Ovozi.uz

Ба хуқуқи истеъмолкунандагон бояд дар ҳама ҷо кафолат дода шавад

Дар Самарқанд ҷамъомади машваратии созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳои туркӣ ба кори худ шурӯъ кард.
Дар ин чорабинӣ, инчунин, котиботи ин созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони кишварҳои узви Созмони байналмилалии истеъмолгарон (Consumer International), масъулони парлумони кишварамон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзиданд.
Дар маросими ифтитоҳи анҷуман ҷонишини раиси Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асадулло Қаюмов, раиси Федератсияи ҷамъиятҳои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Саримсоқов дар бораи мақсади чорабинӣ ва натиҷаҳои аз он пешбинишуда сухан ронданд.
Сардиректори Созмони байналмилалии истеъмолкунандагон (Consumer International) хонум Ҳелен Лоран тавассути видеомуроҷиат ба кори ҷамъомади машваратӣ муваффақият таманно намуд.
Пас аз он ҷамъомади машваратии роҳбарони созмонҳои фаъол дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар кишварҳои аъзо ва иштироккунандаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид.
Дар ҷамъомад роҳбари Маркази дипломатияи халқии Созмони ҳамкории Шанхай Қобилҷон Собиров ва узви ҳайати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё оид ба танзими техникӣ Валентин Татариский вазъи имрӯзаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро баррасӣ карданд.
— Тасодуфӣ нест, ки ин чорабинии бонуфуз бори аввал дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, — гуфт Шоҳруҳ Бобонов, мушовири дабири кулли СҲШ. — Солҳои охир дар кишварамон қонунгузорӣ дар ин самт такмил ёфта, аҳамияти ҷомеа дар ҳаёти давлату мардум афзуд. Мубодилаи мутақобилаи ин ва дигар таҷрибаи пешқадам на танҳо ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, балки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи ҳамкорӣ хизмат мекунанд.
Дар ҷамъомад роҳбарони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишварҳои узви СҲШ аз таҷрибаи худ нақл ва пешниҳодҳояшонро баён карданд.
Намояндагони Ӯзбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон дар ҷамъомади машваратии раҳбарони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони кишварҳои узви Созмони кишварҳои туркӣ иштирок ва дурнамои ҳамкориҳои ояндаро маслиҳат карданд.
Дар ҷамъомад ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолчиён дар ҳудуди давлатҳои дигари иштироккунанда, баррасӣ намудани муроҷиатҳои транссарҳадӣ, таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар «бозори рақамнок» ва масъалаҳои монанди ин муҳокима гардид.
— Чунин чорабиниҳои босалоҳият дар рушди соҳа аҳамияти калон доранд, — гуфт Мадонна Коидзе, раиси Федератсияи истеъмолгарони Гурҷистон. — Зеро дар рафти он мо имконият пайдо мекунем, ки таҷрибаи ҳар як мамлакатро омӯхта, бо роҳи такмил додани он ба худамон татбиқ намоем. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бо роҳи дуруст истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда самараи баландро ба даст овардан мумкин аст. Масалан, мо дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тавассути медиа таҷриба дорем. Лоиҳаи мазкур ба беҳдошти саводнокии ҳуқуқии истеъмолкунандагон нигаронида шудааст. Агар он барои иштирокчиён ҷолиб бошад, мо хурсанд мешавем.
Дар ҷамъомадҳои машваратӣ ҳамчунин масъалаи таъсиси Ассотсиатсияи байналмилалии созмони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони давлатҳои туркӣ, ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолият мебаранд, баррасӣ шуд.