Ovozi.uz

Андешаҳо

Обрӯ

Обрӯю мартабаи Инсонро як замоне аз рӯи донишу фаросат ва ҷаҳонбиниаш муайян менамуданд, ҳозир аз рӯи пулу мансабу сару либосаш.

Лекин дарк намекунанд, ки пулу мансабу сару либос чун борони баҳор даргузару бебақост.

Умри дароз

Умри дароз барои Инсон мукофот нест, балки ҷазо аст. Баъде, ки шумо корношоям мешавед, он тарафаш ҳама ҷазо аст.

Худоё, худат моро аз ҷазо эмин бидор!

Хатою иштибоҳ

Шояд дар ҳамаи касбу кор донистаю надониста ба хатою иштибоҳҳо роҳ додан мумкин будагист. Шояд…

Лекин духтурон ба хатою иштибоҳ ҳаққу ҳуқуқ надоранд, чунки гап дар бораи ҳаёту мамоти Инсон меравад.

Қиблагоҳ

Худ падар гаштам, вале дар назди падарам ҳанӯз ҳам кӯдаки нодону соддаам.

Дар навбати худ падарам дар назди падараш, яъне бобоям ҷавони навхате метофтааст.

Ҳамаи мо дар назди қиблагоҳи худ кӯдаки нодону фориғболем, ки ба панду насиҳат мӯҳтоҷем.

Либос

Либоси хушдӯхти зебо ба ҳама мезебад, лекин онро на ҳама саришта карда метавонад.

Дар зиндагӣ «абрӯ мемонам» гуфта, кӯр шудагон ҳам кам нестанд.

Сареву савдое

Намуди рӯйро бо ёрдами гримёрҳо дигаргун намудан мумкин, исму насаби шарифатонро бо хоҳиши худ иваз намуданатон мумкин. Баъзеҳо динашонро иваз менамоянд! Сареву савдое…

Лекин умри гузаштаро ҳеҷ вақт дигаргун наметавон кард.

Шайтон

Чӣ хеле, ки деву парию аҷинаҳо ҳамчун предметҳои абстрактмаъно вуҷуд надоранд, шайтон ҳам вуҷуд надорад.

Аммо баъзе одамон дар либоси шайтонӣ корҳои аблаҳонае мекунанд. Ҳатто, ки ҳар рӯзу ҳар соат… Ана ҳамон шайтонҳо ҳамеша аз об хушк мебароянд!

Худоё! Худат моро аз шайтонӣ нигаҳ бидор!

Танҳоӣ

Дар кӯчаҳои пурҳавлу бимнок танҳо гаштан мумкин, дар мамлакати бегона яккаю танҳо зиндагонӣ кардан мумкин, дар майдони тӯҳмату балво танҳо мондан мумкин аст.

Агар сабру бардошт кунем, дар дигар ҳолатҳо низ танҳоиро метавонем паси сар кунем.

Аммо Худо гӯед, ки дар зиндагӣ танҳо намонем.

Имконият

Имконият ба ҳама кор, ба ҳама кас мавҷуд аст. Фақат аз он самаранок истифода бурда тавонистан лозим.

«Наметавонам», «вақт надорам» барин баҳонаҳо мақоли «дили нохоҳам — узри бисёр»-ро ба хотир меорад.

Солеҳ Саид Мурод