Ovozi.uz

Мақсад — барқарории саломатии аҳолӣ

Садорати санитарию эпидемиологии осоиштагӣ ва саломатии ҷамоатии вилоят якҷоя бо ташкилотҳои ҳамкор бахшида ба корҳое, ки дар соли 2024 иҷро карда шудаанд ва вазифаҳои устувори соли 2025 барои журналистону блогерон пресс-тур ташкил кард. Ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ дар садорат шуда, бо фаъолияти лабораторияҳои он шинос шуданд. Маълум гардид, ки ходимони Садорати санитарию эпидемиологии осоиштагӣ ва саломатии ҷамоатии вилоят ва шӯъбаҳои шаҳриву ноҳиявии он ба 4 миллиону 216 ҳазору 220 нафар сокинони вилоят хизмати босифат мерасонад.

Бо саъю кӯшиши мутахассисони садорат аз 39 намуди бемориҳои сироятӣ 15 хелаш (домана, гул, сулфакабудак, паротиф, менингит, сурхак, вараҷа, зуком ва дигар бемориҳои хеле хавфнок), ки 14,5 дарсадро ташкил медиҳанд, дар вилоят ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар 11 моҳи соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 намуд (салмонеллез, бемориҳои шадиди сироятии рӯда, бруселлёз, ВИЧ/СПИД, скарлатина, гепатитҳои вирусӣ, ангезандаи вируси гепатит, гепатити музмин, вируси шадиди респираторӣ, бемориҳои сил, трихофития, педикулёз, энтеробиоз, Ковид) ба қадри 41 дарсад коҳиш ёфтани бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ мушоҳида шудааст. Як навъи беморӣ (лейшманиоз) мисли порсола дар холати мӯътадил қарор дорад. Дар 7 намуд ё худ 18,0 дарсади бемориҳо (сурхак, қӯтур, сӯзак, тениаринхоз, лейшманиоз, геминолепидоз) афзоиш мушоҳида карда шудааст.

Сардори шӯъбаи радиологияи садорат Бахтиёр Рустамов, роҳбари шӯъбаи иммунопрофилактика Шоира Халилова, сарвари лабораторияи вирусология Юлдуз Облоқулова, сардори шӯъбаи лаборатории санитариву гигиенӣ Шакарбой Саидов ва дигарон дар ҷои корҳои худ аз фаъолияти лабораториҳо маълумот доданд ва ба саволҳои ходимони матбуот ҷавоб гардонданд. Ҳангоми сӯҳбат сарвари садорат Латиф Рустамов ва ҷонишини сардухтури Садорати санитарию эпидемиологии осоиштагӣ ва саломатии ҷамоатии вилоят Зоҳир Мӯъминов маълум шуд, ки 6 лабораторияи садорат 16 шӯъба доштааст. Ҷамъи ходимони садорат 167 нафар будаанд. Барои аниқу дақиқ таҳлил кардан 6 хел ускунаву дасгоҳҳои ҳозирзамони лабораторӣ гирифтаанд. Аксари онҳо дар Хитой истеҳсол карда шудаанд. Дар худи садорат Медиа-марказ ташкил кардаанд. Шӯъбаҳои садорат дар ноҳияҳои Нурободу Ҷомбой аз нав сохта мешаванд. Шӯъбаҳои ноҳияҳои Ургут ва Булунғур азнавсозӣ мегарданд.

Б.ҶУМЪАЕВ