Муҳаррама Пирматова
Рӯзҳои 25-26-уми сентябри соли равон дар Самарқанд таҳти шиори «Офаридани инфрасохтори барқарор барои ҳама» ҷамъомади солонаи Шӯрои мудирони Бонки инвеститсияҳои инфрасохтории Осиё (БИИО) баргузор мегардад. Ба ҳамин муносибат дар пойтахи кишварамон ҷараёни омодагӣ ба ин анҷуман таҳлил карда шуд. Дар чорабиние, ки масъулони мамлакати мо ва намояндагони БИИО иштирок карданд, зикр гардид, ки даровардани инвеститсия ба инфрасохтори барқарор дар рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
— Мизбонии ин чорабинӣ, ки бори нахуст дар Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад, ба Ӯзбекистон, ба шаҳри Самарқанд супурда шуд, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини вазири инвеститсияҳо, саноат ва савдо Шоҳрух Ғуломов. — Ба ҳама маълум аст, ки ин шаҳри бузург дар тӯли қарнҳо чорроҳаи Роҳи бузурги абрешимро офарида, миёни қитъаҳо ҳамчун маркази савдо, иқтисодиёт, маданият, илму техник шинохта шудааст. Ифтихор дорем, ки анҷуман майдони мулоқоти фаол миёни тараққиётҳои гуногун пайдо мекунад. Барои ҳар як нафаре, ки вобастаи самтҳои устувори кишвар аст, мавзӯи сохтани инфрасохтори барқарор муҳим ҳисобида мешавад. Муҳимтар аз ҳама, ҷумҳурии мо дар нигоҳ доштани алоқаҳои минтақавии ҳамаи ҳудудҳои Оисёи Марказӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ мақоми стратегии муҳимро соҳиб аст.
Дар анҷумани «Офаридани инфрасохтори барқарор барои ҳама», ки Самарқанд мизбонӣ мекунад, сессияҳо ва мулоқотҳои дуҷониба гузаронида шуда, дар онҳо якқатор лоиҳаҳо баррасӣ мегарданд.
— БИИО на ттанҳо рушди иқтисодиро, балки ба дастгирии лоиҳаҳои инфрасохторие, ки зиндагии некӯаҳволии аҳолиро таъмин менамоянд, кӯшиш мекунад, — гуфт ноиби президент ва котиби корпоративии БИИО Лудгер Шукнехт. — Фаъолияти дар Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кардаи мо тасдиқи ҳамин масъулият мебошад. Умед дорем, ки нақшаҳои мо ба воситаи анҷумани Самарқанд боз ҳам васеътар мешаванд.
Дар Самарқанд боз як анҷумани байналмилалӣ баргузор мешавад
