Ин ёдгориҳои қадимӣ дар натиҷаи таҳқиқоти археологӣ ошкор гардиданд ва онҳо маълумоти арзишманде дар бораи таърих ва мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунанд.
Академияи илмҳои Ӯзбекистон, Институти археология ва экспедицияи Бухоро аз ҷониби Музеи давлатии Эрмитажи Русия, 43 сол аст, ки дар харобаҳои Пойкент тадқиқотҳо анҷом медиҳанд. Дар ин ҷо, дар музей, беш аз 2200 экспонат, ки натиҷаи ин таҳқиқотҳо мебошанд, нигоҳ дошта мешавад. Бори охир дар ин манзил аслиҳаҳои қадимии металлӣ ва дигар лавозимот пайдо карда шуданд.
Аз Пойкент аслиҳаҳои металлӣ, ки дар Осиёи Марказӣ қадимтарин маҳсуб мешаванд, ёфт шудаанд
