Ovozi.uz

Дар ИМА марде, ки 30 сол ноҳақ дар зиндон нишаст, ба 13 млн доллар компенсатсия муносиб дониста шуд

Тӯли солҳои дар зиндон гузаронидааш Майкл Салливан аз модару чор бародару додарон ва хоҳаронаш ҷудо гардидааст. Дар ин бора АР хабар додааст.

Охир оқибат дар моҳи ноябр Майкл Салливани 64-сола бегуноҳ дониста шуд. Вай аз соли 1986 то соли 2013 дар зиндон нишастааст. Ин мард соли 1986 дар дуздӣ ва куштори Уилфред Макграт айбдор шуда, ба ҳабси якумра маҳкум гашта буд. Ба қарибӣ аъзои ҳайат ба бегуноҳ будани Салливан боварӣ ҳосил карданд.

Суд қарор кард, ки ба маҳбуси собиқ 13 миллион доллар пули пардохт диҳад, аммо мувофиқи қонунҳои штат дар чунин ҳолатҳо миқдори максималии компенсатсия 1 миллион долларро ташкил мекунад. Инчунин, ҳайати суд муайян кард, ки кимёгари пулис дар ҷараёнҳои суд гувоҳии бардурӯғ додааст. Ғайр аз ин, дар ҷараёни суди соли 1987 айбдор Гери Грейс, ки дар ҷиноят шарик дониста шудааст, барои гувоҳияш бар зидди Салливан ҷазои худашро сабук кардааст.

Ҳоло, ки Салливан ба адолат расид, дар бораи ҳангоми дар зиндон буданаш тамоми наздиконашро аз даст доданаш, аз духтари дӯстдоштааш ҷудо шуданаш, худаш бошад чандин бор дучори ҳуҷуми маҳбусон гардиданашро мегӯяд. Акнун дар озодӣ вай ба муаммои мутобиқат бо ҷамъият дучор гардида, барои камтаҷруба буданаш кор пайдо карда наметавонад. Вай пардохти молиявиро барои беҳтар намудани зиндагии худ ва табобат истифода бурда, ба хондан дохил шуданро ба нақша гирифтааст.