Ovozi.uz

Шеърҳои «бачахӯрак»

Адиби маъруфи тоҷик Наримон Бақозода имсол 90‑сола мешавад. Ӯ ҳаёти пурбаракати худро ба эҷоди шеъру достон барои кӯдакону наврасон бахшида, 26‑уми январи соли 2009 дар рӯзи мавлудаш аз олам даргузашт.
Писари ин шоири тоҷик Қаҳрамон Бақозода гуфт, ки падараш ҳамеша зодрӯзи худро дар ҳалқаи пайвандону дӯстон таҷлил мекард.
— Мо ҳеҷ бовар надоштем, ки риштаи умри падар ба зудӣ канда мешавад. Ҳамеша машқи бадан мекарданд ва бекор наменишастанд. Падарамон саъй меварзиданд, ки вақти холии худро беҳуда нагузаронанд. Бисёр китоб мутолиа менамуданд. Дар китобхонаи мо зиёда аз ҳазор китоб ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳошияҳои қариб ҳамаи онҳо қайдҳои падарамонро доранд, — ёдрас мекунад писари шоир.
Ба гуфтаи фарзандон, тартибу низомро аз рафтору гуфтор ва дарсҳои тарбиявии шодравон падарашон омӯхтаанд. Наздикону пайвандони Наримон Бақозода мегӯянд, ки он кас ҳеҷ гоҳ бадгапиву бадрафторӣ намекарданд ва нисбати дигарон ҳам сахт хашмгин намешуданд.
Наримон Бақозода 26‑уми январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, рӯзноманигори «Овози тоҷик» таваллуд шудааст. Замони кӯдакии ӯ дар шаҳри Самарқанд гузаштааст.
Барои кӯдакону наврасон як силсила шеъру достон офаридааст, ки дар маҷмӯаҳои «Гулдара» (1969), «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо» (1971), «Сурнайчӣ» (1975), «Оши ҳалол» (1978), «Чӣ хуш аст?» (1983), «Дафтари мо — кони панҷ» (1985) ва ғайра фароҳам омаданд.
Наримон Бақозода муаллифи аввалин либреттои операи бачагонаи тоҷик «Хонаи заргӯшбибӣ», инчунин драмаҳои «Бузаки ҷингилапо», «Бахтатро бедор кун» ва ғайра мебошад.
Ҳамчун зодаи шаҳри мо ӯ Самарқандро бисёр дӯст медошт. Зуд-зуд ба аёдати дӯсту пайвандон меомад. Ҳар боре, ки ба Самарқанд ояд, ҳатман меҳмони рӯзномаи «Овози Самарқанд» мешуд. Ҳангоми сӯҳбату дидорбиниҳо шодиву фараҳи худро пинҳон карда наметавонист. Сурудҳои халқии бачагонаи зодгоҳашро дӯст медошт ва дар шеърҳояш ҳам ба онҳо пайравӣ мекард. Сабаби ба хурду калон мақбулу маъқул гардидани асарҳояш соддаву равонӣ, осонфаҳмӣ, халқонаи омехтаи ҳазлу шӯхӣ ва аз ҳама муҳим, ба қавли худаш, «бачахӯрак» будани шеърҳои ӯст.

ОРЗУИ ЗАРГӮШ
Хонаи заргӯш — яла,
Кораки заргӯш — чала.
Вай ба адир рафтанӣ,
Рӯбаҳа зин карданӣ,
Карданӣ тиру камон
Баҳри шикори калон,
Гургака парронданӣ,
Пӯсташа дарронданӣ,
Сонӣ аз он пӯсти гург
Карда саночи бузург,
Рӯ-рӯи дарёи Сир,
Чун капитанҳои шер,
Рафта ба баҳри дамон
Карданӣ сайри калон!
Нест дар он ҷойҳо
Рӯбаҳу гурги бало.
ТӮЙЧА
Мӯрчабибӣ хона рӯфт.
Мӯрчабибӣ шолӣ кӯфт.
Мӯзачаи локӣ дӯхт,
Куртачаи шоҳӣ дӯхт.
Сонӣ давид дар ба дар,
Кард ба тӯяш хабар.
Меҳмонакон омаданд,
Хурду калон омаданд.
Кулчаи ҷав марҳамат!
Оши палав марҳамат!
Мӯрчабибӣ тӯйча кард,
Дар лабаки ҷӯйча кард!

ГУШНА ШИКАМҶОНИ ПИШАК
Эй, аҷаб! Ин Устопишак
Дар паси девори мушак
Пӯшида чашмони чуқур,
Нағма кунад: хур-хури хур!
Гӯӣ, бурути тобдор
Карда навозад ӯ дутор:
Тин-ти-ли-лин! Тилин-тилин!
Консертро омада бин!
Мушбачаҳои бесарак,
Шумшукакони бедарак,
Хона нишаста хап шавед,
Баҳри тамошо надавед!
Тез ду чашмони пишак!
Гушна шикамҷони пишак!

БОРОН ОМАД
Борон омад шир-шир,
Гунҷишкаке — чир-чир!
Чапончааш тар шуд,
Худаш пакартар шуд.
Таги параш об рафт,
Ду почааш хоб рафт.
Хунук хӯрад зир-зир,
Фиғон намуд чир-чир.
Эй, Офтоб, раҳм кун!
Бечораро гарм кун!

ШИКОР
Яку дую сею чор
Рӯбаҳак омад шикор,
Бе заврақу тӯру шаст
Моҳӣ наояд ба даст.
Дарё — кони гулмоҳӣ,
Месозад ӯ рӯбоҳӣ.
Чору сею дую як
Рӯбаҳ андар даву так.
Созад агар як амал,
Меқапад ӯ бо тақал,
Ҳоло ӯ бо рӯбоҳӣ
Шишта қапад гулмоҳӣ.
Дум халониду ба об,
Кашид онро бо шитоб.
Нӯги думашро надид,
Гулмоҳӣ онро газид.
Ҳайфи думи фаххакаш,
Афсӯси даву такаш.


Наримон БАҚОЗОДА