӣ фиристода будааст:
Боз дар мулки дилам ҷо кард султони ҳавас,
Сар ба сар маъмураи ғам гашт вайрони ҳавас.
Шоҳиди хоҳиш, ки пинҳон буд дар домони сабр,
Сар бурун овард охир аз гиребони ҳавас.
Меравад, гӯӣ, дилам ҳар лаҳза аз ҳоле ба ҳол
Зери чавгони сари зулфат ба майдони ҳавас.
Чанд, эй дил, андар ин дайри фано чун гирдбод
Ҳар тараф саргашта бошӣ дар биёбони ҳавас?
Содиқӣ, хори ғами ҷонон зи дил берун макун,
Чун гули шодӣ намерӯяд зи бӯстони ҳавас.
Ҳарчанд, ғайр аз ин ғазал дигар намунае аз эҷоди Содиқӣ дастрас нест, вале аз худи ҳамин як ғазал ҳам метавон каме ҳам бошад қудрати шоирии Содиқиро баҳо дод ва роҷеъ ба услубу сабки осораш баъзе натиҷагириҳо кард. Баёни нафису бофасоҳат, тасвирҳои ҷаззобу рангин, истифодаи моҳиронаи санъатҳои бадеӣ ва хусусан радифи наву ноодатӣ аз ҳунари волои шоир шаҳодат медиҳанд, ки қобили таҳсин аст. Қариб дар ҳамаи мисраъҳо санъатҳои маънавӣ ба монанди ташбеҳ, ташхис, маҷоз, киноя, истиора, тазод ва ғайра истифода шуда, ҳолатҳое, ки дар ҳар як байт акс ёфтаанд, ба пардаи маҷоз кашида шудаанд. Ин, албатта, исботи тахайюли зариф ва маҳорати баланди шоир мебошад. Вале бояд тазаккур дод, ки дар ғазал тасвирҳои кӯҳнаву забонзадшуда ҳам истифода шудаанд, ки нисбат ба ҳунару маҳорати поэтикии қавии шоир хонандаро ба шаку шубҳа меангезанд. Масалан, тасвири «майдони чавгонбозиву гӯй», ё «саргашта чун гирдбод будан» аз тасвирҳои кӯҳнаи осори бадеӣ аст.
Ғазал дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф навишта шуда, вазнаш фоилотун/фоилотун/фоилотун/фоилун — v — — / — v — — / — v — — / — v — мебошад.
Маънои мухтасари ғазал чунин аст: Боз мулки дили маро султони ҳавас забт ва онро, ки аз ғам маъмур буд, барбод доду вайронаи худ кард, яъне аввал дар дилам ғам доштам, ҳоло бошад ҳавасҳои пучу холӣ дорам. Пештар сабр мекардам ва хоҳишҳои диламро ошкор намекардам, вале дар дилам ҳавас пайдо шуду беихтиёр онҳоро ошкор кардам. Ҳоли дилам дар ҳаваси зулфи ту, ки мисли чавгон аст, ҳар лаҳза аз ҳоле ба ҳоле тағйир меёбад. Дар мисраи «Меравад, гӯӣ, дилам ҳар лаҳза аз ҳоле ба ҳол» шоир суханбозӣ кардааст ва вожаи «гӯӣ» ба ду маъно омадааст, ки яке «гӯй» — тӯби чавгонбозӣ аст, дигаре «гӯӣ» — яъне «гӯё ки». Муроди шоир дар мисраъ таъбири дуюми ин вожа мебошад.
Мазмуни мисраъҳои баъдии ғазал: Эй дил, дар ин дунёи гузарандаву фаношаванда боз чӣ қадар аз қафои ҳавасҳои беасос чун гирдбод мегардӣ ва дар биёбони ҳавас, яъне дар меҳвари ҳавасҳои худ саргашта мешавӣ? Содиқӣ, дар ҳаваси лутфи ҷонон нашав, ки имконнопазир аст ва хори ғами ӯро аз дил берун макун, яъне беҳтараш бо ғами ӯ қаноат кунӣ, вагарна аз ғамаш ҳам мосиво хоҳӣ шуд. Чун дар бӯстони ҳавас ҳеҷ гоҳ гули шодиву хурсандӣ намерӯяд.
Ғазал ба маънои ишқи заминӣ таровад ҳам, ишораҳое чун сабр кардан, ошкор накардани хоҳиш, дарк ва эътирофи дунёи фонӣ майлони шоирро ба мазмуни ишқи илоҳӣ мекашанд. Ғайр аз ин, шеъри шоире чун Содиқиро, ки ба дараҷаи мавлавият расидааст, дигар хел фаҳмидан ҳам нодуруст аст.
Мутрибӣ дар зери ин ғазал «Ва ин камина густохӣ намуда, ғазали мазкурро чунин татаббуъ намуда» гуфта, ғазали дар пайравии ин ғазали Содиқӣ навиштаи худро меоварад. Аз он ҷое, ки Мутрибӣ ин пайравии худро густохӣ меҳисобад, маълум мешавад, ки ба Содиқӣ эҳтироми баланд дошт ва ӯро аз худ тавонотар меҳисобид. Дар зер ғазали Мутрибӣ низ барои муқоиса ва муайян намудани ҳунари эҷодии ҳар ду шоир оварда мешавад:
Боз дил сар мекашад аз хатти фармони ҳавас,
Дасти сабрам пора месозад гиребони ҳавас.
Тар намегардад ба олам домани андешаам,
Солҳо ояд агар аз чарх борони ҳавас.
Гар шавад аз сӯзани алмос сад раҳ тезтар,
Кай халад дар пойи ман хори биёбони ҳавас.
Баъд аз ин, эй орзу, аз арсаи дил гӯша гир,
Чун дар ин дашти бало танг аст майдони ҳавас.
Мутрибӣ, тарки ҳавас ночор бинмуд, эй рафиқ,
Чунки дасташ кард кӯтоҳӣ зи домони ҳавас.
Ҳарчанд ҳар ду ғазал ҳам бетафовут менамоянд, дар як вазн ва қофияву радиф қарор доранд, аммо мазмунан ба ду тараф ишора менамоянд. Дар ғазали Мутрибӣ матлаб ҳамон «ҳавас» боқӣ монда бошад ҳам, мақсадгурезӣ ба назар мерасад. Яъне, Содиқӣ ба «ҳавас» аз дигар ҷониб назар кардаасту Мутрибӣ аз ҷониби дигар. Мисол, Содиқӣ худро дар назди ҳавас оҷиз мепиндорад ва худро мутеъи ӯ медонад, ҳавас ӯро ба кадом сӯе кашад, аз қафои он роҳӣ мешавад. Вале, дар ғазали Мутрибӣ ошиқ ин гуна нест. Ӯ қодир аст ҳавасро ҷилав гирад, аз хатти он берун ояд ва сабрро бар сари ӯ ғолиб созад.
Ҷиҳати дигар ғазали Содиқӣ ба ишқ бахшида шуда, дар ҳамаи байтҳо ин мавзӯ эҳсос мешавад ва ӯ «ҳавас» гуфта, танҳо ҳаваси ишқиро дар назар дорад. Мутрибӣ бошад, вожаи ҳавасро ба маънии томаш гирифтааст ва ба ишқ умуман таваҷҷӯҳи алоҳида нишон надодааст.
Ғазали Мутрибӣ аз ҷиҳати тасвирҳои тоза аз ғазали Содиқӣ каме бартарӣ дорад. Ашёҳои мавриди истифодаи Мутрибӣ нав ва камистеъмолтаранд. Мисол, мазмуни байти болоӣ: «Аз чарх боридани борони ҳавас»-у «тар нагардидани андешаи шоир аз ин борон» аз бозёфтҳои тозаи шоиронаи Содиқист, ки онҳоро ба қадр бояд шинохт.
Хулоса, Содиқии Тошкандӣ аз зумраи шоирони маъруф ва тавонои замонӣ худ будааст, ки ба муҳити фарҳангии ҳам Тошканд ва ҳам Самарқанд ҳисса гузоштааст.
Ҳ.СОДИҚОВ
