Дар вилоят шумораи ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ (ТFF) зиёд мегарданд. Онҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дигар арзишҳои демократӣ, ноил шудан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти маънавӣ ва дигар ниёзҳои ғайримоддӣ, фаъолияти эҳсонкорӣ ва дигар мақсадҳои иҷтимоӣ таъсис дода мешаванд. Бинобар ҳамин, фаъолияти онҳо то рафт вусъат меёбанд.
Ҳоло дар вилояти мо 813 ташкилоти ғайри давлативу ғайритиҷоратӣ амал мекунанд.
Агар ба маълумотҳо дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои минтақавӣ, ҳамкорӣ бо аъзоён ва созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ рӯ орем, корҳои дар семоҳаи 3‑юми соли 2024 анҷом дода шуда, чунин аст: дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шӯъбаи вилоятӣ ҷамъ 73 чорабинӣ гузаронида шуд. Онҳо сӯҳбатҳои гирди мизи мудаввар, семинар, вохӯрӣ, ҷамъомаду мониторингҳои ҷамъиятӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратие, ки фаъоланд ва вазъияти молиявиашон барқарор аст, 217‑то мебошанд. Қисми асосии кормандони ин ташкилотҳо дар асоси музди меҳнат кор кунанд, бештар 1300 нафар дар асоси ҷамъиятӣ меҳнат менамоянд.
Дар моҳҳои гузаштаи соли равон боз 22 ташкилоти ғайри давлативу ғайри тиҷоратӣ ба аъзогӣ қабул карда шуданд.
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи Ӯзбекистон‑2030 дар соли ҷавонон ва соҳибкорӣ» барои таъмини шуғли занон, дар байни онҳо ривоҷ додани тадбиркорӣ ва омӯзонидани касбу ҳунар якҷоя бо ташкилотҳои дигар чорабиниҳои зиёде гузаронида шуданд.
Аъзои Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, раиси маркази «Умед-Д» кӯмакрасонии хайрияӣ ба гирифторони бемории диабети қанд ва шаклҳои дигари ногироӣ Каринэ Валеревна Татинсян, ки барои корҳои шоёнаш соҳиби медали «Шӯҳрат» шудааст, ҳатто меҳмони барномаи «Барои қадри инсон»-и телеканали «Маданият ва маърифат»-и Тошканд гардид.
Бо ташаббуси раиси шӯъбаи ноҳиявии Ассотсиатсияи «Зани соҳибкор»-и ноҳияи Пахтачӣ Мавҷуда Амонова барои ба мардум хизмати беғараз расонидан, дар хонаи худ музей ва китобхона барои ҷавонон ташкил кард. Китобхонаи ӯ зиёда аз 350 адад китобҳои бадеӣ ва таърихиро фаро мегирад.
Мавҷуда Амонова модари меҳрубон ва ташаббускор аст. Вай дар як вақт дар чанд соҳа пурсамар кор карда, дар пешрафти кишвару ҷомеа саҳми арзанда мегузорад.
Чанд рӯз пеш иштирокчиёни форуми созмонҳои ғайриҳукуматии Ӯзбекистону Озарбойҷон, ки дар Тошканд доир шуда буд, ба Самарқанд низ омаданд.
Меҳмонони ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии озарбойҷонӣ қабри Президенти аввалини моро зиёрат карда, бо шаҳри кӯҳна шинос шуданд.
Баъд аз он меҳмонон аз маҷмааи Регистон, зиёратгоҳи Шоҳи Зинда дидан намуда, ба ин ёдгориҳои меъмориву таърихи шаҳри мо баҳои баланд доданд. Ҳангоми қабулу гусели онҳо аз таҷрибаҳои корҳои TFF-ашон ҳам нақл карданд.
Умуман, ин гуна вохӯриву чорабиниҳо, аз қабили такмилдиҳии омӯзиши забонҳои хориҷӣ, азхудкунии касбҳои замонавии ҷавонон, аз захираҳои об самаранок истифода бурдан, иштироки ташкилотҳои TFF бар зидди коррупсия, пешгирии партовпартоӣ дар маҳалҳои зисти аҳолӣ ва ҳоказо бисёр гузаронида мешаванд ва дар онҳо ташкилотҳои давлатӣ ҳам бо мо ҳамкорӣ мекунанд.
Шоим КЕНҶАЕВ,
сарвари шӯъбаи ҳудудии Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд.
