Доналд Трамп дар нутқи аввалини худ ҳамчун Президенти ИМА маҳдуд кардани вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ҳудуди Амрико, оғоз намудани ҷараён берун кардани муҳоҷирон аз кишварро маълум кард.
— Тамоми ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба зудӣ боздошта мешавад, миллионҳо нафар муҳоҷирони ҷиноӣ ба кишвари худ бармегарданд, — гуфтааст ӯ.
Инчунин, роҳбар ҳамчун қадамҳои аввалин қавл дод, ки вобаста ба вазъияти сарҳади ҷанубии ИМА ҳолати фавқулодаи миллӣ ҷорӣ мекунад.
