Ovozi.uz

Ноҳияи Булунғур ривоҷ меёбад

Барномаи рушд

Бар асоси қарори Президентамон аз 27‑уми декабри соли 2025 «Дар бораи боз ҳам суръат бахшидан ба иҷрои чорабиниҳое, ки ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии вилояти Самарқанд нигаронда шудаанд» вазифаҳои устувори рушди иҷтимоӣ-­иқтисодии ноҳия ва шаҳрҳои вилояти мо барои соли 2026 муайян карда шуданд. Ҳокимон барномаҳои мазкурро ба сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят пешниҳод намуданд ва онҳо тасдиқ гардиданд.

Аз ҷумла, Шӯрои намояндагони халқи вилоят барномаи чорабиниҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Булунғурро дар соли 2026 тасдиқ кард.

Драйвери иқтисодӣ ё рушди инқилобӣ дар соҳа

Пешбинӣ мешавад, ки соли равон барои ноҳияи Булунғур соли суръатбахши иқтисодӣ гардад. Мувофиқи нишондиҳандаҳои муайяншуда, ба 1 триллиону 633,7 миллиард сӯм расонидани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ва таъмини суръати афзоиши 109,2‑фоиза ҳамчун вазифаи асосӣ муайян шудааст.

Соҳаи хизматрасонӣ ба яке аз драйверҳои асосии иқтисодиёти ноҳия табдил меёбад. Интизор меравад, ки то охири сол дар ин бахш ба маблағи 1 триллиону 527,6 миллиард сӯм маҳсулот ва хизматрасонӣ офарида шуда, суръати афзоиш қариб ба 120 дарсад мерасад. Алалхусус, ба 3,2 триллион сӯм расидани гардиши чаканаи мол аз афзоиши қобилияти харидории аҳолӣ ва фаъолнокии бозори дохилӣ шаҳодат медиҳад.

Маҳаллаи Мингчинор ҳамчун нуқтаи асосии пешбарандаи иқтисодиёти ноҳия интихоб шудааст. Дар ин ҷо ба воситаи беҳдошти инфрасохтори зарурӣ бо шуғли доимӣ таъмин намудани 120 нафар шаҳрванд пешбинӣ шудааст. Ин натиҷаи амалии сохтори «маҳаллабай» мебошад.

Ҷозибаи сармоягузорӣ

Дар самти рушди соҳаҳои гуногуни иқтисод ба воситаи ҷалби сармоя ва маблағгузорӣ низ лоиҳаҳои бузург муайян шудаанд. Масалан, дар ҳисоби умумӣ, азхуд намудани 143,5 миллион доллар сармоягузорӣ ва қарзҳои хориҷӣ пешбинӣ шудаанд. Ин на танҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, балки ба беш аз 28 миллион доллар расонидани иқтидори содиротии ноҳия хизмат мекунад.

Аз ҷумла, дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Ургут», воқеъ дар массиви «Ғӯбдин», аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Янги Осиё халқаро биофармасевтика» анҷом ёфтани лоиҳаи истеҳсоли биопрепаратҳои тиббӣ ба маблағи 100 миллион доллар на танҳо дар ноҳия, балки барои ҷумҳурӣ низ аҳамияти стратегӣ дорад.

Сафари ҳайати вакилони ноҳия ба кишварҳои Хитой, Туркия ва Озарбойҷон, инчунин ба роҳ мондани мулоқотҳои мунтазами онлайнӣ бо сафоратхонаҳо самараи худро медиҳанд.

Ба нақша гирифта шудааст, ки дар давоми сол содироти маҳсулот ба 28,8 миллион доллар мерасад. Дар ин ҷараён бо истифодаи имкониятҳои низоми GSP+ ба бозорҳои Аврупо баромадан ҳамчун самти асосӣ муайян гардидааст.

Модели нави ҳимояи иҷтимоӣ

Дар ноҳия то 1,9 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ, яъне ба «сатҳи табиӣ» расонидани он яке аз муҳимтарин вазифаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ин танҳо бо додани кумакпулӣ не, балки ба воситаи ҷалби аҳолӣ ба меҳнат ва соҳибкорӣ амалӣ мегардад.

Алалхусус, дар доираи лоиҳаи «Зани меҳнатдӯст» шуғли 518 нафар занони аз ҷиҳати иҷтимоӣ ғайрифаъол ва хонашин таъмин мегарданд. Аз рӯи барномаи «Имконияти баробар» 209 нафар шахсони ногироидошта бо ҷойи кор таъмин шуда, ҳамгироии онҳо ба ҷомеа тақвият меёбад.

Дар давоми сол қариб ду ҳазор нафар ҷавонон, хусусан духтарон соҳиби манбаи даромади доимӣ хоҳанд шуд. Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ дар қариб 1300 гектар замин мувофиқи низоми «Як контур — як маҳсулот» имкон медиҳад, ки даромади аҳолӣ 2–3 баробар зиёд гардад.

Умуман, интизор меравад, ки маҷмӯи ин лоиҳаҳо ҳамчун заминаи мустаҳками таъмини суботи иҷтимоии ноҳияи Булунғур хизмат намоянд.

Кишоварзӣ соҳаи асосии даромадноки ноҳияи Булунғур ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар соли равон ба 6 триллиону 800,8 миллиард сӯм расонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба нақша гирифта шудааст.

Дар ғаллакорӣ, аз 2500 гектар замин ба даст овардани 90-95-сентнерӣ ҳосил натиҷаи корҳои илмӣ ва усулҳои дурусти кишоварзӣ мебошанд. Ҳамчунин, ба воситаи парвариши картошка дар 5200 гектар замин устувории бозори дохилӣ таъмин мегардад. Дар бахши меваю сабзавот содироти маҳсулоти озуқаворӣ ба маблағи 27,9 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Дар шароити норасоии об барои ноил шудан ба ин мақсадҳо дар 2650 гектар замин сохтори обёрии қатрагӣ ва боронӣ ҷорӣ карда мешавад.

Дар ноҳия дар соҳаи чорводорӣ низ қадамҳои ҷиддӣ гузошта мешаванд. Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ба 22 ҳазор тонна ва шир ба 104 ҳазор тонна расонида мешавад. Ин, бешубҳа, яке аз омилҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ хоҳад буд.

Сармоя ба инсон — кафолати рушди ҷомеа

Дар барномаи соли ҷорӣ ба корҳои сохтмон ва ободонӣ эътибори алоҳида нигаронида шудааст. Аз ҷумла, дар 9 иншоот — мактаб ва муассисаҳои тиббӣ корҳои сохтмону таъмир анҷом дода мешаванд.

Ғайр аз ин, бар ивази 80,8 миллиард сӯм таъмири 10 объекти роҳ ва кӯчаҳои дохилӣ ба нақша гирифта шудааст. Навсозии шабакаҳои энергетикӣ низ аз ин кам нест. Зеро, то охири сол дар 15 маҳалла 29,5 километр шабакаҳои барқиро нав карда, 62 трансформаторро пурра таъмир мекунанд. Сохтмони иншооти нави обрасонӣ ва шабакаҳои он дар маҳаллаи Хӯҷабача низ аз вазифаҳои муҳими барнома аст.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Булунғур барои баланд бардоштани сифати таълим ва ҳифзи саломатии аҳолӣ меъёрҳои амиқ (KPI) муайян шудаанд.

Муҳимтар аз ҳама, зиёд намудани сатҳи дохилшавии хатмкунандагони мактабҳо ба муассисаҳои таълими олӣ, таъмини омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, ки ҳадди ақал сертификати B2 дошта бошанд ва пурра бо синфхонаҳои компутерӣ таъмин кардани мактабҳо ҳамчун вазифаи афзалиятнок муайян шудааст.

Инчунин, ба воситаи рушди «Мактаби модарон» ва таълими фарогир ҳифзи иҷтимоӣ ташаккул меёбад.

Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ корҳои оммавии скринингӣ, беш аз 54 ҳазор нафар аҳолӣ аз ташхиси диабети қанд ва 15 ҳазор нафар зан саривақт муайян кардани бемории саратон аз муоина гузаронида мешаванд. Роҳандозии сохтори «Паспорти саломатии маҳалла» имкон медиҳад, ки вазъи саломатии ҳар як шаҳрванд ба таври инфиродӣ назорат карда шавад.

Дар назар аст, ки ба воситаи низоми баҳогузории фаъолияти пешбари ҷавонон (KPI) 4 нафар пешбари фаъол ба рейтинги ТОП‑100‑и ҷумҳурӣ шомил гарданд. Лоиҳаҳои «Фарзандони ибрат» ва «Мутолаа» барои баланд бардоштани иқтидори зеҳнии ҷавонон, омӯзиши соҳибкорӣ ва таъмини шуғли онҳо яке аз мақсадҳои стратегии ноҳияи Булунғур ба шумор меравад.

Рақамҳо ва лоиҳаҳои дар боло зикршуда нишон медиҳанд, ки иқтисодиёти ноҳия дигар танҳо ба кишоварзӣ такя намекунад, балки тадриҷан ба маркази саноати технологияҳои пурзӯр, алалхусус фарматсевтика, хизматрасонӣ ва сармоягузорӣ табдил меёбад.

Нақшаи таъмини 237,9 миллиард сӯм даромади буҷет ва ташкили 27,5 миллиард сӯм захираҳои иловагӣ истиқлолияти молиявии ноҳияро таъмин мекунад. Аз ҳама муҳим, дар маркази ин ислоҳот манфиатҳои инсон — шуғл, саломатӣ, таълим ва шароити муносиби зиндагии ӯ қарор доранд.