Дар моҳи декабри соли 2024 қиматтарин оши палав дар шаҳри Тошканд, арзонтаринаш дар вилояти Намангон фурӯхта шудааст. Дар ин бора Агентии омор (статистика) хабар дод.
Агентии статистика нархҳои миёнаи оши палавро аз рӯи нархи марказҳои оши ҳудудҳо муайян кардааст.
Се ҳудуде, ки оши палав аз ҳама ҷо қимат фурӯхта мешавад: шаҳри Тошканд (35 700 сӯм), вилояти Бухоро (33 700 сӯм) ва вилояти Андиҷон (31 200 сӯм).
Се минтақае, ки оши палав аз ҳама ҷо арзон фурӯхта мешавад: вилояти Сирдарё (25 700 сӯм), ҷумҳурии Қароқалпоқистон (25 700 сӯм) ва вилояти Намангон (22 200 сӯм).
Дар ҳудудҳои дигар нархи миёнаи ним порсияи оши палав чунин аст:
вилояти Хоразм – 30 900 сӯм;
вилояти Қашқадарё – 30 700 сӯм;
вилояти Самарқанд – 30 500 сӯм;
вилояти Ҷиззах –28 800 сӯм;
вилояти Сурхондарё – 28 600 сӯм;
вилояти Тошканд – 27 300 сӯм;
вилояти Навоӣ – 26 800 сӯм;
вилояти Фарғона – 26 600 сӯм.
