Ватандӯстӣ ҳамчун падидаи ҳаёти ҷамъиятӣ моҳият ва хусусиятҳои инкишофёбандаи худро дорад. Дар таърихи ҳар як давлату миллат марҳилаҳое ҳастанд, ки дар он рӯҳияи ватандӯстӣ ва ватанпарварии шаҳрвандон тақвият меёбанд. Барои мисол ба даст овардани истиқлоли сиёсиву давлатӣ дар таърихи муосири кишвар барои ҳар як шаҳрванди солимфикру равшанфикр дастоварди беназир буд. Соҳибистиқлолӣ тавонист, ки рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро тақвият диҳад. Мардум боз як бори дигар имкон пайдо намуданд, ки дар бораи кишвари худ, таърих ва фарҳанги он таҷдиди назар намоянд. Дар ин раванд корҳои бузурге ба анҷом расонда шуданд.
Пас ватандӯстӣ чист? Муҳаққиқон нисбати ин падида фикрҳои гуногунро матраҳ месозанд. Варианти аврупоии вожаи «ватандӯстӣ» — «патриотизм» «patris», калимаи юнонӣ буда, ба маънои «ҳамшаҳр» ва «ватан» далолат мекунад. «Ватандӯстӣ» ё «патриотизм» ҳамчун вожаи илмии илмҳои иҷтимоӣ, аз он ҷумла ҷомеашиносӣ, илми ахлоқ (этика) ва сиёсатшиносӣ мебошад. Пас ҳамчун истилоҳи илмӣ, ватандӯстӣ принсипи ахлоқӣ, сиёсӣ ва дар навбати худ ҳиссиёти иҷтимоӣ мебошад, ки мазмун ва моҳияти он меҳру муҳаббат ба Ватан, нияти холисона доштан барои пешрафт ва гулшукуфии Ватан, манфиатҳои ҷамъиятиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан, ба даъвати Ватан тайёру омода будан ва ғайра мебошад.
Пас, маълум аст, ки ватандӯстӣ ин муҳаббат ба Ватан мебошад. Дар маҷмӯъ, ҳамин дӯстдорӣ ва муҳаббат ба кишвар, ба Ватан як маҷмӯи тасаввуротҳо, ақидаҳое мебошад, ки дар худ номи «шуури ватандӯстӣ»-ро гирифтааст. Яъне ватандӯстӣ ин раванди маърифатӣ аст, ки аз ҷанбаҳои гуногун иборат мебошад. Шуури ватандӯстӣ яке аз ҷанбаҳои асосӣ ва муҳими тарбияи ватандӯстӣ аст.
Агар мо даврони соҳибистиқлолиро дар кишвар вобаста ба ин масъала баррасӣ намоем, пас корҳое, ки аз ҷониби Президент ва дигар ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ ба анҷом расидаанд, бевосита дар самти тақвияти шуури ватандӯстии шаҳрвандон равона гардидаанд. Барои мисол чунин иқдомҳо баргузории озмунҳои маърифатии ҷумҳуриявӣ, таваҷҷуҳи хосса намудан ба омӯзиши фарҳанг ва таърихи миллат, гиромидошти шахсиятҳои маъруфи илмиву адабӣ ва сиёсӣ, назари амиқ намудан ба расму оинҳои миллӣ ва аз ҷониби ЮНЕСКО эътироф гардидани онҳо, қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ дар СММ, баланд гардидани имиҷи сиёсии мамлакат дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва тарафдори сулҳу амният ва ғайра мебошанд. Ҳамаи ин иқдомҳо дар фазои ҷамъиятии кишвар муҳим буда, барои тақвияти шуури ватандӯстӣ созгор аст.
Дар ин ҷо зарур аст, ки мо моҳияти шуури ватандӯстиро дарк намоем. Имрӯз шуури ватандӯстӣ ҷузъи муҳимми ҳаёти маънавии ҷомеаи муосири мо ба шумор меравад. Дар ҳаёти ҷамъиятии мо ин масъала боз ҳам аҳамият пайдо менамояд.
Маҳз қувваи пешбаранда ва такондиҳандаи шуури ватандӯстӣ ҷавонон мебошанд. Аҳамияти бевосита додан ба тарбияи ватандӯстӣ низ, ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати имрӯза аст.
Шуури ватандӯстӣ ҷанбаи муҳими ҳар як низоми иҷтимоӣ ба шумор меравад. Албатта таҳким бахшидани шуури ватандӯстӣ дар шароити иҷтимоӣ-иқтисодии муосир низ корҳои зиёдеро талаб мекунад. Мазмун ва моҳияти ватандӯстӣ ва сатҳи шуури он пеш аз ҳама ба вазъи маънавию ахлоқии ҷомеа, решаҳои таърихии он вобастагии зич дорад.
Шуури ватандӯстӣ аз хусусиятҳои гуногун иборат аст, ки асоситарини онҳо муҳаббат ба Ватан, муносибати шахс ба таърихи кишвар ва хотираи таърихӣ, муносибат ба фарҳанг, расму оинҳои мардуми худ, дӯст доштани марзу буми диёр, тайёр будан ба ҳифзи он ва ғайра мебошанд.
Ҳамин тавр, чуноне қайд намудем, шуури ватандӯстӣ ҷузъи шуури ҷамъиятӣ мебошад, ки дарбаргирандани ҷанбаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва ахлоқӣ мебошад. Моро зарур аст, ки барои тақвияти шуури ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан насли наврас ва ҷавон кӯшиш намоем. Имрӯз мо бояд тарбияи ватандӯстиро аз дӯстдорӣ ва ҳифзи ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан, масъулият дар таҳсил ва фаъолияти меҳнатии худ, масъулият дар тарбияи фарзандон, тозагии гирду атроф ва ободии диёри азиз, алоқаманд намоем.
Нусратулло ЗОКИРЗОДА,
номзади илмҳои фалсаф.
