Ovozi.uz

Хоҳишмандони ҳаёти сабз ва мусаффо, ояндаи солим тарафдори мо ҳастанд!

Дар Форуми V Ҳизби экологии Ӯзбекистон, ки ба қарибӣ баргузор гардид, Барномаи пешазинтихоботии онро тасдиқ карданд. Дар Платформаи барномавии мазкури ҳизби мо, ки барои панҷсолаи оянда пешбинӣ шудааст, бунёди муҳити атрофи мусоид барои авлоди имрӯза ва оянда, гузаштан ба иқтисодиёти сабз, ки бехавф ва босамар аст, хулоса, самтҳои устувори барпо намудани ҳаёти сабз ва мусаффо ифодаи худро ёфтааст.
Ҳизби мо зери шиори «Барои табиат муттаҳид шавем» нисбати ҳизбҳои дигар ташаббусҳои аниқ ва реалиро ба миён мегузорад.
Якум: Рӯёб намудани ҳуқуқҳои аҳолӣ барои соҳиби муҳити атрофи мусоид шудан.
Ҳизби мо пешниҳод мекунад, ки дар қонун механизми дар шаҳрҳо ба тартиби ҳатмӣ аз муҳокимаи ҷамоатчигӣ гузарондани сохтмони бино ва хонаҳои бисёр квартирадор аниқ муайян карда шавад.
Мо мебинем, ки дар шаҳрҳоямон майдонҳои сабз ва дарахтҳо кам ва ин сабаби эътирози ҳаққонии ҷамоатчигӣ мешавад. Мисол, дар айни ҳол атрофи беш аз ҳазорто объектҳои сохтмонро печонда гирифта дар онҳо қисмати наздик ба 50 ҳазорто дарахт зери хавф мондааст.
Мо дар назди худ мақсад гузоштаем, ки то соли 2030 дар шаҳрҳои калон ҳиссаи мусофирони бо велосипед ҳаракаткунандаро ба 20 дарсад расонем. Инчунин, таклиф мекунем, ки дар роҳҳоямон барои ҳаракати велосипед инфрасохтор бунёд карда, аз ҳисоби қисми роҳи автомобилӣ барои ҳаракат дар скутер ва велосипедҳо пайроҳаҳои алоҳида ташкил кунанд. Барои зиёд кардани самарадории энергияи биноҳо аввало дар ҷараёни таҳияи лоиҳа ба онҳо гузоштани талабҳои аниқ лозим аст. Бинобар ин пешниҳод карда мешавад, ки то тасдиқ шудани сарнақшаи ноҳия (шаҳр)-ҳо корҳои сохтмонро боздоранд.
Аз барномаи пешазинтихоботии мо таклифи дар ҳамаи вилоятҳо таҳияи кадастри майдони сабз ва дарахтзорҳои «сабз» ҷой гирифтааст. Яъне, дар ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ аниқ муайян намудани ҳуқуқи соҳибӣ ба майдонҳои сабз ва дарахтзорҳо, бо роҳи пурра рақамӣ кардани дарахтҳои ба бунёди давлатии ҷангал дохил нашудаи ҷумҳурӣ аз рӯйхат гузарондани онҳо зарур аст.
Дуюм: Таъмини бехавфии экологӣ ва барпо намудани иқтисодиёте, ки ба ривоҷёбии барқарори экологӣ асос ёфтааст.
Дар Барномаи пешазинтихоботии мо пешбинӣ шудааст, ки то соли 2035 саноати автомобилсозии мамлакатамон пурра ба истеҳсоли электромобил ихтисосонида шавад. Инчунин, таклифҳоямон ба поекздҳои замонавии зудрав иваз намудани поездҳои мусофиркаш ва мақбулнамоии нархи роҳкиро, модернизатсия кардани роҳи оҳан ва васеъ кардани он, гузарондани кашондани бор аз мошинҳои бузурги боркаш ба роҳи оҳан ва навъи нақлиёти дигар, ки ба муҳити атроф камтар таъсир мерасонанд, дар таъмини бехавфии экологӣ дар мамлакатамон, бешубҳа қадами муҳим мешавад.
Барои ин бунёди инфрасохтори зарурӣ, ривоҷдиҳии нақлиёти ҷамоатӣ аз ҳисоби электробусҳо, ба соҳибкорон ҷудо кардани майдонҳои замин барои сохтмони стансияҳои ба электробусҳо заряддиҳанда зарур аст, албатта.
Ҳизби мо ташаббусҳои гузаштан ба иқтисодиёти «сабз» ва дастгирии онро ба миён гузошта, имрӯз барои ҳалли муаммоҳои ин самт ба барномаи худ пешниҳодҳои аниқро дохил кард.
Аз ҷумла, як қатор ташаббусҳои муҳим барои аз андози арзиши иловагӣ (ААИ) озод кардани субъектҳои соҳибкорӣ, ки маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мекунанд, бо мақсади зиёд кардани ҷозибадории сармоягузорӣ ҷорӣ намудани барномаи «Визаи сабз» («Green Visa»), роҳандозии молиягузории иқлимӣ (climate finance), ки ба мос шудан ба тағйироти иқлим ва кам кардани оқибатҳои он нигаронида шудааст, дар роҳандозӣ кардани инноватсияҳои «сабз» дастгирӣ намудани сармоягузорони хусусӣ, васеъ кардани шарикии давлат — хусусӣ ва ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молия, барои ривоҷдиҳии иқтисодиёти «сабз» ва рақамӣ ташкил намудани бунёди сармоягузорӣ, инчунин аз ҷиҳати технологӣ модернизатсия кардани корхонаҳои калони саноатӣ ва дар онҳо бо суръат ҷорӣ кардан, гузоштани технологияҳои «сабз», таъмини ривоҷдиҳии «сабз» ва кам углероддори саноат ба пеш гузошта шудаанд.
Сеюм: Таъмини бехавфии энергетика ва такмил додани энергияи барқароршаванда.
Дар ин самти Барномаи пешазинтихоботиамон ташаббусҳое чун роҷеъ ба 25 дарсад кам кардани ҳиссаи энергияе, ки аз ҳисоби зарар расонидан ба муҳити атроф гирифта мешавад, ба воситаи дар саноат роҳандозӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи энергия 50 дарсад кам кардани сарфи энергия, то соли 2023 дар баланси энергия камаш ду маротиба зиёд намудани ҳиссаи манбаъҳои энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршаванда, таҳияи «Стратегияи энергетикаи сабз», ки ба ривоҷдиҳии манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва қабул кардани он нигаронида шудаанд, дохил гардиданд.
Ғайр аз ин, дар базаи полигонҳои партови атрофи шаҳрҳои калон сохтани стансияҳои барқие, ки ба андозаҳои байналмилалӣ мусоид меоянд, истеҳсоли биоангишт ва истифодаи босамар аз потенсиали энергияи партовҳо, барҳам додани таъминоти бофосилаи қувваи барқ ва пурзӯр кардани чораҳои бо энергияи арзон таъмин намудани аҳолӣ эътибори алоҳида нигаронида шудааст. Ташаббусҳои ҷорӣ, аз қабили ҷорӣ намудани имтиёзҳои гумрукӣ барои воридоти технологияҳои манбаи барқароршавандаи энергия, аз қабили гидроген ва биогаз ба кишвари мо низ як қисми барномаи мо мебошанд. Ҳизби мо ҳадаф дорад, ки барномае қабул кунад, ки то соли 2050 60–80 дарсади системаи гармидиҳии хонаҳо бо манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаро гирифта шавад.
Чорум: Истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳифзи муҳити зист.
Ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ яке аз афзалиятҳои муҳимтарини бунёди давлати муосир ва тавоно мебошад.
Пеш аз ҳама, ба мақсади сохтмон фурӯхтани майдонҳои дарахтзорҳо бо қонун манъ карда, кӯчонидани дарахтони 10‑сола комилан маҳдуд карда, дар мавридҳои зарурӣ аз соҳибкороне, ки ба мақсади бинокорӣ дарахтҳоро ғайриқонунӣ мебуранд, тартиби бекор кардани ҳуқуқи замин ҷорӣ карда шавад.
Панҷум: Суръат бахшидан ба ислоҳот дар соҳаи истифодаи захираҳои замин ва об ва таъмини амнияти озуқаворӣ.
Андешаҳои ҳизб дар бораи дар тамғаҳои маҳсулот дақиқ нишон додани маълумот дар бораи миқдори маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар ин самт ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, ки маҳсулоти органикӣ истеҳсол мекунанд, қобили таваҷҷӯҳ аст.
Танзими ҳуқуқи ба таври возеҳ нишон додани миқдори маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар тамғакоғазҳои маҳсулот ба истеҳсолкунандагони ба қайд гирифташуда тавассути системаи ихтиёрии сертификатсия, дар баробари таъмини амнияти истеъмолкунандагон, инчунин ба истеҳсолкунанда имкон медиҳад, ки бозори савдоро васеъ намояд.
Ҷорӣ намудани механизмҳои дақиқи ҳуқуқии дастгирии истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти органикӣ муҳим аст.
Имрӯзҳо барои аз нав истифода бурдани заминҳои бекорхобида чораҳо дидан ниҳоят муҳим аст. Мо пешниҳод менамоем, ки технологияҳои инноватсионӣ, аз қабили «No-­TiLL» (коркарди ҳадди ақали замин), ки аз ҷиҳати захиравӣ ва энергетикӣ каммасраф, аз ҷиҳати экологӣ тоза, самараноктар истифода бурдани заминҳои обёришаванда, омода намудани замин барои кишти зироатҳои кишоварзӣ мавриди истифода қарор гиранд.
Ҳизби мо пешниҳод мекунад, ки барномаи самаранок истифода бурдани оби борон тартиб дода, дар минтақаҳо бо истифода аз оби борон майдонҳои хурди сабз ва боғҳо бунёд карда, имкони ҷамъоварии оби барфу сел комилан аз нав дида баромада шавад. Аз соли 2025 мо мехоҳем тартиби ҷамъоварии оби боронро дар хонаҳо, биноҳо ва иншооти масоҳати сохтмонаш зиёда аз 500 м2 ҷорӣ кунем.
Шашум: Баланд бардоштани самаранокии ислоҳот дар соҳаи идоракунии давлат ва ҷомеа, ҳокимияти судӣ ва қонунгузорӣ.
Дар баробари ин ба баланд бардоштани сифати ёрии тахассусии ҳуқуқӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ, тайёр намудани кадрҳои эколог-­ҳуқуқшинос эҳтиёҷоти зиёд ба миён меояд. Судҳои махсусгардонидашуда оид ба баррасии ҳуқуқшиканиҳо ва корҳои ҷиноятӣ роҷеъ ба экологӣ ташкил карда нашудаанд. Мо чунин мешуморем, ки вақти он расидааст, ки дар ин бобат чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Ҳизби мо пешниҳод мекунад, ки танзими бехатарии ҳаракат аз ҳуҷҷатҳои зериқонунӣ ба танзим дар асоси қонун гузаронида шавад.
Бо мақсади ҳифзи ҷавонони мо аз бемориҳои гуногуни манфӣ ва таъмини саломатии онҳо пешниҳод мешавад, ки аз соли 2030 фурӯши маҳсулоти тамоку ба шахсони аз 1‑уми январи соли 2009 таваллудшуда ва бо назардошти таъсири манфии нӯшокиҳои энергетикӣ ба саломатӣ, фурӯши нӯшокиҳои энергетикӣ ба шахсони то 21‑сола манъ карда шавад.
Ҳафтум: Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ ва рафъи оқибатҳои хушкшавии баҳри Арал.
Дар барномаи интихоботии мо вазифаҳое аз қабили ҳифзи гуногунии биологии ҳудудҳои Оролбӯйи, коҳиш додани тағйири иқлим, ҷалби созмонҳои молиявии байналмилалӣ ба лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки ҷиҳати пешгирии биёбоншавӣ, пешгирии болоравии тӯфонҳои рег ва ҷилавгирӣ аз таназзули чарогоҳҳо тавассути шинондани растаниҳои ба биёбон мувофиқ дар минтақаи чӯли Қизилқум фаро гирифта шудаанд.
Ҳаштум: Инкишофи сиёсати беруна ва ҳамкории байналхалқӣ.
Мо метавонем тавассути таъсиси «Иттиҳоди экологии Осиёи Марказӣ» ба ҳифзи захираҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ ноил шавем. Барои эҷоди инфрасохтори устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ бо кишварҳои ҳамсоя таъсис додани захираҳои муваққатии энергетикӣ, ҷорӣ намудани низоми мубодилаи мутақобилаи захираҳои энергетикӣ дар ҳолатҳои фавқулодда аҳамияти таъхирнопазир дорад. Ҳифзи роҳҳои муҳоҷирати ҳайвонот дар ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсоя, бунёди мамнӯъгоҳҳо дар роҳҳои муҳоҷират барои саршумори ҳайвоноти нодир хеле муҳим аст.
Ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд зиндагии сабзу покиза ва ояндаи солим дошта бошанд, дар интихоботи қарибулвуқӯъ ҷонибдори мо ҳастанд!
Ба тарафдории Ҳизби экологии Ӯзбекистон, номзадҳое, ки аз ҷониби ҳизби мо пешбарӣ шудаанд, овоз диҳед!

Ойбек РАҲИМОВ,
ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои Марказии Ҳизби экологии Ӯзбекистон