(Горькая полынь)
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк
- Рӯзе як бор ду дирам талхшувоқро ҷӯшонида, обашро бинӯшанд. Бухорҳои фосиди баданро дафъ мекунад.
- Талхшувоқро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко махлут карда, бар буғумҳо бимоланд, дарди онҳоро нест мекунад.
- Талхшувоқро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, дамъа — бемории чашм, ки ҳамеша чашми маризи он тар мебошад, ба ибро меоварад.
- Ҳар рӯз ду дирам талхшувоқро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, бодҳои майнаро таҳлил мекунад.
- Талхшувоқро кӯфта бо об хамир карда, ба мавзеъи до-ул-ҳайя гузошта банданд, мӯй мерӯнад.
- Талхшувоқро кӯфта, бо об хамир карда, ба мавзеъи до-ус-саълаб барбанданд, мӯй мерӯёнад.
- Талхшувоқро дар об ҷӯшонида, бо он об ғарғара кунанд ва мудовамат намоянд, каҷ шудани рӯйро ислоҳ мекунад.
- Ҳар рӯз ду дирам талхшувоқро дар об ҷӯшонида бо асал биёшоманд, аз нотавон шудани аъзо наҷот меёбанд.
- Ду дирам талхшувоқро дар об ҷӯшонида он обро бинӯшанд, иштиҳои гумшударо барқарор мекунад.
- Ҳар рӯз ду дирам талхшувоқро дар об ҷӯшонида, бо асал биёшоманд, аз кобус – дар ҳолати хоб хаёле ва сурати вазнин мефишорад, онро халос мехӯрад.
- Ду дирам талхшувоқро дар об ҷӯшонида он обро соф карда, бо асал бихӯранд, лиқваро – каҷ шудани рӯй халос мехӯранд.
- Ҳар рӯз ду дирам талхшувоқро дар об ҷӯшонида бинӯшанд, бемориҳои маъқадро ки аз сардӣ бошад, шифост.
- Рӯзе ду дирам талхшувоқро дар об ҷӯшонида биёшоманд, дарди буғумҳоро бартараф мекунад.
- Ду дирам талхшувоқро дар об ҷӯшонида, он обро биёшоманд, меъдаро қавӣ мегардонад.
- Ду дирам талхшувоқро дар об ҷӯшонида, он обро биёшоманд, мизоҷи вайроншударо ислоҳ мекунад.
