«Асосгузори ҳаракати ҷадидия дар Туркистон», «намояндаи бузурги ҳаракати миллии озодихоҳӣ», «шахсияти фидокоре, ки тамоми ҳаёташро дар роҳи пешрафти илму фан, таълиму тарбия, адабиёту санъат ва матбуот, барои баланд бардоштани шууру тафаккури мардум ва расидан ба озодӣ бахшидааст»…
Ин таърифу тавсифҳо, ки дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи бошукӯҳ ҷашн гирифтани 150‑солагии асосгузори ҳаракати ҷадидия дар Туркистон, адиби номдор ва арбоби ҷамоатӣ, ношир ва омӯзгор Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» оварда шудааст, қалби мо — авлодони Беҳбудиро саршори ифтихор кард.
Даставвал, мехостам қайд кунам, ки дар солҳои охир ба ҷадидони бузурги гузаштаамон, бахусус омӯхтани зиндагӣ ва фаъолияти илмӣ-эҷодии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ роҳбари мамлакатамон Шавкат Мирзиёев эътибори алоҳида медиҳанд. Ин, бешубҳа, ба озодии Ватан, шод гардонидани рӯҳи аҷдодони бузургамон, ки барои маърифати халқ ҷон фидо намудаанд, инчунин, абадӣ гардонидани номи онҳо ва баланд бардоштани салоҳияти интеллектуаливу маънавии насли наврас хизмат мекунад.
Гузошта шудани пайкараи бобоямон дар «Хиёбони адибон»-и шаҳри Тошканд, ташкил гардидани хона-музеяшон дар шаҳри Самарқанд, таъсис ёфтани мукофоти ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ барои драматургони боистеъдод, таъсиси стипендия барои донишҷӯён ва офаридани филми бадеӣ барои омӯхтани мероси маънавии ин ҷадиди бузург кори басо хайру калон аст гӯем, муболиға нест.
Дар соли 2020 бо фармони Президентамон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бо ордени «Буюк хизматлари учун» мукофотонида ва ин мукофот ба авлодони Беҳбудӣ супорида шуд. Камина ин мукофотро аз дасти Президент қабул карда, ба эшон миннатдорӣ изҳор намуда будам.
Пас аз панҷ сол барои дар миқёси васеъ ҷашн гирифтани 150‑солагии ин маърифатпарвар қарор қабул гардид. Мо барои ин ба Президенти мӯҳтарам аз самими дил миннатдорӣ изҳор менамоем. Ҳамзамон, барои бо рӯҳияи баланд гузаштани чорабиниҳои солгардӣ, ҷамъ намудани маълумотҳо оиди бобоямон ва бой гардондани экспонатҳои хона-музей, албатта, саҳми хешро мегузорем.
Дар қарор омода ва нашри маҷмӯаи «Асарҳои мунтахаб»-и нависанда, китобҳои илмию омавӣ, ки ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ бахшида шудаанд, ба саҳна гузоштани спектакл дар бораи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва ташкили намоиши оммавии сериалҳои қаблан таҳияшудаи «Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» ва филми бадеӣ-публисистӣ аз силсилаи «Дили мардум» нишон дода шудааст. Дар шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд анҷуманҳои илмӣ, як қатор чорабиниҳои маданӣ, дар байни донишомӯзон ва донишҷӯён дар мавзӯи «Сабақҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» озмуни иншо гузаронида мешавад.
Боз як ҷиҳати дигаре, ки моро хурсанд намуд, то имрӯз дар шаҳри Қаршӣ, ки бобоямон дар он ҷо қатл карда буданд, ягон объекти вобаста ба номашон вуҷуд надошт. Дар қарор ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Қаршӣ додани номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва гузоштани лавҳи ёдгорӣ қайд гардидааст.
Бобоямон ҳаёти хешро ба маърифат бахшиданд, як умр бо ҳамин мақсад зиндагӣ карданд. Халқро ба таълим додани фарзандон даъват намуданд. Омӯзондани забон ва сабақ додан аз илмҳои замонавиро бо оянда вобаста карданд. Мактаб кушода, асар ва китобҳои дарсӣ навишта, ба кӯдакон сабақ доданд.
Рӯзномаи «Самарқанд», маҷаллаи «Оина»-ро таъсис дода, халқро ба бедорӣ даъват карданд. «Театр ибратхона аст» — гӯён, дар песаи «Падаркуш» ба кадом оқибатҳо овардани бедониширо нишон доданд. Ин асарро дар хонадони худ саҳнагузорӣ карда, ба тамошобинон пешниҳод намуданд.
Бобоямон барои тараққиёти миллат донистани забонҳои хориҷиро қайд карда, дар «Ду не, чаҳор забон лозим» ном мақолаи худ донистани забонҳои туркӣ, форсӣ‑тоҷикӣ, арабӣ, русӣ ва ҳатто англисӣ ё фаронсавиро ҳатмӣ шуморида, аҳамияти донистани забонҳои бисёрро дар ҳамин мақолаи худ батафсил шарҳ додаанд.
Ба назари ман, ин нигоҳҳо имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. Аз ин сабаб, мо мероси ҷадидонро чӣ қадар зиёд омӯзем, ғояҳои онҳоро тарғиб намоем, на танҳо барои имрӯз, балки барои оянда низ соҳиби манбаҳои пурқимат хоҳем шуд.
Шоҳрух БЕҲБУДӢ,
абераи Маҳмудхоҷа БЕҲБУДӢ.
