Дар маркази матбуоти комиссияи интихоботии вилояти Самарқанд бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ семинар баргузор гардид.
Барои равшан кардани интихоботи намояндагони Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шӯроҳои маҳаллӣ, ки рӯзи 27-уми октябри соли равон гузаронида мешавад, дар чорабиние, ки ходимони васоити ахбори оммавии аз аккредитатсия гузашта иштирок намуданд, аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот дар бораи ҳуқуқ ва маҷбуриятҳои журналистон пеш аз интихобот ва дар рӯзи овоздиҳӣ маълумот дода шуд.
Масъулони маркази минтақавии матбуот ва идораи адлияи вилоят дар ин хусус ба намояндагони ВАО иттилооти зарурӣ расониданд.
— Тибқи қонунгузории интихоботии мо, ба истиснои овоздиҳӣ дар ҷараёни интихобот тамоми равандҳо ошкоро ва шаффоф сурат мегиранд, – гуфт Ориф Муҳаммадиев, корманди шӯъбаи адлияи вилоят. — Намояндагони васоити ахбори оммавӣ ҳуқуқ доранд, ки рафти маъракаи интихобот ва фаъолияти комиссияҳои интихоботиро инъикос намоянд. Дар рӯзи овоздиҳӣ ҳам кормандони васоити ахбори оммавӣ, ки аз аккредитатсия гузаштаанд, ба ҳавзаҳои интихоботӣ рафта, роҷеъ ба ҷараёни бевоситаи интихобот мавод омода карда, онҳоро эълон намудан метавонанд. Аммо ҳатто дар ин раванд ҳам қоидаҳое вуҷуд доранд, ки намояндагони васоити ахбори оммавӣ бояд онҳоро риоя кунанд ва имрӯз мо ин масъаларо бо онҳо баррасӣ намудем.
Тибқи маълумотҳо, 86 намояндаи васоити ахбори оммавии Самарқанд, аз ҷумла 49 нафар хабарнигорони рӯзнома, 24 корманди телевизион ва радио, инчунин, 13 нафар хабарнигорони расонаҳои интернетӣ барои инъикоси ҷараёни интихоботии имсола аз аккредитатсия гузашта, аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ ба онҳо иҷозатнома дода шуд.
Дар давоми семинар рӯзноманигорон ба саволҳои худ аз масъулони комиссияи минтақавии интихобот ва коршиносон ҷавоб гирифтанд.
Маркази матбуоти комиссияи интихоботии вилоят.
