Радиоро барои бе рухсат додани контент ба каналҳои хориҷӣ айбдор мекунанд.
Толибон рӯзи сешанбе фаъолияти радиостансияи ягонаи занон дар Афғонистон «Радио Бегум»-ро боздоштанд. Дар ин бора агентии ахбори «CNN» хабар додааст.
Радио барои занҳо барномаҳои саломатӣ, психология ва маънавӣ, баробари ҳамин ҳар рӯз шаш соати дарсҳоро ба шунавандагон пешкаш менамуд. Онҳо таъкид намудаанд, ки бо ҳеҷ гуна фаъолияти сиёсӣ машғул нашудаанд, танҳо нияти ба зан-духтарони афғон додани таълимро доштаанд.
Толибон радиоро бо айби «вайрон намудани сиёсати эфир» ва «ба канали хориҷӣ бе рухсат тақдим намудани контент» бастаанд. Ҳангоми ҳуҷум ба радио компутер, ҳуҷҷат ва телефонҳои ходимон мусодира карда шуда, ду корманди мардро ба ҳабс гирифтаанд.
Ташкилоти «Мухбирони бе сарҳад» ин қарорро танқид карда, барқарор намудани фаъолияти радиоро талаб кардааст.
