Ovozi.uz

Дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ ба партияҳо шароити баробар фароҳам оварда мешавад

Дар маҷлиси навбатии комиссияи интихоботии минтақавии вилояти Самарқанд масъалаи ташвиқоти пешазинтихоботии партияҳои сиёсӣ ва номзадҳои намояндагӣ баррасӣ гардид.
Раиси комиссия Х.Муҳаммадиев таъкид намуд, ки дар маҷлиси Комиссияи интихоботии марказӣ қарор «Дар бораи ташвиқоти пешазинитихоботии дар даври кампанияи интихоботи номзадҳои партияҳои сиёсӣ ва намояндагӣ, ки дар интихоботи намояндагони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шӯроҳои маҳаллӣ иштирок мекунанд» қабул гардид ва дар он вазифаҳои комиссия дар ташкил ва гузаронидани ҷараёни мазкур муайян карда шуданд.
— Дар қарор оғози ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз 22-юми сентябри соли 2024 нишон дода шудааст, — гуфт Х.Муҳаммадиев. — Дар даври ташвиқоти пешазинтихоботӣ талаботи низоми дар бораи тартиби бурдани ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба намояндагии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯроҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии намояндагони халқ ва партияҳои сиёсӣ, ки дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот 2-юми июли соли 2024 тасдиқ гардидааст, бояд пурра риоя шавад. Барои номзадҳои партияҳои сиёсӣ ва намояндагӣ барои истифода дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз воситаҳои ахбори оммавии давлатӣ вақти ройгони эфир майдони ройгони нашр ҷудо карда мешавад. Аз ҷумла, дар телевидения ва радиои вилоят барои ҳар як партияи сиёсӣ 150 дақиқа эфир, дар рӯзномаҳои вилоятии “Зарафшон”, “Самаркандский вестник” ва “Овози Самарқанд” 2,5 саҳифа дода мешавад. Воситаҳои ахбори оммавӣ дар доираи вақти эфир ва майдони нашри ройгон ба номзадҳои партияҳои сиёсӣ ва намояндагӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда, дар барномаҳои навгониҳо ва дар дигар маводҳои ахборӣ дар рӯнамоии чорабиниҳои пешазинтихоботӣ бояд ба принсипи баробарӣ риоя намоянд. Маркази матбуотии Комиссияи интихоботии минтақавӣ дар ҳамкорӣ бо садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ мониторинги ташвиқоти пешазинтихоботиро ташкил ва оид ба ин ҳар рӯз ба комиссияи интихобти минтақавӣ маълумот тақдим мекунад.