Ovozi.uz

Фаъолияти судҳои маъмурӣ такмил дода мешавад

Механизмҳои таъсирбахши назорати мақомоти давлатӣ аз рӯйи иҷрои қарорҳои суд пурра ҷорӣ мегардад.

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи раванди ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва субъектҳои тиҷоратӣ тавассути суд ва ҷорӣ кардани механизмҳои муосири он” (ҚП таҳти рақами 33, 30.01.2025) қабул карда шуд.

Бар асоси қарор, самтҳои асосии такмил додани фаъолияти судҳои маъмурӣ чунин муайян карда шуд:

  • таъмини ҳимояи боваринок ва самарабахши ҳуқуқҳо, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва субъектҳои тиҷоратӣ дар муносибат бо мақомоти давлатӣ;
  • ворид кардани механизми иштироки фаъоли суд дар барқарор кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва субъектҳои тиҷоратӣ, ки зери хатар ё баҳс қарор доранд;
  • созмон додани назорати самарабахши судӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор;
  • такмил додани механизмҳои ҳаллу фасли баҳсҳо пеш аз рафтан ба суд дар парвандаҳои маъмурӣ;
  • баланд бардоштани нақши судҳои маъмурӣ дар ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва субъектҳои тиҷоратӣ, инчунин мустаҳкам намудани боварии мардум ба низоми судӣ;
  • ҷорӣ кардани механизмҳои таъсирбахши назорат бар иҷрои қарорҳои судӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ;
  • такмил додани фаъолияти судҳои маъмурӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешқадам дар соҳаи суди маъмурӣ.