Ovozi.uz

Стратегияи кадрҳои нав ва идораи рақамӣ

Дар мамлакати мо сохтори идораи давлат пайваста такмил меёбад. Дар он ба таъмини кушод ва шаффофии идора, инчунин истифодаи васеъи технологияҳои рақамӣ эътибори алоҳида медиҳанд. Дар Самарқанд низ бар асоси хусусиятҳои ба худ хоси вилоят, таҷрибаи таърихӣ ва муносибати замонавӣ дар ин самт сохтори нав ташаккул меёбад. Мақсади асосии ислоҳотҳои мазкур аз баланд бардоштани сатҳи идора ва дар ҳаёт пурра татбиқ намудани тамоюли «барои қадри инсон» иборат аст.

Ба сифати зинаи аввалини бозсозии сохтори идора функсияи ҳокимиятҳои вилоят ва ноҳия (шаҳр)-ҳоро пурра аз рӯйхат мегузаронанд. Дар рафти иҷрои ин ҷараён вазифаҳои аҳамияти худро гум карда ва такроршавандаро батамом бекор мекунанд. Нисбати роҳбароне, ки нишондиҳандаи натиҷадорӣ паст мебошад, сохтори дидани чораҳои қатъии интизомӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар баҳогузорӣ ба фаъолияти роҳбар ва ходимон аз платформаи онлайнии «Samaradorlik.uz» истифода мебаранд. Дар он ба сохтори мазкур фаъолияти рӯзонаи ҳар як роҳбар, иштироки ӯ дар таъмини иҷрои барномаҳо ва дар кадом дараҷа иҷро намудани вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро дохил мекунанд. Бар ҳамин асос ба фаъолияти ӯ дар ҳоли иштирок накардани омили инсон ба он баҳо дода мешавад.

Дар айни ҳол барои беҳдошти инфрасохтори ҳудудҳо, ихтисори камбизоатӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ нақши маҳаллаҳо зиёд мегарданд. Ҷамоаи маҳалла, ки як вақтҳо ду-се нафар кор мекарданд, имрӯз ба ҳафтнафара табдил ёфтааст, дигар хел гӯем, ҳоло дар маҳалла сохтори идорае ташаккул ёфтааст, ки фаъолияти ҳар як самту ҷараёни маҳалларо дарбар мегирад. Маҳалла акнун ҷое нест, ки танҳо муаммоҳоро шунаванд, балки марказе шудааст, ки ҳалли онҳо ёфт мешаванд. Раиси маҳалла якҷо бо ёрдамчии ҳоким, сарвари ҷавонон, корманди иҷтимоӣ, фаъоли зан ва духтарон, нозири профилактика ва андозчӣ метавонад дар худи ҳамин ҷой аз ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-­иқтисодӣ то бехатарии мавзеъро таъмин кунад. Акнун онҳо бар асоси мақсади ягона ва KPI фаъолият пеш мебаранд ва ба ҳамин нигоҳ карда, ба фаъолияти онҳо баҳо дода мешавад. Агар ба таври дигар гӯем, акнун дар маҳаллаҳо низ сохтори идоравӣ, ки ба натиҷа равона карда шудааст, роҳандозӣ мегардад.

Фармони Роҳбари давлатамон аз 21‑уми октябри соли 2025 асоси муҳими ҳуқуқӣ барои такмили куллии сохтори идораи маҳаллии давлат дар мамлакатамон, рушди барқарори иҷтимоӣ-­иқтисодии мавзеъҳо ва ба зинаи нав баровардани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорон шуд. Фармони мазкур пеш аз ҳама тамоюли «Хизмат барои манфиати аҳолӣ ва соҳибкорон»-ро ба сифати мезони устувори идораҳои маҳаллӣ муайян намуд. Мувофиқи Фармон, соли равон дар 33 ноҳия ва шаҳри диёрамон ба тариқи таҷриба-­санҷиш сохтори «Ноҳия (шаҳр) дар қиёфаи Ӯзбекистони Нав» роҳандозӣ мегардад. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Булунғур, Иштихон, Каттақӯрғон ва Пайариқи вилоятамон сохторҳои нави идоравӣ фаъолият оғоз мекунанд. Дар ин 9 шӯъбаи ҳудудии дараҷаи ноҳия (шаҳр)-и органҳои ҳокимияти иҷроияи ҷумҳурӣ ба таркиби ҳокимиятҳои маҳаллӣ гузаронда мешаванд.

Дар натиҷаи тағйироти мазкур акнун масъалаҳое, ки аввал дар байни идораҳои гуногун мутобиқатро талаб мекарданд, ба воситаи «маркази идораи ягона» ҳал карда мешаванд. Мисол, ҳалли масъалаҳое чун созиши лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷудо кардани замин ва ҷараёни ҳалли масъалаҳои шуғл дар якчанд давр не, балки ба воситаи ин сохтор амалӣ карда мешаванд.

Мувофиқи сохтори нав, дар ҳокимиятҳои ноҳия ва шаҳр, ки таҷриба гузаронда мешавад, шумораи ёрдамчиёни ҳоким 4 нафар муайян гардиданд. Ин барои ихчам шудани идора, тақсимоти амиқи масъулият ва баланд бардоштани суръати қабули қарор хизмат мекунад.

[26.05.2026 16:32] Сироҷака: Инчунин, дар ҳокимиятҳо шӯъбаҳои нави таркибӣ ташкил карда мешаванд. Аз ҷумла, гурӯҳи ахбор-­таҳлил, иҷро, назорат ва кор бо муроҷиатҳо, менеҷери энергия, фаъолияти мушовир роҷеъ ба рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ роҳандозӣ мегарданд. Ғайр аз ин, вазифаи роҳбари аппарати иҷро, ки вазифаҳои стратегиро ҳал ва фаъолияти ҳокимиятро аз ҷиҳати ташкилӣ-­техникӣ, ахбор-­таҳлилӣ, назорат ва протокол таъмин мекунад, фаъолияти шӯъбаҳои аппарати идоравиро ба таври умумӣ мутобиқ мегардонад, таъсис дода мешавад.

Сохтор ва штатҳои ҳокимиятҳои мазкурро бино ба тақдимотномаи ҳокими ноҳия Шӯрои намояндагони халқи ноҳия тасдиқ мекунад. Яке аз навгониҳои муҳими фармон — KPI, яъне роҳандозии сохтори нишондиҳандаҳои асосии самаранокӣ аст. Акнун ба ҳокимон, ҷонишинҳои онҳо ва роҳбарони шӯъбаҳои таркибӣ бар асоси натиҷаҳои амиқ баҳо дода мешаванд. Дар минтақаҳое, ки нишондиҳандаҳои KPI пурра иҷро карда шудаанд, маблағҳо ки барои офаридани инфрасохтори лоиҳаҳои «драйвер»-и соли оянда 15 дарсад зиёд ҷудо карда мешаванд.

Мисол, агар дар ноҳия барои инфрасохтор 100 миллиард сӯм маблағ пешбинӣ шуда бошад, ҳангоми иҷрои пурраи нишондиҳандаҳои KPI, соли маблағи мазкур ба 15 миллиард сӯм меафзояд. Баръакс, агар ба нишондиҳандаҳои муайяншуда муяссар нашаванд, мумкин маблағҳо ихтисор ва ба вазифа мутобиқии роҳбар аз нав баррасӣ гардад.

Барои соли 2026 аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ба ҳар яки 33 ноҳия ва шаҳр ҷудо кардани 100 миллиард сӯмӣ, ҳамагӣ 3,3 триллион сӯм маблағ пешбинӣ шудааст. Барои лоиҳаҳои «драйвер», ки рушди иқтисодии мавзеъро рағбатнок мекунанд, ба таври иловагӣ 2 триллион сӯм маблағ ҷудо кардаанд.

Дар доираи фармон ротатсияи кадрҳои роҳбарикунанда низ роҳандозӣ мегардад. Ин имкон медиҳад, ки роҳбарони соҳибтаҷрибаро ба мавзеъҳои дигар фиристанд, таҷрибаи пешқадамро оммавӣ гардонанд ва дар идора намудан муносибати навро васеъ татбиқ намоянд. Аз ҳама муҳим, ислоҳотҳои мазкур барои ҳалли саривақтии муроҷиатҳои аҳолӣ, соддатар намудани хизматҳои давлатӣ, кам кардани монеаҳои бюрократӣ ва фароҳам овардани муҳити боз ҳам мусоид хизмат мекунанд. Имрӯз ҳокимиятҳои маҳаллӣ танҳо органи идоравӣ не, балки барои аҳолӣ ва соҳибкорон ба институти замонавие табдил ёфтаанд, ки хизматҳои маҷмӯӣ мерасонанд.

Дар натиҷаи чунин саъю кӯшишҳо дар интихоби кадрҳо сохтори баҳодиҳии зеҳнӣ, ки омили инсонро кам мекунад, роҳандозӣ гардида, «одами кӣ» будани ӯ не, балки дониш ва натиҷа ба ҷои аввалин мебарояд. Бинобар ин, маданият ва муомилаи хизматчии давлатӣ симои ислоҳотҳо мебошанд.

Роҳбари давлатамон ба қарибӣ бо фаъолияти ҳокимияти ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд шинос шуда, дар мисоли ин ноҳия роҷеъ ба истифодаи васеъи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти идоравӣ супоришҳо дод. Дар ҳокимиятҳо ташкил намудани «Маркази вазъиятҳо» («Situation center») муайян гардид. Аз ҷумла, дар ҳокимияти вилояти Самарқанд низ фаъолияти марказе, ки элементҳои зеҳни сунъиро дарбар мегирад, роҳандозӣ карда мешавад.

Дар сиёсати кадрҳо ба таъиноти «тасодуфӣ» барҳам дода, механизми сохтории пешрафти кадрҳо офарида мешаванд. Дар он барои ҷавононе, ки муассисаҳои таълими олиро бо дипломи имтиёзнок хатм кардаанд ва ба воситаи озмуни кушод омадаанд, «Харитаи пешравӣ дар вазифа» (карера) таҳия мекунанд. Барои аз хориҷа ба идораи давлат ҷалб намудани ҳамватанон бошад, гузарондани форуми «Ӯзбекистони Нав: мулоқоти глобалии истеъдодҳо» ба нақша гирифта мешавад.

Ғайр аз ин, бар асоси сохтори «Мизоҷи сеҳрнок» аъзои комиссияҳои одобу ахлоқ дар қиёфаи шаҳрванди одӣ дар ҳокимиятҳо сифати хизматрасониро меомӯзанд ва ба он баҳо медиҳанд. Ба воситаи гузарондани пурсишномаҳои анонимӣ (муаллифаш номаълум) мониторинги доимӣ роҷеъ ба муомилаи роҳбарон ва ҳолатҳои дар рӯзҳои истироҳатӣ ба кор даъват кардани кормандон мегузаронанд. Акнун ҳангоми таъин намудани кадрҳои роҳбарикунанда дар бораи онҳо гирифтани хулосаи комиссияи одобу ахлоқ ҳатмӣ шуд.

[26.05.2026 16:32] Сироҷака: Сохтори пешниҳод ба мукофотҳои давлатӣ низ нав карда мешавад. Аз ин рӯ, дар бораи номзадҳои аз ҳама беҳтарин видеороликҳои пуртаъсир тайёр карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Ба воситаи ин муносибат ва фикрҳои одамон ба номзадҳо муайян мегардад ва ба ҳамин нигоҳ карда, ба зинаи дигар мегузаранд ё ки боздошта мешаванд. Ба маросими супурдани мукофотҳо падару модар ва ҳамсари номзадҳоро низ таклиф мекунанд ва чорабиниро дар ҷои кор ва давраи ҳамкорон мегузаронанд.

Пешбинӣ мегардад, ки ин модели нави идоравии Самарқанд на танҳо барои вилоят, инчунин тамоми ҷумҳурӣ намуна хоҳад шуд. Технологияҳои рақамӣ ва ин стратегия, ки омили инсонро муҷассам мекунад, роҳи самараноки ба розигии халқ муяссар шудан аст.

Алимардон РАҲМАТУЛЛАЕВ,
роҳбари гурӯҳи ташкилӣ-кадрҳои ҳокимияти вилоят