Кимёгари машҳури италявӣ, инчунин, яке аз асосгузорони бренди пастаи шоколади Nutella Франческо Ривелла дар синни 98-солагӣ вафот кард.
Кимёгар дар ширкати Ferrero беш аз 40 сол кор кардааст ва соли 1993 ба нафақа баромадааст.
Ғайр аз Nutella, вай дар офариниши ретсептҳои маҳсулотҳои дигари маъруфи Ferrero — конфетҳои Mon Cherì, дражеси Tic Tac, Kinder Chocolate, Kinder Surprise ва Ferrero Rocher саҳми арзандаи худро ҳамроҳ кардааст.
