«Brand Analytics» натиҷаҳои тадқиқоти аудиторияи фаъоли шабакаҳои иҷтимоии Ӯзбекистонро нашр кард. Таъкид шудааст, ки дар тадқиқот таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун воситаи муоширати ҷамъиятӣ ва ташаккули афкори омма омӯхта шуда, диққати асосӣ ба аудиторияи фаъол (менавишта) равона гардидааст.
Ҳамчунин, дар тадқиқот рейтинг расонаҳои фаъоли онлайн, ки бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ истинод (ҳавола) шудаанд, пешниҳод гардид. Дар рӯйхат 20 шабакаи фаъоли Ӯзбекистон зикр гардидааст. Таъкид шудааст, ки нишондиҳандаи иқтибосҳо маъруфияти расона ва ҷолибияти маводи онҳо барои хонандагонро нишон медиҳад.
Ин рейтинг дар асоси шумораи истинодҳои маводи расонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тартиб дода шудааст. Дар он «Kun.uz» бо 54 334 иқтибос пешсаф буда, «Lex.uz» (18 547 иқтибос) ва «ӮзА» (15 628 иқтибос) низ дар зинаҳои баланд қарор гирифтаанд.
Дӯстони азиз! Барои дар оянда аз ин рейтинг ҷой гирифтани сайти «Ovozi.uz» саҳми худро ҳамроҳ намоед ва хабарҳои ҷолиби моро ба дӯстони худ фиристед.
