Ovozi.uz

Ифтитоҳи марказҳои омӯзишӣ дар Қӯшработ

Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд дар доираи барномаи умуммиллии «Аз камбизоатӣ ба сӯи фаровонӣ» маркази ноҳияи Қӯшработ ва деҳаи Ҷӯш марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷиро ташкил намуд.
Дар ин марказҳо ба фарзандони оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандоне, ки ба хориҷа барои кор мераванд, аз ҷониби педагогҳои институт забонҳои инглисӣ, немисӣ ва корейсӣ ройгон омӯзонида мешаванд.
Барои марказҳои омӯзишӣ аз биноҳои мактаби таълими умумии рақами 82 ва колеҷи касбу ҳунарии маҳаллаи Ҷӯш хонаҳо ҷудо карда шуданд.
— Хонаҳо таъмир гардида, бо ҷиҳоозҳои зарурӣ, адабиётҳои хонишӣ, воситаҳои намоишӣ ва технологияҳои иттилоотии замонавӣ таҷҳизонида шуданд, — гуфт мудири кафедраи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд Муҳиддин Эсиргапов. — Барои гузаронидани машғулотҳои дар марказҳо 6 нафар мутахассис таъин гардид. Ба онҳо аз тарафи донишкада маош дода мешавад. Омӯзгоронамон дар як ҳафта се рӯз омада, машғулот мегузаранд. Дар ҳар ду ҳафта дониши донишомӯзони марказ аз ҷониби омӯзгорони махсус имтиҳон карда мешавад. Барои муайян кардани дараҷаи забондонӣ имтиҳонҳо гузаронида мешаванд. Ғайр аз ин, тибқи созиши мо бо Вазорати ҳифзи тандурустӣ ва Агентии мигратсияи меҳнати беруна, барои ба Германия рафта, дар соҳаи тиб кор кардани талабгорон ба онҳо забони немисӣ меомӯзем.
Дар маросими ифтитоҳи марказҳо масъулони ҳокимиятҳои вилояти Самарқанд ва ноҳияи Қӯшработ, роҳбарияти Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд ширкат варзида, бо шароит ва имкониятҳои марказҳо шинос шуданд.
— Ду духтарамро ба курси забони англисӣ дода будам ва маҷбур будам, ки ҳар моҳ 200 ҳазорӣ пардохт кунам, — гуфт сокини деҳаи Ҷӯш Сайёра Усмонова. — Вале, доим ҳам ба ин имкон намеёфтам. Аз ҷониби Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд ташкил гардидани курсҳои хонишии ройгонро шунида, фарзандонамро ба ҳамин ҷо овардам. Дарсҳоро устодони донишкада мегузаштаанд. Ин барои донишомӯзон имконияти калон аст.
Донишомӯзи мактаби таълими умумии рақами 77-и ноҳия Моҳина Тошкентбоева нияти омӯхтани забони корейсиро дошта бошад ҳам, дар ноҳия барои ин имконият вуҷуд надошт. Акнун, ӯ метавонад дар худи Қӯшработ забони корейсиро омӯзад.
— Дар ноҳияи мо барои омӯхтани забони корейсӣ маркази омӯзишӣ нест, — гуфт Моҳина Тошкенбоева. — Барои ин маҷбур будем ба шаҳри Самарқанд равем. Аз ҷониби Донишкадаи забонҳои хориҷӣ кушода шудани курси омӯзиши забони корейсиро шунида, аз аввалинҳо шуда худро дар рӯйхати он сабти ном кардам. Ин барои мо хеле мусоид аст. Муҳимтар аз ҳама, курсҳо ройгон мебошанд.