Бозии ҷавобии даври плей-оффи Лигаи Аврупо байни дастаҳои “Рома” ва “Порту” ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Рим баргузор шуд. Ин вохӯриро ҳайати доварони фаронсавӣ таҳти роҳбарии Франсуа Летексие ҳакамӣ карданд. “Рома” бо ҳисоби 3 бар 2 ғалаба намуд.
Ҳисобро дар ин дидор дар дақиқаи 27-ум ҳамлагари меҳмонон Саму Омородион аз паси Фабио Виейра боз кард. Дар дақиқаи 35-ум ҳамлагари “Рома” Пауло Дибала аз паси ҳамватани мо — Элдор Шомуродов ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 39-ум Дибала дубл карда, дар ҳисоб “Рома”-ро ба пеш баровард.
Дар дақиқаи 51-уми бозӣ Стефен Эуштакиу аз ҳайати “Порту” корти сурх гирифт. Дар дақиқаи 83-юм нимҳимоятгари дастаи “Рома” Никколо Писилли голи сеюмро зада, пешравии дастаашро мустаҳкам кард. Дар дақиқаи 90+6-ум ҳимоятгари мизбонон Девин Ренш ба дарвозаи худ гол зада, муаллифи автогол гардид.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввал байни дастаҳо бо ҳисоби 1:1 дар Португалия мусовӣ анҷом ёфта буд. Дар натиҷаи бозии рафту баргашт бошгоҳи шаҳри Рим бо ҳисоби 4 бар 3 ғолиб омада, ба даври 1/8-финали Лигаи Аврупо роҳ ёфт.
Ин аввалин ғалабаи “Рома” дар Лигаи Аврупо муқобили “Порту” буд. Ҳамакнун, дар марҳилаи ҳаштякниҳоии мусобиқа “Рома” бо дастаҳои “Латсио” ё “Атлетик Билбао” бозӣ хоҳад кард. Пас аз қуръакашӣ ин муайян хоҳад шуд.
