Дар ҳокимияти вилоят вобаста ба рафти иҷрои қарори Сарвари давлатамон «Дар бораи чораҳои фароҳам овардани муҳити бехатар дар маҳаллаҳои ҷумҳурӣ дар соли 2025 ва боз ҳам баланд бардоштани самаранокии низоми пешгирии барвақти ҷиноятҳо», ки 3-юми январи соли равон қабул шудааст, ҷамъомад баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ Пӯлат Бобоҷонов, ҷонишини Сарвазир – раиси Кумитаи оила ва зан-духтарон Зулайҳо Маҳкамова ва иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо роҳбарони секторҳои вилоят, ноҳия ва шаҳр, масъулони соҳаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, гвардияи миллӣ, роҳбарони органҳои ҳуқуқу тартиботӣ ва ташкилотҳои ҳарбӣ, инчунин, намояндагони «ҳафтгонаи маҳалла» иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, ки барои иҷрои ин қарор дар вилояти мо масъул аст, натиҷаҳои корҳои амалигардидаи ҳафтаи равон дар ноҳияву шаҳрҳо, корҳое, ки ҷиҳати фароҳам овардани муҳити бехатар дар маҳаллаҳо ва пешгирии ҷинояткорӣ анҷом дода мешаванд, инчунин, вазифаҳои ояндаро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар асоси талаботи қарор дар ҳар як ноҳия ва шаҳр корҳои пешгирии ҷинояткорӣ муайян гардида, харитаҳои роҳ барои 1126 маҳаллаи вилоят тасдиқ карда шуданд. Ба 156 маҳаллаи тоифаи «сурх» роҳбарони масъули сектор таъин карда шудаанд.
Дар маҳаллаҳои вилоятамон система барои барқарор намудани ваъияти криминогенӣ ва дар асоси равишҳои нав саривақтӣ пешгирӣ кардани қонуншиканӣ таъсис дода мешавад. Масалан, дар ноҳияи Ургут “Маҳаллаи бехатар ва рақамнок”, дар ноҳияҳои Тайлоқ ва Пастдарғам “Кӯчаи бехатари намунавӣ”, дар ноҳияи Булунғур “Бозори бехатар”, дар шаҳри Самарқанд “Истгоҳи бехатар”, дар ноҳияи Оқдарё “Пешгирии саривақтии ҷинояткорӣ дар байни бонувон” системаҳои ибратбахш ҷорӣ карда мешаванд.
Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ҷорӣ намудани вазифаҳои нозирони хурди профилактикӣ, шӯъбаҳои профилактикаи муҳоҷират, гурӯҳҳои амалиёти маъмурӣ ва сарнозирони профилактикӣ, инчунин, ташкил кардани воҳидҳои дахлдор супуриш дода шуд. Дар ташкили кор дар ин раванд тасмим гирифта шуд, ки аз “Маскани ҳуқуқӣ-тартиботӣ”-и маҳаллаи Боғисаройи шаҳри Самарқанд истифода шавад.
Дар ҷамъомад ахбороти роҳбарони сектор ва дигар шахсони масъул шунида шуд. Чораҳои бартараф намудани камбудиҳои дар маҳалҳо маълумгардида муайян карда шуданд.
