Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки ҷонишини Садорати ихтисори камбизоатӣ ва таъмини шуғли вилоят Беҳзод Саидов, масъулони соҳа ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз зикр гашт, ки ҳоло 2 миллиону 189 ҳазор нафар аҳолии вилоят қобили меҳнат дониста шуда, беш аз 1 миллиону 520 ҳазор нафарашон бо ҷойи кор таъминанд.
– Дар сектори расмӣ таъмини шуғли 579 100 нафар, дар бахши ғайрирасмӣ 662 ҳазору 900 нафар таъмин гардида, беш аз 153 ҳазор нафар барои кор ба хориҷа рафтаанд, – гуфт Б.Саидов. – Шумораи бекорон 90 ҳазору 800 нафар ва сатҳи бекорӣ 5,6 фоиз мебошад. Умуман, имсол дар вилоятамон то 5,2 фоиз кам кардани сатҳи бекорӣ пешбинӣ шудааст ва дар ин асос корҳо амалӣ мегарданд. Бо ин мақсад аз аввали сол бобати бо кор таъмин кардани 37 ҳазору 768 нафар шаҳрвандон кӯмак кардем. 4500 нафар шаҳрвандон ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шуданд.
Зикр гашт, ки ҳоло дар 11942 корхонаву ташкилоти вилоят 26501 ҷойи холии корӣ мавҷуд аст. 4816-то ҷойи корӣ ба ташкилотҳои давлатӣ ва 21685-тоаш ба корхонаҳои бахши хусусӣ рост меоянд.
Ҷонишини сардори садорат таъкид кард, ки солҳои охир саҳми сектори хусусӣ дар таъмини шуғли аҳолӣ меафзояд.
Наврӯз БОБОАҲМАДОВ
