Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар даври кӯтоҳи пас аз оғози фаъолияти худ ташаббусҳои қабули Сарқонуни Ӯзбекистон дар таҳрири нав, як қатор кодекс ва қонунҳо, стратегияи миллӣ ва барномаҳои давлатиро ба пеш гузошт. Роҳбари давлатамон, инчунин, ба бисёр фармон, қарор ва фармоишҳое имзо гузошт, ки ба барпо намудани Ӯзбекистони Нав ва пойдевори Эҳё (Ренесанс)-и саввум нигаронида шудаанд.
Ҳоло моҳияти пурраи сиёсӣ ва назарии асосҳои ҳуқуқии долзарбу муҳим ва васеъмиқёсе, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакатамон пайваста роҳандозӣ карда мешаванд, дар китобҳо, маърӯзаҳои барномавӣ ва нутқҳои Президенти Ӯзбекистон батафсил баён гардидааст. Агар яке аз чунин асарҳои фундаменталӣ китоби «Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав» соли 2022 чоп шуда бошад, дар соли 2024 асари сиёсии навбатии «Замони муосир ва Ӯзбекистони Нав» аз нашр баромад.
Ғояи асосӣ — баланд бардоштани қадри инсон
Китоби мазкур, ки маҳсули бисёрсолаи назари иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқии муаллиф мебошад, бо суханони зерин оғоз мешавад:
«Ҳақиқати аз санҷишҳои таърих гузашта аз ин далолат медиҳад, ки халқи худро тағйирдиҳанда, вақтро ба имконият, имкониятро ба бурд, бурдро ба пойдевори рушд табдилдиҳанда, халқи бузург аст.
Чунин халқ, бе ҳеҷ шубҳа, метавонад ҳам ҳаёт, ҳам муҳити иҷтимоиро тағйир диҳад ва ба муроду мақсадҳои ба пеши худ гузоштааш, албатта мерасад.
Ман ба халқе, ки бо чунин эътиқоди бузург зиндагӣ мекунад, роҳбар шуда, дар роҳи аз ҳаёт розӣ кардани одамон, дар қалби онҳо амалӣ намудани орзуву умедҳои нек хизмат карданро барои худ шараф ва масъулияти бузург медонам».
Сарғоя ва леймотиви асосии китоби мазкурро мафҳумҳои неке чун аз ҳар ҷиҳат мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатамон, таъмини тинҷӣ ва барқарорӣ, аз ҳаёт розӣ кардани одамон, бузургдошти қадри инсон ташкил мекунанд, ки онҳо, дар ҳақиқат, дар маркази ҳамаи ислоҳотҳое меистанд, ки дар давоми ҳашт соли охир дар мамлакатамон амалӣ мешаванд ва ба маънову мазмуни фаъолияти серқирраи Президент Шавкат Мирзиёев табдил ёфтаанд.
Қиёфаи имрӯзаи Ӯзбекистони Нав, ҷой ва мавқеи имрӯзаи мамлакатамон дар рушди дунё, иштироки фаъолонааш дар ҷараёнҳои муҳими байналмилалии иҷтимоӣ-сиёсӣ, мазмуну моҳияти бисёр ташаббусҳое, ки аз рӯи масъалаҳои долзарб ба пеш гузошта шудаанд, дар асари мазкури фундаменталии васеъмиқёс бар асоси таҳлил ва далелҳои амиқ, фикру мулоҳизаҳои саҳеҳ равшан карда шудааст.
Агар бо таъбири муаллиф гӯем, «Таърихи рӯзи ояндаро бояд ин рӯз нависем. Барои даври нав ғоя ва ташаббусҳои нав, нақшаҳои боистиқболи аз ҳар ҷиҳат пухта, марра ва ғалабаҳои нав даркор аст».
Мафҳуми «Замони муосир»: таъриф ва талқинҳо
Алоҳида бояд таъкид кард, ки дар китоби нави Президенти Ӯзбекистон, аввало, ҷараёнҳои пуртаҳлука ва мураккабе, ки дар замони муосир дар майдони байналмилалӣ ҳукм меронад, тағйироте, ки оқибати онҳоро пешгӯӣ карда намешавад, хавф ва хатарҳо дар роҳи рушди барқарори дунё ва мамлакати мо, инчунин таҳдидҳо ҳаматарафа таҳлил карда шудаанд.
То навиштани ин асари худ дар бораи мафҳуми «Замони муосир» хеле амиқ мушоҳида кардани муаллиф аҳамияти калон касб мекунад.
Мувофиқи таъриф ва талқинҳои Президент Шавкат Мирзиёев дар замони муосир:
якум, дар пеши назари мо архитектураи геосиёсӣ ва геоиқтисодии тамоман нав, беқарор, хавотирноки дунё ташаккул меёбад;
дуюм, дар байни мамлакатҳо муҳити низоъ ва адоватҳо, зиддият, нобоварӣ пурзӯр шуда, дар дохили ҷомеаҳо таназзули маънавӣ реша медавонад;
саввум, дар замони нотинҷ ва пуртаҳлука ҳифзи арзишҳои азалӣ ва нигоҳ доштани қиёфаи одамӣ пайваста мушкил мешавад;
чорум, моҷароҳои нави вайронкор пайдо шуда, таҳдидҳо ба бехавфии глобалӣ ва минтақавӣ пурзӯр мешаванд;
панҷум, ҷиҳати ташвишовараш дар ҳамин аст, ки ин хавфу хатарҳо дар вазъияти кам шудани боварии байниҳамдигарии давлатҳо, дар натиҷаи афзудани шиддати геосиёсӣ аз зиёд шудани муқобилият ва зиддиятҳо рӯй медиҳанд;
шашум, меъёр ва асос (принсип)-ҳои байналмилалии ҳуқуқ зуд-зуд вайрон мешаванд;
ҳафтум, воситаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии мавҷуд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ роҷеъ ба ҳал намудани инқироз мавҷуд мебошад, мутаассифона самаранокии худро то рафт гум мекунанд;
ҳаштум, дунё ба дубора барқарор шудани боварӣ, адолат ва ҳамҷиҳатӣ аз ҳарвақта ҳам бештар эҳтиёҷ дорад;
нӯҳум, «парчашавӣ»-ҳои сиёсӣ ва иқтисодии глобалӣ, ҷангҳо ва моҷароҳо ба коҳишёбии асос ва тамоюлҳои ҳалкунандаи сохтори байналмилалии муносибатҳо мерасонад;
даҳум, мухолифат ва протексионизм сабаби парчашавии иқтисодиёти ҷаҳон ва канда шудани занҷирҳои расонда додан мешаванд;
ёздаҳум, сарҳадҳои ҷудокунандаи нав ба вуҷуд меоянд, ки ба ҳамкории босамари соҳаҳои савдо, молия, сармоя, трансфери технология ва инноватсияҳо монеъ мешаванд;
дувоздаҳум, моҷароҳо, инқирозҳои гуманитарӣ, эпидемиологӣ ва иқлимии гуногун, ки дар дунё рӯй медиҳанд, бо вуҷуди саъю кӯшишҳои СММ барои муяссар шудан ба Рушди барқарор ва ихтисори ҳамаи намудҳои камбизоатӣ таҳдиди ҷиддӣ мерасонанд;
сенздаҳум, дар натиҷаи тағйири иқлими глобалӣ дар сайёраи мо вазъиятҳои экологии ҷиддӣ ба амал омада, дар ҳамаи қитъа ва мамлакатҳо муаммоҳое чун норасоии оби ошомиданӣ, ифлосшавии муҳити атроф, бодлеси замин, бӯронҳои шадиди чанг ва қум, нобуд шудани биогуногунӣ, кам шудани ҳосилдории кишоварзӣ авҷ мегирад;
чаҳордаҳум, дар иқтисодиёти ҷаҳон беқарори пурзӯр шуда, дар соҳаҳои энергетика, хӯрокворӣ ва сохтори экологӣ инқирозҳо намуди пуршиддат мегиранд;
понздаҳум, баробари ҳамин иқтисодиёти тамоми ҷаҳон ба ҷараёни рақамикунӣ мегузарад, технологияҳои «сабз» ва рушди инноватсионӣ барои ривоҷи соҳа ва бизнеси ихтиёрӣ аҳамияти устувор касб мекунад.
Роҳбари давлатамон ба вазъияти дунё ва минтақаамон чунин саҳеҳ ва холисона баҳо дода, бесабаб таъкид намекунад, ки «барои бартараф намудани таҳдидҳои замонавӣ боз ҳам васеъ кардани ҳамкории дутарафа ва бисёртарафа, ҳамкории байниҳами дараҷаи минтақавӣ ва глобалӣ зарур аст. Чуноне ки дар китоб ба тарзи ҳаққонӣ қайд гардидааст, чунин шароити мураккаб ҳеҷ як мамлакат қодир нест, ки ба тарзи якка ҳамаи хавфу хатарҳои замонавиро дар канор гузошта, сабабу оқибатҳои онҳоро бартараф кунад.
Хусусиятҳои асосии китоби нав
Ватани мо ба дунё, дунё бошад ба диёри мо ба тарзи васеъ кушода мешавад. Дар минтақаамон ва тамоми ҷаҳон дӯсту ҳамкорон зиёд мешаванд. Ҳоло Ӯзбекистон аз рӯи шумораи аҳолӣ яке аз 40 давлати бузургтарини ҷаҳон аст. Диёрамон торафт ба мамлакати тағйиротҳои бошиддати демократӣ, имкониятҳои васеъ ва корҳои амалӣ табдил меёбад.
Солҳои охир дар роҳи барпо намудани Ӯзбекистони Нав қадамҳои бузурги амалӣ гузошта шуданд. Дар ҳар як қадами мубораки Ватанамон ва ҳар як дастоварди халқи бунёдкорамон қудрати беназири истиқлол равшан намоён мешавад. Бинобар ин, чуноне ки Президентамон эътироф кардааст, Ӯзбекистони имрӯза — Ӯзбекистони дирӯза нест, халқи имрӯзаамон низ халқи дирӯза нест!
Роҳбари давлатамон халқамонро даъват мекунад, ки боз як ҳақиқатро фаромӯш накунад. Яъне, Ӯзбекистони имрӯза — Ӯзбекистони наве нест, ки мо ба маънои том онро орзу ва сӯяш майл мекунем. То ба ин марра расидан, ҳанӯз дар наздамон роҳи хеле дур ва бомашаққат истодааст. Вале мо аз далерона пеш рафтан, даркор шавад, аз қабули қарорҳои ногаҳонӣ, аммо дар натиҷаи ниҳоӣ босамар ва ба манфиатҳои халқамон ҷавобгӯ набояд ҳаросем.
Аз ин нуқтаи назар фикр мекунам, ки шумурдани хусусиятҳои зерини асосии китоби «Замони муосир ва Ӯзбекистони Нав» бамаврид мебошад:
хусусияти якум, ба ташаббусҳои глобалии Ӯзбекистон, ки барои бартараф намудани муаммоҳои умумибашарӣ ва таъмини рушди барқарор равона карда шудаанд, эътибор нигаронидаанд;
хусусияти дуюм, самтҳои устувори сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатамон алоҳида таъкид гардидаанд;
хусусияти саввум, моҳият ва аҳамияти тағйироти куллие, ки роҷеъ ба барпо кардани пойдевори Эҳёи саввум дар Ӯзбекистон ва мустаҳкам намудани давлатдории миллиамон амалӣ мешаванд, амиқ мушоҳида гардидааст;
хусусияти чорум, мақсад, тамоюлҳои асосӣ, фалсафа ва мазмуну моҳияти стратегияи рушди мо равшан баён карда шудааст;
хусусияти панҷум, дар ҳоли додани баҳои холисона ба ҳолати воқеии рушди Ӯзбекистони нав дар замони муосир, роҷеъ ба истиқболҳои тараққиёти миллиамон ҳаматарафа фикр баён намудааст.
Роҳи рушди барқарор — роҳи ягонаи дуруст барои башарият
Китоби нави Президентамон аз сарсухан, хотима ва 6 қисм иборат аст. Ҳар як қисм дар худ мавзӯъҳои дахлдорро дарбар гирифта, ҳамагӣ аз 46‑фасл иборатанд. Аз рӯи ҳар як қисм ва фасл мақолаҳои алоҳида навиштан мумкин ва ин нияти худро дар оянда амалӣ хоҳем кард, иншооллоҳ. Дар ин мақола бо мулоҳизаҳои умумии мухтасар кифоя мекунем.
Номи қисми якуми китоб «Роҳи рушди барқароре, ки инсоният интихоб кардааст» аст. Дар он роҷеъ ба мақсадҳои глобалии неке, ки дар декларатсияи рушди ҳазорсолаи СММ, сипас дар ҳуҷҷатҳое чун «Рӯзномаи рушди барқарор дар даври то соли 2030» муайян шуда, дар бораи мизонҳои устувор роҷеъ ба рушд дар асри XXI фикр баён шудааст. Чуноне ки муаллиф боасос эътироф кардааст, «Роҳи рушди барқарор — роҳи дурусти ягона барои башарият».
Бинобар ин, Ӯзбекистон ба ҳамаи ӯҳдадориҳое, ки дар «Тартиби рӯз — 2030» муайян шудааст, пурра ва қатъӣ амал мекунанд. Муаллиф дар ин мавзӯъ сухан карда, аввало дар таҳрири нави Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон акс гардидани тамоюлҳои рушди барқарор, ҳуқуқи рушди барқарор ва мақсадҳои рушди барқарор аз тарафи ҳамҷамъияти байналмилалӣ, хусусан СММ баҳои баланд гирифтанаш эътибор нигаронидааст. Инчунин, дар китоб аз назари таҳлили батафсил гузарондани 10 хавфу хатар ва таҳдид дар роҳи рушди барқарор буда, сазовори диққат мебошад. Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо боварии комил таъкид кардааст, ки «таҳдидҳои замонавиро танҳо ба воситаи мулоқот, ба ҳисоб гирифтан ва ҳурмат кардани манфиатҳои якдигар, ба меъёрҳои умумэътирофгардидаи байналмилалии ҳуқуқ ба таври қатъӣ амал карда, бартараф намудан ва айнан бо ҳамин роҳ аз роҳи тараққиёти демократии ҳамҷамъияти дунё набаромада, ба қадам гузоштан муваффақ шудан мумкин аст».
Аз ҳама муҳимаш, халқи мо сарфи назар аз таҳдидҳои даври имрӯза, аз ин рӯ низ барои ҳифзу посдории осоиштагӣ ва барқарорӣ дар диёрамон, таъмини рушди барқарори инсон, ҷомеа ва давлат, саъю ҳаракатҳои созанда, ки ба бунёди давлати демократии ҳуқуқии сатҳи зиндагии баланд дошта, ба барпо намудани ҷомеаи нави шаҳрвандии боадолат нигаронида шудаанд, бо қатъият давом медиҳад. Бинобар ин, «Барпо намудани Ӯзбекистони Нав — таърихи наздик ва дурамон, сарватҳои мадании бетакрор ва ноёбамонро боз ҳам амиқ омӯхта, ба онҳо такя намуда, давом додани роҳи мустақили миллии тараққиётамон мебошад».
Фалсафа ва тамоюлҳои асосии ислоҳотҳоямон, ки чунин мақсадҳои нек доранд, чӣ хел бояд бошанд? Муаллифи китоб дар хусуси айнан ҳамин савол ҳаматарафа фикр карда, чунин менависад:
«Барои бунёди Ӯзбекистони Нав ғоя ва ҷаҳонбинии нав, ки орзу ва майли халқамон, инчунин моҳият ва фалсафаи ислоҳотҳои васеъмиқёсамонро акс мекунанд, талаб карда мешаванд. Ба фикрам, ин ҷаҳонбинӣ, аввало бар асоси «фалсафаи рушди барқарор» ташаккул ёбад.
Бояд таъкид намуд, ки худи ҳаёт танҳо дар ҳоли мутаносибан амалӣ намудани ислоҳотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо тағйироти соҳаҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ, маънавӣ-ахлоқӣ ва ғайра босамар шудани онро нишон медиҳад. Бинобар ин, чуноне ки муаллиф таъкид кардааст, «мо роҳи рушди демократиамонро бар асоси тамоюлҳои таъмини суръати ба талаботи давр мувофиқ, пайваста ва ба қафо барнагаштан, инчунин, бар асоси тамоюлҳои рушди барқарор роҳи қатъӣ давом додани онро интихоб намудем».
Шавкат Мирзиёев солҳои охир ба яке аз масъалаҳои долзарб — қадр, ҳуқуқ ва озодии инсон, тамоюли садоқат ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ки дар маркази диққати на танҳо Ӯзбекистон, балки ҳамҷамъияти тамоми ҷаҳон аст, эътибори алоҳида медиҳад, ки айни муддаост. Зеро, дар 50 соли охир танҳо дар доираи СММ дар ин самт беш аз 120 ҳуҷҷати байналмилалӣ қабул шудааст, ки худи ҳамин то чӣ андоза аҳамияти бузург доштани тамоюли мазкурро баръало нишон медиҳад.
Вақте дар ин бора фикр мекунед, бояд таъкид кард, ки дар таҳрири нави Сарқонуни мо шумораи меъёрҳо роҷеъ ба кафолати ҳуқуқҳои инсон 3,5 баробар зиёд шуда, дар он беш аз 40 ҳуқуқи нави конститутсиявӣ дохил гардидааст. Бо таъбири муаллифи китоб гӯем, «мо Сарқонуни мазкурро барои «Қонуни роҷеъ ба ҳуқуқҳои инсон»-и ба худ хоси Ӯзбекистони Нав гуфтан ҳамаи асосҳоро дорем.
Диёрамон ба воситаи ба ҳаёт татбиқ намудани ғояҳои нави «Давлат — барои инсон», «Аввал инсон, сипас ҷомеа ва давлат» сӯи мақсади бунёди давлати халқона ва халқпарвар бо қатъият пеш меравад. Бинобар ин, чуноне ки дар фасли айнан дар ҳамин мавзӯи китоб қайд гардидааст, «ғояи барпо намудани давлати боадолат ва замонавӣ, ки танҳо ба халқ хизмат мекунадро ба сифати яке аз тамоюлҳои асосии рушди Ӯзбекистони Нав муайян кардем».
Дар навбати худ, саволи табиие ба миён меояд, ки оё бе иштироки аҳолӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бе баррасии ҷомеаи васеъ қонун ва қарорҳои боадолат қабул кардан мумкин аст? Муаллиф дар ин маврид ба ғояи «Ҷомеа — ташаббускори ислоҳотҳо» эътибор нигаронида, аз ҷумла менависад, ки «ташаббускор ва муаллифи ҳақиқии таҳрири нави Сарқонун халқамон мебошад».
Дар китоб боз як тамоюли миллӣ ва умумиинсонӣ ба майдони муҳокимаи васеъ гузошта шудааст. Ин масъалаи садоқат ба ғояҳои демократия, баробарӣ, адолати иҷтимоӣ ва муттаҳидӣ аст. Ғайр аз ин, дар ҳоли ба назар гирифтани қонуниятҳои ба худ хоси тараққиёти мамлакатамон ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт, масъалаҳои устуворе, ки дар давлати иҷтимоии дар Ӯзбекистони Нав барпошаванда эътибор нигаронида мешаванд, ҳаматарафа нишон дода шудаанд. Аз ҳама асосиаш, ба фикри муаллиф мафҳумҳои «давлати иҷтимоӣ» ва «қадри инсон» бо якдигар тавъам вобастаанд.
Ба воситаи дар миқёси дунё рақобатбардошт намудани Ӯзбекистони Нав, рушди босуръати сохторҳои илму фан, таълиму тарбия ва ҳифзи саломатӣ дар ҷомеа капитали инсонро баланд бардоштан мумкин аст. Дар китоб истиқболҳои рушди капитали инсон васеъ таҳлил карда шудааст.
Хулосаи ин таҳлилҳо чӣ хел аст? Шавкат Мирзиёев навиштааст, ки «худи даври шадиди имрӯза аз мо талаб мекунад, ки дар мамлакатамон барои рушди сиёсати давлат роҷеъ ба ҷавонон соҳаҳои таълиму тарбия, ҳифзи тандурустӣ, илму фан, маданият ва варзиш имкониятҳои нав ба навро ёфта, онҳоро роҳандозӣ кунем».
Дар қисмҳои «Ӯзбекистони Нав: тараққиёти барқарории иқтисодӣ», «Сайёраи мо ва Ӯзбекистони Нав: рӯ ба рӯ бо таҳдидҳои экологӣ», «Давлати дар хизмати халқ — саодати бузург барои халқу диёр», «Ӯзбекистони Нав — давлати бехавф ва сулҳпарвар»-и китоб низ ба чӣ хел пойдевори мустаҳкам асос ёфтан, аз ҳисоби кадом омилҳо таъмин шудани суръатҳои рушд айнан дар ин соҳаҳо, обрӯву эътибор ва нуфузи дар майдони ҷаҳон зиёдшаванда, мақсад ва вазифаҳои барои истиқболи дур ва наздик пешбинишудаи мамлакатамон ҳаматарафа амиқ таҳлил карда шудааст.
Аз эътибори муаллиф дар канор намондани ислоҳотҳои серқирраи сиёсӣ-ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавӣ-маърифатии Ӯзбекистони Нав, ягон самти муносибатҳои байни ҳамҷамъияти ҷаҳон ва мамлакати мо ҷиҳати ба таҳсини аз ҳама беш сазовори китоб мебошад. Чуноне ки Президентамон хоксорона қайд кардааст, «Мо бо шумо якҷоя ба роҳи мураккаб ва пуршарафи ниҳоят кӯтоҳ ва ба якчанд даҳсола басандаи Ватани ҷонаҷонамон, ки қисми ҷудонопазири башарият ба ҳисоб рафта, дар тамоми дунё ҳамчун Ӯзбекистони Нав эътироф мекунанд, боз як бор назар андохтем».
Хулоса карда гӯем, аҳамияти асари мазкур дар дарки тамоюлҳои рушди бошиддат ва зиддиятноки замони ҳозира аз нуқтаи назари даври мураккаб ва ботаҳлука расидан ба қадри ҳаёти имрӯзаи тинҷ ва фаровон, ба оянда бо боварии калон нигоҳ карда, дар ҷараёнҳои барпо намудани Ӯзбекистони Нав ба сифати шаҳрванди бошуур ва бунёдкор ба таври муносиб иштирок кардан, инчунин барои тарбияи авлоди нави ватанпарвар беназир мебошад. «Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки Ӯзбекистони Нав аз они ҳамаамон буда, аз орзу ба ҳақиқат, аз имконият ба воқеият табдил ёфтани он ба мо вобаста аст».
Акмал САИДОВ, академик.
(Аз рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон»,
тарҷумаи Тошқул АЗИМОВ.)
