Ovozi.uz

Ярмаркаҳо, барномаҳои консертӣ, мушакбозӣ… Дар Рӯзи шаҳри Самарқанд чӣ гуна чорабиниҳо гузаронида мешавад?

18-уми октябри соли 1996 дар маросими бахшида ба 660-солагии зодрӯзи Амир Темур Аввалин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ин санаро ба сифати ҷашни Рӯзи шаҳри Самарқанд пешниҳод карда буд. Ҳамон рӯз ба ин шаҳр ордени Амир Темур супорида шуд. 28 сол мешавад, ки санаи мазкур ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Имсол низ ба ин муносибат дар шаҳр гузаронидани як қатор чорабиниҳои маданӣ дар назар аст.
Аз ҷумла, субҳи барвақт маросими гул гузоштан ба пойи ҳайкали Амир Темур гузаронида мешавад.
Чорабиниҳои асосӣ дар боғи истироҳатии ба номи Алишер Навоӣ ва дар ҳамин кӯча баргузор мегардад. Бо муносибати ид намоишҳои гуногун, барномаҳои саҳнавӣ, мушоира ва мусобиқаҳои варзишӣ ҷой гирифтааст.
Ғайр аз ин, дар назди ҳайкали Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти мавзӯи «Самарқанд — гавҳари Шарқ» мушоира доир мегардад.
Дар кӯчаи Камол Отатурк ярмаркаи маҳсулотҳои хӯроквории арзон ташкил карда мешавад.
Инчунин, дар амфитеатри «Мӯъҷиза» аз соати 11:00-и 18-уми октябр сар карда дастурҳои мадании консертӣ намоиш дода мешавад.
Дар боғи «Янги Ӯзбекистон»-и массиви Қаросув бо иштироки санъаткорони шинохта галаконсерт гузаронида, дар хотимаи он мушакбозӣ баргузор мегардад.
Дар баробари ин, дар театри мусиқа драмавии вилоят ва кинотеатри «Шарқ юлдузи» филм ва спектакли «Ялангтӯш Баҳодур» дар ду вақти муайян (соати 15:00 ва 18:00) бепул намоиш дода мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки ҳамон рӯз барои меҳмонони маҳаллӣ даромадан ба обидаҳои таърихӣ ва музейҳо ройгон аст.
Бо муносибати ид ташкил намудани ярмаркаи арзонкардашудаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ — «Саховати табиат» ба нақша гирифта шуда, ярмарка рӯзҳои 18-20-уми октябр дар бозорҳои Мармар ва шаҳраки Қаросув кор мекунад.
Дар ин рӯз як қатор биноҳои нави маҳалла, корхона ва ташкилотҳо ва дӯконҳои савдо ба истифода супурда мешавад, — омадааст дар хабари ҳокимияти шаҳр.