Ҳафт мӯъҷизаи дунё
Ин дахма бахшида ба шоҳи Кариа Маусолус, ки соли 353-юми пеш аз милод вафот кардааст, аз мармар бунёд гардида, дар Осиёи Хурд воқеъ аст. Ҳоло дахмаи Галикарнас дар ҷануби ғарбии Туркия ҷойгир буда, онро малика Артемисия ба шарафи шавҳар ва бародараш бунёд кардааст. Даҳма аз заминларза вайрон шуда, аз он ба сифати масолеҳи бинокорӣ истифода бурдаанд. Ҳоло танҳо баъзе фрагментҳои даҳма боқӣ мондаанд.
«Мӯъҷиза»-и панҷӯми дунё мақбараи подшоҳ Мавсол ва ҳамсари ӯ Артемисия аст, ки дар пойтахти шоҳигарии на он қадар калони Каня – шаҳри Галикарнас воқеъ аст. Он дар Осиёи Хурд (шаҳри ҳозираи Бодруми Туркия) ҷойгир мебошад. Ин мақбараи бағоят мӯҳташам дар миёнаҳои асри IV пеш аз милод сохта шудааст. Бинои мақбара аз се қабат иборат буда, қабати якуми он дар шакли пойдевори зинасимон аз мармари сафед бунёд гардидааст. Дар ин қабат қабрҳои подшоҳ ва ҳамсари ӯ ҷой гирифтаанд. Дар қабати дуюм хонаҳое воқеанд, ки бо сутунҳои мармарин зебо оро дода шудаанд ва онҳо барои аз тарафи подшоҳ ба шарафи малика гузарондани маросимҳои гуногун пешбинӣ шудаанд. Қабати саввӯма то боми бино аз мармар ба шакли пирамидаи зинасимон сохта шуда, дар қисми аз ҳама баланди он тасвири Мавсол ва Артемизия, ки бо аробаи чораспа меравандл, ба тарзи пайкараи мармарин ифода гардидааст. Дар даромадгоҳи мақбара ҳайкалҳои аз мармар сохтаи шер ва аспсаворон тасвир шудаанд.
Дахмаи Галикарнас
