Ovozi.uz

БА СӮИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАР ВА ҶАМЪИЯТИ ОДИЛОНА!

VI. МУСТАҲКАМСОЗИИ ОИЛА, ДАСТГИРИИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН, ВУСЪАТ ДОДАНИ ИМКОНИЯТҲОИ ҶАВОНОН
Бо дарназардошти он, ки таҳкими оила дар рушди ҷомеа нақши муҳим дорад, мо татбиқи вазифаҳои зеринро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморем:
— таҳияи Қонун «Дар бораи ҳифзи давлатии модарӣ, падарӣ ва кўдакӣ» бо мақсади боз ҳам таҳкими асосҳои ҳуқуқии донишкадаи оила, пурзўр намудани ҳифзи модарӣ, падарӣ ва кўдакӣ;
— ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ҳуқуқ дода шавад, ки хешовандони наздики никоҳшавандагонро тафтиш кунанд, нисбати шаҳрвандоне, ки байни хешовандони наздик ақди никоҳ бастаанд ва шахсоне, ки барои ба расмият даровардани онҳо масъуланд, чораҳои ҷазоро муайян кунанд;
— бо назардошти омода набудани ҷавонон ба издивоҷ яке аз сабабҳои асосии ҷудошавиҳои оилавӣ, барои ҳамаи ҷавонписарону духтароне, ки оила барпо мекунанд, таъсис додани платформаи «Оилаи ҷавон», ки онҳоро ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, равонӣ, моддию ҳуқуқӣ ба издивоҷ омода месозад.
Мо тарафдори онем, ки эҳтиром ба арзишҳои бебаҳо ва бардавоми миллии халқамон, ки решаҳои он ба ҳазорсолаҳо рафта мерасанд, дар байни тамоми қишрҳои аҳолӣ таҳким бахшида, ҳисси мансубият ба онҳо пурзӯр карда шавад.
Ба хотири афзун намудани меҳру муҳаббат ба ниёгони бузурги худ дар қалби ҷавонон пешниҳод менамоем, ки ба тамоми мактабҳои Ӯзбекистон номи олимону давлатмардон, шахсиятҳои таърихӣ ва муосирони Ӯзбекистон дода шавад.
Ҳизб сиёсатеро ба амал мебарорад, ки ба баланд бардоштани фаъолияти ҷамъиятию сиёсии занон, васеъ намудани шароит барои ба амал баровардани қобилияту имкониятҳои онҳо дар соҳаҳои гуногун ва истеҳсолот, таъмини риояи бечунучарои ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани модарӣ ва кӯдакӣ нигаронида шудааст. Дар ин роҳ ҳизб вазифаҳои зеринро ба миён мегузорад:
— сари вақт ошкор намудани мушкилоти занон, бахусус пурзӯр намудани тадбирҳо оид ба дастгирии иҷтимоӣ-­ҳуқуқӣ, равонӣ ва моддӣ ба занони ниёзманд ва занони вазъи вазнини иҷтимоӣ, аз ҷумла занони маъюб;
— таъсиси платформаи махсуси электронӣ барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба заноне, ки ба шаклҳои гуногуни зӯроварӣ дучор шудаанд;
— боз ҳам кафолат додани ҳуқуқҳои меҳнати занону духтарон ва боз ҳам қувват додани ҳифзи меҳнати занони ҷалбшуда, даровардани илова ва дигаргуниҳои дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат»;
— аз рӯи таъмини саривақтӣ ва пурра тақсим кардани витаминҳо, йод ва кислотаи фолий, ки давлат ба занони синни тифлдор ва ҳомила, инчунин кӯдакон бепул дода мешавад, назорати парламентӣ ва депутатӣ ҷорӣ карда шавад;
— саъю кӯшиши занони олимаро, ки ба илм машғул шудан мехоҳанд, дастгирӣ намуда, дар қонунгузории соҳавӣ меъёрҳоеро, ки ба онҳо имтиёзҳои иловагӣ медиҳанд, ҷорй намудан;
— бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва ҳуқуқи занону кӯдакон, кушодани «шелтер»-ҳо (паноҳгоҳ барои бепарасторон, инчунин занону кӯдаконе, ки қурбони зӯроварии ҷинсӣ ё хушунати хонаводагӣ шудаанд) ва то ислоҳ шудани вазъият ба онҳо таълим додан, оиди расондани ёрии зарурии тиббӣ, психологӣ ва ғайра чораҳо дидан.
Дар мамлакатамон бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таълим гирифтан, ҳимояи иҷтимоӣ ва тиббӣ, бо хонаву ҷой ва кор таъмин кардани ҷавонон, дар ин самт амалисозии вазифаҳои зеринро пешниҳод мекунем:
— бо роҳи ташкил намудани кафедраҳои ҳарбӣ дар ҳамаи мактабҳои олӣ хоҳиши пуршарафи донишҷӯёни ҷавонро барои гирифтани унвони ҳарбӣ ичро намудан;
— бо мақсади рушди солимии ҷавонон ва оммавӣ гардонидани шуғли онҳо бо варзиш дар ҳар маҳалла ташкил намудани майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон;
— боз ҳам содда кардани раванди гирифтани патент бо мақсади дастгирии олимони ҷавони ихтироъкор.
Бо мақсади ҳифзи ҷавонони мо аз маълумоти мухталифи бардурӯғ ва беасос оид ба таърихи миллӣ, ҳифзи онҳо аз ҳамлаҳои иттилоотии хориҷӣ ва таҳкими минбаъдаи истиқлолияти Ватан барои донишомӯзони синфҳои 9 ва 11‑уми мактабҳои маълумоти умумӣ миқдори соатҳои дарсӣ дар таълими таърих ду баробар зиёд карда, ба иштирокчиёни сазовори олимпиадаи мазкур аз рӯи ин фан диққати махсус медиҳем.
Мо саъю кӯшиши дар минтақаҳои ҷумҳуриамон барпо намудани технопаркҳои ҷавононро дастгирӣ карда, барои боз ҳам тараққӣ додани технопаркҳои мавҷуда тадбирҳо меандешем.
Мо бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маданияти китобхонии ҷавонон тадбирҳо меандешем, ки дар ҳар як шаҳру маркази ҷумҳуриамон як дӯкони намунавии китоб ташкил карда, павилонҳои сайёри китоб ҷой дода, барои ба сокинони деҳаву авулҳо тавассути «библиобус»-ҳо расондани хидмати китобхонаҳо чораҳо меандешем».
Дар асоси неруи зеҳнии кӯдакон, таъмин намудани ҳифзи кӯдакон бо мақсади таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва солимона ба камол расидани онҳо яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳизб мебошад. Дар ин бора:
— бо мақсади таъмини пурраи ҳифзи ҳуқуқи бачаҳо, сари вақт додани алимент ва дигар пардохтҳои иҷронашуда Хазинаи кӯдакон таъсис дода, фоизи муайяни ҷаримаҳоеро, ки дар ҷумҳурӣ ситонида мешаванд, ба ин хазина равона намудан;
— сахттар кардани ҷазо барои зӯроварии шаҳвонӣ нисбати ноболиғон, ҳабси абад барои ҷинояткороне, ки нисбати ноболиғони то 14‑сола содир шудаанд;
— аз пардохти боҷи давлатӣ озод кардани даъвогароне, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои бачагон ба суд муроҷиат кардаанд;
— таклиф мекунем, ки барои муҳофизати саломатии бачагон поликлиникаҳои бачагона ва диспансерҳои наврасон аз нав ташкил карда шаванд.
VII. ҲАВОИ МУСАФФО ВА ТАБИАТИ САБЗ — ГАРАВИ УМРИ ДАРОЗ ВА РУШДИ УСТУВОР
Мо бо роҳи пурра амалӣ гардондани ҳуқуқи ҳар шахс оиди соҳиб шудан ба муҳити бароҳат ва маълумоти боэътимод дар бораи вазъи он, ки дар Конститутсияи мо муайян шудааст, меравем.
Дар ҳалли муаммоҳои экологӣ мо ҷидду ҷаҳди худро, пеш аз ҳама, ба ҷиҳатҳои иктисодии ин муаммоҳо равона мекунем. Мо чунин мешуморем, ки тамоми муаммоҳои экологӣ ва масъалаҳои ба он алоқаманди муҳофизати саломатии шаҳрвандонро танҳо ба буҷети давлатӣ бор кардан дуруст нест.
Мо принсипи «ифлоскунандаи муҳити зист бояд ҷуброн диҳад»-ро дастгирӣ мекунем. Мо пешниҳод менамоем, ки махсусан барои корхонаҳои бузург, ки дар ифлосшавии ҳаво пешсафанд, андозу ҷаримаи махсус ҷорӣ карда шавад.
Мо барои муҳофизати захираҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии давлат, маҳдуд кардани истихроҷи бесамари сарватҳои табиӣ чораҳо мебинем.
Дар кишвари мо захираҳои об маҳдуданд ва то соли 2040 қисмате аз аҳолии Ӯзбекистон аз беобӣ танқисӣ мекашанд. Бинобар ин, ҳизб истифодаи бесамари захираҳои оби ошомиданӣ дар назди насли ояндаро бемасъулиятӣ дониста, пеш аз ҳама ба самтҳои зерини сарфаи қатъияи об дар ҷомеа таваҷҷўҳ кардааст:
— ҷорӣ намудани низоми муассири аз истеҳсоли оби нӯшокӣ то ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ расонидан, васеъ татбиқ намудани принсипҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳа;
— ба самаранокӣ ноил шудан тавассути таъмини оби коркардшудаи техникӣ ба шабакаҳои ободонӣ, бо иншоотҳои коркарди локалии оби партов таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ;
— бо мақсади пешгирии норасоии об дар Осиёи Марказӣ, густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя оид ба ҳифз ва густариши захираҳои об.
Ҳизб бо мақсади амалӣ намудани ҳуқуқҳои ҳамватанон ба муҳити тоза чунин пешниҳод менамояд:
— бунёди ҷангалҳои сабз бо роҳи тақсим карда додан ва маблағгузории заминҳои номувофиқ ва бесамар ба аҳолии бекор;
— бо назардошти афзудани ҳодисаҳои буридани дарахтон бо баҳонаи «ба ҷои дигар кӯчондан» буридани дарахтон дар ин бобат тадбирҳои масъулиятшиносиро боз ҳам пурзӯр намудан;
— амалӣ намудани консепсияи «Шаҳри тоза», «Хонадони тоза» бо роҳи ҷорӣ намудани тартиби ҳаррӯза иваз намудани бункерҳо тавассути ба навъҳо ҷудо кардани партовҳои маишӣ ва ба аҳолӣ наздик кардани бункерҳои партовгоҳ;
— ҷорӣ намудани стандартҳои назорати сифати ҳаво дар саноат, тарғиби велосипедронӣ ва сайругашт дар шаҳрҳо;
— тавсеаи минбаъдаи истифодаи энергияи барқароршаванда барои ноил шудан ба нейтралишавии углевод то соли 2050;
— бо мақсади пешгирии ифлосшавии ҳаво дар шаҳрҳо, кам кардани партови газҳои дегхонаҳо ва мусоидат ба устувории иқлим.