Як сол қабл аз ин дар Самарқанд кампуси якуми «School 21» — мактаби барномасозии бепул ифтитоҳ ёфта, аввалин шунавандаҳои худро қабул карда буд.
Аз байн як сол гузашт ва гурӯҳи якуми шунавандагон қариб, ки хониши худро ба анҷом расониданд. Хуб, дар давоми ин як сол онҳо дар ин мактаб чиҳоро омӯхтанд, шарту шароити хониш чӣ гуна будааст, чӣ қадар довталаб ба ин мактаб ариза супурдааст ва чӣ қадари онҳо ҳоло таърими ройгон мегиранд?
Ба ин саволҳо зимни пресс-туре, ки ба «School 21» ташкил гардид, ҷавоб гирифтем.
Бино ба маълумоти ходимони мактаб, «School 21» — ин мактаби технологияҳои рақамӣ буда, он ба аҳолии аз синни 18-сола болои Ӯзбекистону кишварҳои ҳамсоя имкони соҳиб шудани донишҳои IT-ро фароҳам меорад. Дар давоми таълими асосӣ иштирокчиён аз рӯи 40 самт C, C++, Java, Pyiton, Go, SQL барин забонҳоро меомӯзанд ва метавонанд бо воситаҳои DevOps шинос шаванд, инчунин бо архитектураи DT, коркардҳои мобилӣ ва самтҳои дигари технологияҳои иттилоотӣ шуғл варзанд. Лоиҳа бо ёрии Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ мегардад.
Барои қабул ба мактаб то кунун 35 ҳазор нафар ариза супурда, аз он 3,5 ҳазор нафар ба «Ҳавз», ки марҳилаи интихоботӣ аст, қабул гардидаанд.
— Барои дар «School 21» таълим гирифтан дониши муайян, таҷрибаи корӣ, қобилияти барномасозӣ ё диплом лозим нест, — гуфт директори мактаб Зарина Лухманова. — Барои зиёда аз 50 фоизи иштирокчиёни мо ин нахустин таҷрибаи барномасозӣ мебошад. Таълими асосӣ бо назардошти қобилияти омӯзиши шунаванда метавонад аз 1,5 то 3 идома ёбад. Дар «School 21» мураббиён, маърӯзаҳо ва баҳогузориҳо нест, дар мактаб услуби таълимии «Ҳамсол ба ҳамсол», ки аз рӯи лоиҳаҳои амалӣ дар шакли индивидуалӣ ё ҷамоавӣ пеш бурда мешавад, истифода мегардад. Ғайр аз ин, бо сабаби он, ки кампусҳои мактаб ҳамеша дар режими 24/7 боз мебошанд, иштирокчӣ метавонад ҷадвали дарсии ба худ мувофиқро тартиб диҳад.
Ҷиҳати ҷолиби мактаб дар он будааст, ки шунавандагони он дар баробари омӯхтани сирру асрори соҳаи IT, донишҳои худро дар амалиёт пешопеш тадбиқ менамудаанд ва аксарияти онҳо ҳанӯз хонишро ба охир нарасонда, соҳиби кор ва даромад мешудаанд. 78 дарсади иштирокчиёнро ҷавонони 18-25-сола ташкил дода, аз миёни онҳо шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо ҳам таълим мегирифтаанд. Ҳоло дар мактаб қариб 400 нафар шунаванда дониш андӯхта, марҳилаҳои хонишро паси сар менамоянд.
— Ман қариб як сол мешавад, ки дар ин ҷо таълим мегирам, — гуфт шунавандаи мактаб Ғуломҷон Оллоберганов. — Ҷиҳати ба ман писанди мактаб дар он аст, ки дар ин ҷо мо ҳам аз дигарон меомӯзем, ҳам худамон ҳам ба дигарон омӯзонда, дониш ва таҷрибаи худро зиёд мекунем. Вақте ки худамон меомӯзем ва ба дигарон меомӯзонем, он донишҳо дар хотираи мо амиқтар нақш мебанданд. Мактаб 12 марҳилаи гузаришро дар бар мегирад ва ман ҳоло дар марҳилаи 9-ум қарор дорам. То кунун ба мо забонҳои гуногун, сохтани барномаҳо, бозиҳо ва сайтҳоро омӯзониданд. Ҳоло худи ман ҳам мустақилона барнома, бозӣ ё сайт сохта метавонам.
Дар дохили мактаб хобгоҳ ҳам вуҷуд дошта, барои 178 нафар пешбинӣ шудааст ва дар он шунавандагони аз дигар вилояту кишварҳо омада истиқомат мекунанд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
