Дирӯз дар Садорати корҳои дохилии вилоят ба муносибати 25‑уми октябр — Рӯзи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тадбир баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов хидматҳои шоистаи кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар таъмини осоиштагӣ, мустаҳкамсозии тинҷиву барқарорӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ эътироф намуда, кормандони соҳаро бо иди касбӣ табрик кард ва таъкид намуд, ки хидмат дар роҳи оромии Ватан шарафи бузург ва ӯҳдадории муқаддас аст.
— Хидматҳои шумо дар таъмини сулҳу осоиши вилоят, пешгирӣ кардани ҷинояту қонуншиканӣ ва мубориза ба муқобили иллатҳои ногувор беандоза аст, — гуфт Э.Турдимов. — Ба туфайли Шумо, ки шабу рӯз ҳушёр истода, вазифаи худро бошарафона иҷро мекунед, мардум хотирҷамъ умр ба сар мебаранд, меҳнат мекунанд. Ғайр аз ин, имрӯз роҳбарони идораҳои корҳои дохилӣ ба сектори сеюми вилоятамон масъул буда, бобати рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо ва беҳсозии сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳокими вилоят гуфт, ки дар асоси фармони Сарвари давлат бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонидани ду корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз Самарқанд, эътирофи хидматҳои тамоми роҳбарону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Инчунин, дар чорабинӣ роҷеъ ба корҳое, ки бобати такмил додани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, ба сохтори халқпарвар ва касбӣ табдил додани он амалӣ мегарданд, вазифаҳои устувори минбаъда сухан рафт.
Дар анҷом ба як гурӯҳ кормандони фидоии соҳа ташаккурнома ва тӯҳфаҳои хотиравии ҳокимияти вилоят супурда шуд.
Хидмат ба Ватан шарафи бузург аст
