Боигарии калонтарин чист?
Гоҳо инсон ба саволҳои одитарин ҳам ҷавоби муайян ёфта наметавонад. Масалан, боигарии бузургтарин чист? Ба ин савол ҳама ҳар хел ҷавоб дода метавонад. Бачаҳо нисбатан ростгӯ ва самимитар мебошанд гӯён, аз се бача «Ба фикри шумо боигарии аз ҳама калон чист?» гуфта, пурсиданд.
Бачаи якум гуфт: «Албатта, агар барои хӯрданӣ нон ва барои нӯшиданӣ обатон бошад». Ҷавоби бачаи дуюм як калима шуд: «Осоиштагӣ». Бачаи сеюм бошад, «Ба фикри ман, боигарии калонтарин саломатӣ мебошад» гуфт.
Пеш аз он, ки ҷавоби дурусттарро муайян кунем, дар бораи се бача маълумот диҳам: бачаи якум аз қитъаи Африка мебошад, ки дар он ҷо пайдо кардани як қатра об ҳам мушкил аст ва одамон аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд; бачаи дуюм аз Сурия, ки ба майдони ҷангу марг табдил ёфтааст, мебошад; бачаи сеюм бошад, аз бемористони онкологӣ мебошад…
Байт:
Моҳро ҳам доғ дар рухсору рӯст,
Дарди ҳар одам аён танҳо ба ӯст.
Ҳаёти орзуӣ
Дар як ҳафта ҳафт рӯз кор карда, хаста шудам.
Боз либосҳои расмӣ: аз костюм-шими классикӣ, куртаи сафед ва гластукҳо дилгир шудам. Гӯё ин кифоя накарда бошад, дар роҳҳо мошинҳо тирбанд…
Сари вақт ба ҷои таъиншуда расида наметавонед. Вақте ки ба хона омадам, фарзандонам аз дасту пойҳоям дошта, пурсиданд, ки барои онҳо чӣ овардаам. Онҳо хастагиро намефаҳманд… сар ҷунбонда, ба хона даромадам.
Занам чой овард. Телевизорро гирондам: боз ҳамон сериалҳо… барномаҳои фароғатӣ… Хуллас, ҳама чиз такрорӣ ва дилгиркунанда менамуд. Сипас, ба телефонам сар задам. Ба интернет пайваст шуда, шабакаҳои иҷтимоиро пайгирӣ кардам.
Шахсе, гӯё вазъияти маро донад, ба ман мактуби зеринро ирсол намуд: «Аксҳо ва навиштаҳои шуморо мунтазам пайгирӣ мекунам. Ба одамони мисли шумо
ҳавас мекунам. Ман ҳам мисли шумо, серташвиш бошад ҳам, меҳнат кардан, либосҳои зебо пушидан, бо мошини шахсии худ ба кор рафтанро, ба хона равам. эҳсос намудани интизории фарзандон ва ҳамсарамро, чой дам карда овардани касеро, беташвиш тамошо кардани телевизорро, китоб хонда, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ табодули афкор кардандро мехоҳам. Вале имкониятҳои ман маҳдуд мебошанд».
Фаромӯш накунед, ҷараёнҳои ҳаётие, ки шумо дилгиркунанда ва беарзиш мешуморед, шояд барои баъзеҳо орзуҳои ширин бошанд.
Байт:
Шукр намову инро бигир ёд:
Ширин бувад бо ташвиш ҳаёт.
Баҳодур Убайдуллоҳ
