Замони ҷаҳонишавии имрӯза дар қатори дигар соҳаҳо, дар самти мақомоти худидоракунӣ низ ҷорӣ кардани технологияҳои муосир ва таъмини самаранокии онҳоро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, тамоми биноҳои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ба шабакаи интернет пайваста, кормандон бо планшет таъмин гардиданд. Амалиёти системаи ахбории автоматикунонидаи гардиши ҳуҷҷатҳо роҳандозӣ гардида, ба ҷойи платформаҳои алоҳида платформаи ягонаи «Маҳаллаи рақамӣ» ба кор дароварда шуд.
Бо мақсади ривоҷдиҳии фаъолияти тадқиқоти илмӣ дар мақомоти худидоракунӣ бо зиёда аз 100 муассисаҳои таълими олӣ ва шӯроҳои махсуси илмии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Бахусус, корҳо аз рӯйи татбиқи тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ аз санҷиш гузаронида шуда, натиҷаҳо ҷамъоварӣ мегарданд.
Мо дар асоси такя бар таҷриба, ба мақсади такмил додани тадқиқотҳои илмӣ як қатор таклифҳоро таҳия кардем. Аз ҷумла, таъсиси марказҳои омӯзишии «Фикри ҷамоатӣ»-ро зарурати ҳаётӣ мешуморем.
Ғайр аз ин, мо ба мақсади беҳтар намудани фаъолияти институти маҳалла дар маҳаллаҳо роҳандозӣ кардани хидматрасониҳои давлатиро пешниҳод кардем. Ба ин васила, хароҷоти роҳ ва вақти мардум сарфа мегарданд.
Ҳамчун қисми таркибии пешниҳод таъмини мустақилияти молиявии институти маҳалла мувофиқи мақсад мебошад. Чунки мувофиқи қонуни ҷорӣ маҳалла ташкилоти ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми хидматрасонӣ дар асоси шартнома ба суратҳисоб пул гузаронидан ва маблағеро, ки ба даст меояд, барои рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа, дастгирии мардум ва аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардондани кормандони ҷамоати шаҳрвандон равона кардан мумкин аст.
Барои ташкили самараноки фаъолияти «Ҳафтгонаи маҳалла» ва таъмини ҳамкориҳои мутақобилаи аъзои он, роҳандозии такмили ихтисоси ҳамаи масъулони маҳалла дар асоси тамоюли «Самтҳои дигар — мақсади ягона» мувофиқи мақсад мебошад.
Барои ташкили курси омӯзишӣ барои кормандони «Ҳафтгонаи маҳалла» утоқҳои корӣ ва компютерӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд, «Маркази захираҳои ахборӣ» ташкил гардидааст. Бо истифода аз имконияту пойгоҳи моддиву техникии мавҷуда ин пешниҳодро амалӣ намудан мумкин аст.
Бозомӯзӣ дар шакли марказонидашуда нисбат ба такмили ихтисоси алоҳидаи ҳафтгона самарабахштар буда, маблағро сарфа ва хароҷотро кам мекунад. Ҳалли муттаҳидонаи вазифаҳои муқарраршуда ба мустаҳкам намудани механизмҳои ҳамкорӣ хизмат хоҳад кард.
Шералӣ ЙӮЛДОШЕВ,
сарвари Садорати вилоятии Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон.
