Рӯзҳои 9-10-уми ноябри соли ҷорӣ бо даъвати губернатори префектураи Гифуи Ҷопон Х.Фурута ҳайати вакилони Самарқанд таҳти роҳбарии ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Р.Қобилов ба Ҷопон сафар кард. Зимни ин сафар бо иштироки соҳибкорони Гифу ва Самарқанд семинари тиҷоратӣ ва муаррифии иқтидори сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон баргузор шуд. Ҳадафи асосии чорабинӣ васеъ намудани имкониятҳои ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ӯзбекистон ва Ҷопон мебошад.
Дар рафти семинар вохӯриҳо бо намояндагони корхонаҳои бузурги Ҷопон, аз ҷумла, Seria Co.,Ltd, VALOR HOLDINGSco.Ltd, Suehiro Seni (корхонаи нассоҷӣ), JTB (корхонаи сайёҳӣ) ташкил карда шуданд.
Дар давоми мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои ду кишвар, таҳкими равобити иқтисодии Самарқанд ва префектураи Гифу баррасӣ гардид. Инчунин, ширкатҳои ҷопонӣ бо объектҳои мероси фарҳангии Ӯзбекистон ва имкониятҳои сайёҳии он аз наздик шинос шуданд.
Дар ҷараёни сафар ба даст овардани созишҳо оид ба таблиғи имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон ва муаррифии объектҳои мероси фарҳангӣ ба мардуми Ҷопон, инчунин ҷалби сармоя ба нақша гирифта шудааст.
Рӯзи 11-уми ноябр дар идомаи ташриф тақдимот ва намоиши бахшида ба салоҳияти сармоягузорӣ ва сайёҳии вилояти Самарқанд гузаронида шуд. Дар чорабинӣ губернатори префектураи Гифу шахсан иштирок намуда, бо имкониятҳои иқтисодӣ ва мероси ғании фарҳангии Самарқанд шинос шуд.
Дар ҷараёни намоиш ва тақдимот ҷойҳои ҷолиби диққати Самарқанд, захираҳои сайёҳӣ ва имкониятҳои мусоиди сармоягузорӣ барои сармоягузорони хориҷӣ ба намоиш гузошта шуданд. Меҳмонон имкон доштанд, ки дар бораи мавзеъҳои нодири сайёҳии Самарқанд ва арзишҳои таърихии он маълумоти пурра гиранд.
Ин чорабинӣ барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Ҷопон, инчунин дар рушди бахшҳои сайёҳӣ ва сармоягузории вилояти Самарқанд нақши муҳим мебозад.
Ҳайати вакилони Самарқанд дар Ҷопон
