Хизмати миллии тандурустии Британияи Кабир дар беморхонаи бачагонаи «Alder Hey»-и Ливерпул барои наврасон хизмати ёрӣ барои аз вейпинг* рӯ гардонидани онҳо кушод, хабар медиҳад Тhe Guardian. Дар он ҷо ба бачаҳои аз 11 то 15-сола барои халос шудан аз моили ба сигорҳои электронӣ ёрӣ мерасонанд, инчунин, кӯмаки психологӣ пешниҳод мекунанд. Ҳоло беморхона бо мактабҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ дорад, то ки дар бораи шумори донишомӯзони ба тамокукашӣ моил маълумот ҷамъоварӣ кунад.
Вале дар терапияи мазкур паҳлӯҳои мураккаб низ ҳастанд. Хусусан, набудани маълумоти кифоя дар бораи таъсири вейпинг ба бачаҳо. Дар баъзе ҳолатҳо наврасон мумкин ба никотин не, балки ба худи раванди истифодаи сигори электронӣ моил бошанд.
* Вейпинг як шакли вобастагии кимиёвӣ мебошад, ки системаҳои электрониро барои интиқоли никотин ва дигар пайвастагиҳо тавассути нафаскашии буғ ба шуш истифода мебарад.
