Ovozi.uz

Қисме аз шаҳрвандони Ӯзбекистон аз ИМА депортатсия шуданд

Чандин нафар аз муҳоҷироне, ки ИМА депортатсия кардааст, ба Коста-Рика расиданд. Тибқи иттилои хабаргузории Reuters, дар байни онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон низ ҳастанд.

Ба маълумоти расида, ҳукумати Коста-Рика барои қабул кардани 200 муҳоҷир розӣ шудааст, ки миёни онҳо шаҳрвандони Ҳиндустон ва бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҷой доранд. Қарор аст, ки муҳоҷирон баъдан аз Коста-Рика ба кишварҳои худ фиристода шаванд.

Дар доираи ин мувофиқат нахустин парвоз анҷом ёфта, дар он 135 муҳоҷири ғайриқонунӣ буданд, ки тақрибан нисфи онҳо ноболиғон мебошанд.

Тибқи иттилои NBC News, дар байни депортатсияшудагон аз ИМА ду зани ҳомиладор низ будаанд, аммо шаҳрвандии онҳо ошкор нашудааст.