Ovozi.uz

Мақсади нек — таъмини самарадории иҷтимоии ислоҳоти иқтисодӣ

Ҳуқуқҳо, баробарии имкониятҳо, талош барои некӯаҳволии ҳар як инсон меъёрҳои муҳим ва афзалиятноки рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошанд.
Дар шароити ниҳоят хавфнок ва мураккабе, ки дар ҷаҳон ҳукмфармост, арзиш ва аҳамияти ин масъала боз ҳам афзуд. Аз ин рӯ, нобаробарии иҷтимоӣ, ба вуҷуд омадани тафовут дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ дар ҷараёни тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ муаммоҳои муайянеро ба амал оварда метавонад.
Давлат барои рушди устувори иқтисодиёт бояд адолати иҷтимоиро таъмин намояд, ба ибораи дигар, миқёси васеъ ва пайвастагии механизмҳои ҳифзи иҷтимоиро кафолат диҳад.
Дар ин маврид бояд таъкид намуд, ки Ӯзбекистони Нав имрӯз дар минбарҳои ҷаҳонӣ ҳамчун давлати иҷтимоие, ки барои ҳар як шаҳрванди худ ғамхорӣ мекунад, эътироф карда мешавад. Аз ҷумла, додани таваҷҷӯҳи хоса ба соҳаҳои таълиму тиб, ки ба давлати иҷтимоӣ мувофиқ аст, махсусан дар ҳашт соли охир татбиқи тағйироти ҷиддие дар ин соҳаҳо самараи худро дод. Масалан, то моҳи январи соли ҷорӣ дар мамлакатамон дараҷаи бо таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани бачагони 3–7‑сола ба 74 дарсад расид. Нишондоди фаро гирифтани ҷавонон ба таълими олӣ аз 9 дарсад ба 42 дарсад афзуд.
Ислоҳоте, ки дар система бо мақсади ба аҳолӣ наздик кардани хизматрасонии ихтисосонида ва босифати тиббӣ анҷом дода мешавад, рости гап, каме мушкил бошад ҳам, тадриҷан пешравиҳоро нишон дода истодааст.
Ба ин маънӣ, Ҳизби халқии демократӣ байни партияҳои сиёсии дигар ба баланд бардоштани самаранокии иҷтимоии иқтисоди бозаргонӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт пешниҳодҳои возеҳ, ҳаётӣ ва оммавиро дар барномаи пешазинтихоботӣ ворид кардааст. Ин ба мақсади дар ислоҳот татбиқ намудани ғояҳои инсондӯстӣ ва баробарҳуқуқӣ, дар асоси тамоюли «инсон — ҷамъият — давлат» аз ҳама чиз боло гузоштани қадри инсон вобаста аст.
Нақш ва иштироки фаъолонаи давлат муҳим аст
Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон бо назардошти суботи иҷтимоӣ рушди иқтисодиётро муҳим мешуморад.
Вале мо ғояи ба таври куллӣ кам кардани иштироки давлат дар иқтисодиёт, зиёд кардани ҳиссаи сектори хусусӣ тавассути хусусигардонии моликияти давлатӣ, ба тамоюлҳои бозор гузарондани истеҳсолоти монополистӣ, ки дар барномаи Пешазинтихоботии Ҳизби либералӣ-­демократӣ — рақиби асосии сиёсии мо пешбарӣ шудааст, ба мавқеамон комилан мухолиф меҳисобем. Ба фикри мо, иштироки давлат дар иқтисодиёт зарур аст, давлат набояд аз танзим ва ташаббус даст кашад.
Ғайр аз ин, тамоми моликияти давлатиро хусусӣ кардан хато мешавад. Масалан, ба ихтиёри сармоягузорони хориҷӣ ва ё як гурӯҳ шахсон супурдани корхонаву заводҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим боиси оқибатҳои салбӣ мегардад. Мо фикр мекунем, ки ин ба салоҳияти идораи давлат ва механизми танзими ҳаёти иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Инчунин, иштироки фаъолонаи давлат дар иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ дар таъмини амнияти иқтисодӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ нақши муҳим дорад. Хусусан, назорати давлатӣ бар бахшҳои муҳими стратегӣ, аз қабили саноати энергетика, нақлиёт ва мудофиа аз зери назорати манофеи хориҷӣ ё хусусӣ афтодани онҳо, ки метавонад ба манфиатҳои миллӣ зарар расонад, пешгирӣ мекунад.
Бесабаб нест, ки фаъолони ҲХД пурзӯр намудани нақши асосии танзими давлатро барои баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти иҷтимоӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ зарурати ҳаётан муҳим медонанд.
Кафолати субот ва фаровонӣ
Табиист, ки буҷети давлатӣ дар фароҳам овардани сатҳи фаровони зиндагии ҳар як шахс, фароҳам овардани шароити муносиби меҳнат ва музди одилонаи меҳнат, нафақаву ёрдампулӣ, кӯмаки иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, ба ибораи дигар, татбиқи тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда дорад. Асосан, сарфакорию дақиқназарӣ, истифодаи самараноки буҷети давлатӣ, ки аз ҳисоби андози шаҳрвандон ташаккул меёбад, аз ҳарвақта бештар аҳаммият дорад.
Дар Конститутсияи нави мо кафолатҳои ҳуқуқии таъмини иштироки фаъолонаи шаҳрвандон ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули буҷети давлатӣ, муайян ва таъмини иҷрои қисматҳои даромаду харҷи он, ба роҳ мондани назорати ҷамъиятӣ дар ин самт муҳайё гардид.
Бо назардошти тамоми омилҳои дар боло зикршуда, иқтидори иқтисодии давлат, пеш аз ҳама, бевосита ба буҷети кафолатдодашуда вобаста будани онҳо, дар айни замон пурра ба Буҷети давлат равона кардани тамоми даромадҳо, ки дар натиҷаи хидматрасонии давлатӣ аз тарафи вазорату идораҳо, ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ситонидани ҷаримаҳо аз шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ ба даст меоянд, аз ҳар ҷиҳат дуруст аст. Ин таклиф ба вусъати имкониятҳои иҷрои самарабахши ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат такони муҳим мебахшад.
Вақте сухан дар бораи бо хонаву ҷой таъмин намудани табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии онҳо меравад, пешниҳоди барномаи пешазинтихоботии Ҳизби «Адолат» дар бораи такмили системаи субсидия барои амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон барои соҳиби хона шудан, бесамар аст. Ба фикри мо, дар ин бобат дигар механизмҳои самарабахши иқтисодию иҷтимоӣ мавҷуданд. Ҳизби халқии демократӣ дар ин самт, масалан, барпо намудани хонаҳои иҷтимоиро пешниҳод мекунад. Механизми наве, ки мо пешниҳод мекунем, барои шаҳрвандони ниёзманду камдаромад боз ҳам самараноктар аст.
Зидди нобаробарии иҷтимоӣ
ҲХД ҷорӣ намудани системаи одилонаи андозбандӣ барои консентратсияи аз ҳад зиёди сарват, сарфи назар аз даромад ва манбаи онҳо, яъне татбиқи механизмҳоеро, ки афзоиши меъёри андозро аз рӯи даромади шаҳрвандон таъмин менамояд барои ба ҳаёт татбиқ намудан мувофиқи мақсад медонад.
Чунин чораҳо барои пешгирии табақабандии иқтисодии аҳолӣ дар баъзе кишварҳои пешрафта хизмат кардааст. Масалан, дар ИМА шаҳрвандоне, ки даромади солонаашон аз 11 ҳазор доллар камтар аст, ставкаи 10 дарсади андоз истифода бурда мешавад, онҳое, ки даромади зиёда аз 578 ҳазор доллар доранд, барои 37 дарсад андоз месупоранд.
Системаи одилонаи андозбандӣ барои консентратсияи аз ҳад зиёди сарват ба коҳиш додани нобаробарии иҷтимоӣ тавассути андозбандии шахсони сарватманд ва ширкатҳои дорои даромад ва сарвати баланд мусоидат мекунад.
«Тонометр»-и сиёсати иҷтимоӣ
Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии шуғл, дар соли 2024 шумораи бекорон дар саросари ҷаҳон ба ду миллион нафар зиёд мешавад ва дараҷаи бекорӣ дар ҷаҳон аз 5,1 дарсад ба 5,2 дарсад афзоиш меёбад. Дар бисёре аз давлатҳои калони бистгона, даромади ихтиёрӣ коҳиш ёфта, коҳиши сатҳи зиндагӣ дар натиҷаи инфлятсия (таваррум) дар муддати кӯтоҳ қариб, ки барқарор намешавад. Ин масъала дар мамлакати мо ҳам монанди давлатҳои ҷаҳон хеле муҳим аст.
Дар ин бора, Ҳизби халқии демократӣ ҷорӣ намудани модели миллии суғуртаи ҳатмии иҷтимоии бекоронро пешниҳод мекунад. Он чунин система мешавад, ки одамоне, ки дар пайдо кардани кор душворӣ мекашанд, бо сабабҳои гуногун аз кор маҳрум шудаанд, муваққатан бекоранд кӯмаки манзилнок мегиранд. Дар баробари ин, он шаҳрвандонро ба лоқайдӣ не, ба фаъолии иҷтимоию иқтисодӣ даъват менамояд.
Локомотиви тараққиёти иқтисодӣ
Сармоягузорӣ драйвери мустаҳками рушди иқтисодии мост. Аз ин рӯ, баробари бо мамнунӣ қайд намудани ислоҳот дар роҳи Ӯзбекистонро ба шарики боэътимод ва дарозмуддат барои сармоягузорони хориҷӣ табдил додан, гуфтан ҷоиз аст, ки боз ҳам такмил додани механизмҳои дастгирии сармоягузорони маҳаллӣ долузарб мебошад. Ин яке аз ташаббусҳои муҳими барномаи Пешазинтихоботии мост.
Ба таври содда гӯем, ҳам ба сармоягузори хориҷӣ ва ҳам ба сармоягузори маҳаллӣ бо як чашм нигоҳ кардан муҳим аст. Ин барои васеъ намудани истеҳсоли маҳсулоти содиротии саноат, амиқ гардондани кооператсияи байни соҳаҳо ва инкишоф додани занҷири қимати иловагӣ аҳамияти калон дорад.
Вақте сухан дар бораи ислоҳоти иқтисод ва дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ меравад, баъзе аз ташаббусҳои иқтисодии барномаи пешазинтихоботии Ҳизби экологии Ӯзбекистон метавонад ба соҳибкорон, бахусус кишоварзон таъсири манфӣ расонад. Масалан, пешниҳоди ҳизб дар бораи «50 дарсад коҳиш додани ҳаҷми истифодаи пестисидҳо то соли 2030» метавонад барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мушкилоти муайяне ба бор орад. Фермер ва деҳқонон барои аз ҳашарот ва ҷонварони зараррасони гуногун муҳофизат намудани растаниҳо ба истифодаи пестисид (доруҳои заҳрнок) ниёз доранд. Дар акси ҳол, маҳсулот нобуд мешавад ё ба ҳосил зарар мерасад. Умуман, мо чунин мешуморем, ки пешниҳоди мазкур аз ҷониби Ҳизби экологӣ аз ҷиҳати самарадоии иқтисодӣ ба таври дақиқ андешида нашуда, ба миён гузошта шудааст.
Ба ҷои хулоса
Дар вақте, ки маъракаи таблиғотии интихоботӣ бо ҷӯшу хурӯш давом дорад, интихобкунандагон ва ҳамватанонамон бо ҳадафу ғояҳои барномавии ҳизбҳои сиёсӣ аз наздик шинос шуда, онҳоро меомӯзанд ва муқоиса мекунанд.
Дар марҳилаи ҳозираи тараққиёти иқтисодиётамон баланд бардоштани самараи иҷтимоии ислоҳот, фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои амалӣ гардидани орзую мақсади ҳар як инсон, баланд бардоштани масъулияти давлат аз ҷиҳати фаровонии рӯзгор аҳамияти долузарб дорад.
Дар барномаи пешазинтихоботии ҳизби мо дар ин бобат таклифу ташаббусҳои дақиқ, ҳаётӣ ба миён гузошта шудаанд.

Тӯлқин ТӮРАХОНОВ,
ҷонишини раиси Шӯрои марказии ҲХД Ӯзбекистон.