Дар ин бора раиси Шӯрои намояндагони халқи вилоят Ш.Негматов дар қарори «Дар бораи даъвати сессияи дуюми Шӯрои намояндгони халқи вилояти Самарқанд, даъвати ҳафтум», ки рӯзи 25-уми ноябр қабул кардааст, хабар дод.
Тибқи он, рӯзи 28-уми ноябри соли 2024 сессияи дуюми Шӯрои намояндагони халқи вилоят, даъвати ҳафтум баргузор мегардад.
Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шудааст:
— дар бораи ташкили комиссияҳои доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят ва тасдиқи таркиби шахсии он;
— дар бораи тасдиқи дастуруламал оид ба коргузории Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд;
— дар бораи тасдиқ намудани низом роҷеъ ба котибияти Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд;
— дар бораи таҳияи лоиҳаҳои қарорҳои Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд ва тасдиқ намудани услубиёти аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронидани онҳо;
— дар бораи тасдиқи сохтори ташкилии нави аппарати идораи ҳокимияти вилоят;
— дар бораи тасдиқи баъзе қарорҳои ҳокими вилоят.
