Дар як маърака ҷавонзане, ки духтарчаи яксола дошт, саломи нимғурма дода, вориди хона шуд. Духтарчаашро ба паҳлӯяш шинонида, аз сумкачаи кӯдакаш телефонеро бароварда, бозиеро гузошта, гуфт:
— Ма, инро дида шин!
Авсунаш ҳам духтарчаи сесолаашро оварда, ба назди ӯ шинонида гуфт, ки ба корҳои берун ёрӣ медиҳад. Аз ваҷоҳати ҷавонзани якум барфу борон меборид:»Шин, ту ҳам ба телефон нигоҳ кун!» — гуфт. Худаш аз киса телефони гаронбаҳоеро бароварда, саросемавор аз он чизеро кофт. Духтарчаи яксола як ба модараш ва як ба телефон нигоҳ карду даст ба дастурхон зада, онро ба тарафи худ кашид. Барои ин гуноҳаш аз дастчааш сахтакак шатта хӯрд.
— Ба телефон нигоҳ кун!
Духтарча машғули тамошои телефон шуд. Модар ҳамон аз телефон чизеро мекофт. Духтарчаи сесола ба чизе, ки янгааш монда буд, нигоҳ карда меистод. Аммо яксолааш хеле шаттоҳ буд. Ӯ ба модараш нигариста дид, ки банд аст, зуд ба тарафи дар давид. Модараш дошта оварду ба сараш бо мушт таҳдидкунон гуфт:
— Дафъ шуда, телефоната тамошо карда шин!
Кӯдаки яксоларо ба телефон чӣ кор?
Аз рафтори ҷавонзан маълум буд, ки ӯ телефони нав харида, чанд бозиеро ба телефони кӯҳнааш гузаронида, барои кӯдаки яксолааш машғулияти «фоиданок» ёфта буд. Ниҳоят, гӯё чизи кофтаашро ёфта бошад:
— Заказа овардед? — гуфт. — Хайр, кӯдакамро хобонам, рафта мегирам.
Кӯдакаш дид, ки модараш машғули сӯҳбат аст, ин дафъа ба тарафи тиреза гурехт. Дар токчаи тиреза гулдон меистод. Духтарча дӯстрӯяк бошад, ки ҳаракат ва нигоҳҳояш маймунвор буд. Вай мехост гулдонро чаппа кунад.
— Э ба дилам задӣ-ку, дафъ шуда шине-е! — гуфта бо иллат оварда ба ҷояш шинонд.
Занҳо ба аҳволи модари нодону духтарчаи чаққон хандиданд. Яке аз онҳо ба ҷавонзан маслиҳатомез гуфт:
— Охир, бо кӯдак гап зан, меҳрубонӣ кун. Кӯдаки яксола телефона чӣ кор мекунад?
— Э, ин ба дунё омадааст, ки бе телефон истода наметавонад, — гуфт ӯ бо чеҳраи гирифта. — Хӯрокаша медиҳам, суруди «Кӯк Жигули»-ро мемонам, хоб меравад.
Зани миёнсоли дигаре ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда гуфт, ки пештар зери болини кӯдакон китоб мемонданд, ки олиму доно шавад, алла мегуфтанд, ки гап ёд гирад, афсона мегуфтанд, ки хаёлоташ бой шавад.
— Э, китоб чӣ даркор? Ҳозир дар телефон ҳамааш ҳаст. Ҳоло касе китоб намехонад, афсона ҳам гӯш намекунад, — ҷавоб дод келинчаки ҳозирҷавоб.
Пиразане, ки ҳоҷибибӣ буд ва ба тарбияи келину набераҳояш сахт меистод, гапро аз дур сар кард:
— Ҳа, келинҳои ҳозира бо кӯдаки худ гап намезадаанд, барои ҳамин бачаҳои 4–5‑сола ҳам гап зада наметавонанд. Вой бар ҳоли муаллимоне, ки дар синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳанд. То ба ин хел бачаҳо гап ёд медиҳанд, ки синфи 5‑ум мешаванд. То китобхону саводнок мешаванд, ки синфи 11‑ро тамом мекунанд. Баъд онҳо таҳсилро дар донишкадаҳо чӣ хел давом медода бошанд?
— Ҳозир хондан шарт нест. Ҳамон нахондаҳо аз хондагиҳо бисёртар пул меёбанд, — гуфт келинчаки маҳмадоно аз телефон сар набардошта.
— Ҳа-а, — гуфта гапашро хулоса кард ҳоҷибибӣ. — Маълум мешавад, ки падару модарони ин кӯдакони бечора ба ҷои аллаи модар «Кӯк Жигули», ба ҷои меҳрубонӣ лату кӯб, ба ҷои лафзи ширину шеърёддиҳӣ, суханҳои дағалу ҳақорат, ба ҷои афсонаҳо ба лафзи модариашон, «Маша»-ю «Настя»-ро ҳар рӯзи Худо раво мебинанд. Аҷаб дунёст ин дунё!
Ногоҳ духтарчаи шӯх дид, ки ҳамроҳаш ба телефони ӯ нигоҳ мекунад, хам шуда ангушти ӯро чунон сахт газид, ки вай аз зӯри дард чиррос зада гиря кард.
— Чӣ ин қадар дод мезанӣ? Ҳоло ин дандон набаровардааст! — гуфт келинчаки бандаи телефон. Авсунаш давида омада, «чӣ гап?» гуфта пурсид.
— Ҳеҷ гап не, — гуфтанд меҳмонҳо, — Ин духтараки шӯх дасти апаашро газид, ҳоло дандон набароварда будааст.
Духтарча дандонҳояшро нишон дода механдид.
— Кӣ гуфт?! Охир даҳонаш пури дандон, ин бори якум нест, — гуфта авсунаш дасти хуншори духтарашро бо рӯймолча баст.
— Биё, вақти хӯрокхӯриат шуд, — гуфта ҷавонзан ва ба касе эътибор надода, чизҳояшро ғундошта, кӯдакашро бардошта рафт.
Духтарчаи ҷабрдида гирякунон телефон талаб мекард.
— Биё, телефони худатро ёфта медиҳам, — гӯён модараш ӯро ҳам бардошта бурд.
Зани миёнсол ҳанӯз ҳам гиребон дошта, мегуфт:
— Инаш ҳам телефони шахсӣ доштааст!
— Ҳоло шумо аз дигараш бехабар, — зани дигаре, ки ҷаҳондидатар менамуд, гуфт. — Ба боғчаҳо ҳам бо телефон бурда мегуфтаанд, ки барои зиқ нашудани фарзандҳояшон тарбиячиҳо монда диҳанд.
— Астағфируллоҳ, — гуфт ҳоҷиона. — Ин бачаҳо кай бозиҳои кӯдаконаашонро мекунанд? Дилам бар кӯдакон месӯзад!
Норхол БӮРАНОВА,
сокини маҳаллаи Оқсойи ноҳияи Нуробод.
