Ovozi.uz

Номгузорӣ — масъалаи нозук

Кадом номҳо бештар гузошта мешаванд?
Номгузорӣ ба фарзанд яке аз амал ва маҷбуриятҳои асосии падару модар шумурда мешавад. Ин амал ҳам ба арзишҳои миллии мо ва ҳам ба талаботи дини мубини Ислом мусоидат мекунад. Дар номгузорӣ бештари вақт калонсолони оила бо маслиҳати ҳамдигар ба тифли навзод номи нек интихоб карда мегузоранд.
Бо омадани дини Ислом номгузорӣ ва маросимҳои он каму беш тағйир ёфт. Хусусан ба фарзандон гузоштани номҳои арабӣ маъмул шуд ва ҳатто имрӯзҳо онҳо нисбат ба номҳои миллӣ бамаротиб зиёд ҳам гардидаанд.
Бино ба маълумотҳои оморӣ, дар чанд соли гузашта дар Ӯзбекистон миёни писарон номи Муҳаммадалӣ ва миёни духтарон номи Солеҳа аз ҳама бештар гузошта шудааст.
Даҳгонаи серистеъмолтарин номҳоро низ номҳои арабӣ, аз қабили Мустафо, Абдуллоҳ, Муҳаммад, Муҳаммадюсуф, миёни духтарон Ясмина, Муслима, Хадича, Имона ва ҳоказоҳо ишғол кардаанд. Дар садри рейтинги солҳои қаблӣ ҳам номҳои арабӣ меистанд.

Барои посдории забон…
Албатта, ин гуна номгузориҳо вобаста ба ихлоси қавии мардуми мо нисбати дин аст. Вале баъзеҳо ҳар гуна калимаи арабиро ҳам хоси дини ислом шумурда, онро ба фарзандони худ ҳамчун ном мегузоранд, ки аслан ба дин рабте надорад. Ҳол он ки муродифи онро гузоштан ҳам мумкин аст, ки ҳам маънои ном нисбатан фаҳмотар мешавад, ҳам хусусияти миллӣ пайдо мекунад. Чунки хоҳ-нохоҳ ба номҳои арабӣ руҷӯъ намудани мо ба забони модариамон бетаъсир намемонад.
— Дар солҳои охир номгузорӣ низ аз рӯйи «муд» мешавад, — гуфт устоди донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори илмҳои фалсафа оид ба филология Гулноза Адашуллоева. — Чанде пеш Шаҳзода, Шаҳризода, Паризода… баъдҳо Комрон, Имрон, Симрон… дар рӯзҳои охир бештар номҳои Имона, Солиҳа, Муҳаммадазиз… Агар ба масъалаи номгузорӣ аз нуқтаи назари худшиносӣ нигоҳ кунем, хуб мешуд, ки ба фарзандон бештар номҳои ба худ хос гузорем. Барои посдории забони модариамон моро лозим аст, ки аз таркиби луғавии он оқилона истифода барем. Фонди асосии луғавӣ, ки фарогири калимаҳои қонеъкунандаи эҳтиёҷоти рӯзмарраи инсонанд, бояд бо номҳои миллӣ низ такмил дода шаванд, яъне аз таркиби луғавии забон калимаҳоеро бояд интихоб намоем, ки барои номгузорӣ мувофиқанд. Агар ба фарзандон бештар номҳои миллӣ гузорем, бо ин роҳ мо дар ҷодаи посдории забони модариамон амали неке иҷро мекунем.

Дин чӣ мегӯяд?
Аз пайғамбари дини ислом Муҳаммад (с) ҳадисҳои зиёде оид ба номгузорӣ ривоят шудааст, ки «Ҳаққи падар бар фарзандаш он аст, ки ӯро хуб тарбият кунад ва ба вай номи хубе бигузорад» ва «Шуморо дар рӯзи қиёмат бо номҳои худ ва номҳои падаронатон садо мекунанд, пас (барои худ ва фарзандонатон) номҳои нек интихоб кунед» аз он ҷумлаанд. Аз ин ҳадисҳо бармеояд, ки аз нигоҳи ислом шарти аввали ном маънои хуби он аст. Азкадом забон набошад, ном бояд сифати некиро ифода кунад. Баъзе номҳои қадимаи аҷдодони мо, ки маънои хуб доранду пеш аз ислом маъмул буданд, ҳоло ҳам метавонанд мавриди истифода қарор гиранд ва ин берун аз дин нест. Масалан ба ҷои номҳои арабии «Амир»-у «Султон», «Хусрав» ё «Шаҳриёр» гӯем чӣ бок дорад, дар ҳоле ки як маъноро ифода мекунанд?!
Бино ба ҳадисҳои дигар, паёмбари дини ислом номҳои «Абдуллоҳ» ва «Абдураҳмон»-ро дӯстдоштатарин номҳо назди Худованд гуфтааст. Ғайр аз ин, ба умматони худ тавсия дода, ки номи ӯ ва дигар пайғамбаронро ба фарзандони худ гузоранд.
Ба шахсе, ки аз рӯи исломдӯстии худ ба ин ҳадисҳо амал мекунад, шояд эътироз кардан нораво бошад, вале, чӣ тавре ки дар боло гуфтем, ҳар гуна калимаи арабиро ҳам бо дин вобаста кардан ва онро номи исломӣ гуфтан шоён нест.

Таъсири ном ба равони кӯдак
Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки ном ба феълу атвори инсон таъсир мегузорад ва бисёриҳо ин ҳолатро мушоҳида ҳам кардаанд. Аммо мутахассисон ин фикрро рад мекунанд.
— Ном ба соҳиби он ҳеч таъсире карда наметавонад, магар ин, ки атрофиён ба таъсири он бовар кунанду бахост ё бехост ӯро такон диҳанд, ки мувофиқи номи худ бошад, — гуфт равоншинос Дилшода Солеева. — Таъсири нек ва ё бад гузоштани ном ба кӯдак стереотип ва бофтаҳои худи мардум аст, ки солҳои сол худ ва атрофиёнро ба он бовар мекунонанд.
Воқеан, хусусан волидоне, ки фарзанди онҳо Муҳаммад ном дорад, ба ӯ нисбат ба дигар фарзандонашон муомилаи хубтар мекунанд ва аз ӯ низ феълу атвори беҳтарро интизор мешаванд. Гоҳо натиҷаи баръакс ба даст омада, кӯдак эркаву инҷиқ мешавад ва бародарону хоҳаронаш бошанд, шармгину беқатъият ба воя мерасанд.
— Писари хурдии ман Муҳаммадзокир ном дорад, — гуфт сокини ноҳияи Самарқанд Д.Облоқулова. — Калонсолон мегӯянд, ки соҳиби номи Муҳаммадро сахт гап задан, дуруштӣ кардан ё дашном додан ҷоиз нест. Мо низ дар хона ба фарзанди хурдиамон ҳамеша муомилаи мулоимтар мекунем. Шӯхиҳои аз ҳад зиёд кунад ҳам, бо дигар бачаҳо ҷанҷол кунад ҳам, ба ӯ гапи сахт намегӯем. Аммо мебинам, ки ин ба ӯ таъсири манфӣ мерасонад ва ӯ торафт эркагиву шӯхиҳои зиёд мекунад. Бародараш бошад, дар назди ӯ худро пасттар меҳисобад ва фикр мекунад, ки мо Муҳаммадзокирро аз вай бештар дӯст медорем.
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки бояд падару модарони «Муҳаммад»-ҳо дар тарбияи онҳо мувозинатро нигоҳ доранд.