Ҷигда ҷинси буттаву дарахтест аз оилаи санҷидҳо. Аз 2 то 15 метр қад мекашад. Баргашро пулакчаҳои нуқратоб пӯшида тухмшакл (дарозиаш 2-3 см, бараш 2-3 маротиба кам) гулаш майда, ситорашакл, хушбӯй ва сершаҳд аст. Мевааш (чӯбдона)-аш иборат аз пӯст, «ордак»-и сафеди ширин ва донакдор. Дар моҳҳои май-июл гул карда, мевааш дар моҳи сентябр-октябр мепазад. Челон-ҷигда ҳар сол ҳосили фаровон медиҳад.
Хусусиятҳои шифобахшии меваҳои ҷигда-челон аз қадимулайём маълум аст. Чуноне, ки Ибни Сино таъкид намудааст, меваҳои он ба меъдаву рӯда қувват медиҳад, рехтани мӯи сарро пешгирӣ мекунад, ба фаъолияти шуш, гурда, талха, пешобдон фоидабахш мебошад. Баргҳояш барои бартараф намудани бемориҳои тангнафасӣ, роҳҳои нафасгирӣ кӯмак мерасонад.
Челони хушк барои табобати қафаси сина, шуш бештар фоидабахш аст. Унобӣ барои меъда вазнинӣ мекунад. Бинобар ҳамин онро камтар, яъне рӯзе 10-15 дона истеъмол кардан ба мақсад мувофиқ аст.
Дар табобати мардуми таҳҷоӣ малҳами онро барои табобати камхунӣ, бемориҳои сари сина, ҷигар, гурда, тангнафасӣ, дарунравӣ истифода мебаранд. Меваи он барои паст кардани фишори хун доруи самаранок аст.
