Оғози таҳсил буд. Рӯзи истироҳатӣ ҳамроҳи дугонаам Фирӯза роҳи бозорро пеш гирифтем. Аксари автобусҳое, ки ба бозори Сиёб мерафтанд, аз одам пур буданд. Мо нахостем бо автобусҳои пуродам бозор равем. Бо ёрии иловаи махсуси телефон бозори Сиёбро ишора карда, таксӣ ҷеғ задем. Пас аз чанд дақиқа сабукрави кироя омад ва дар як дам ба бозор рафтем. Ҳама чизи заруриро харидем. Вақти бозгашт борамон хеле вазнин шуд. Хостем боз таксӣ ҷеғ занем. Азбаски нав ба шаҳри Самарқанд омада будем, манзили хобгоҳро дақиқ намедонистем. Тавассути иловаи махсус манзиламонро кӯчаи «Абдураҳмон Ҷомӣ‑47» интихоб кардем. Чунки боре дар сари кӯча чашмамон ба чунин навиштаҷот афтода буд. Мошин омад ва мо борхалтаҳо дар даст нишастем. Сабукрав пасту баланди роҳро қафо гузошта, босуръат пеш мерафт. Ногоҳ ронанда фармони мошинро ба дигар самт гардонд. Акнун мошин сӯи хобгоҳ не, бо дигар роҳ мерафт. Бо тааҷҷуб пурсидем:
— Чаро ба ин роҳ гаштед?
Ронанда ҳарф назад. Аз сукути шофёр тарсамон афзуд ва зуд ба илова даромадем. Бо кадом чашм бинем, ки мошин аз рӯйи самти интихобкардаи мо ҳаракат мекард. Баъд фаҳмидем, ки манзилро нодуруст нишон додаем. Мошин дар ҷойе истод, ки ба мо ноошно буд.
— Шумо гуфтагӣ адрес ҳамин ҷо, — бепарво гуфт ронанда. — Тезтар фароед. Ман «заказ»-и дигар гирифтам.
Мо ҳатто намедонистем, ки куҷо омадем. Ҳар ду аз фаромадан метарсидем. Ба ронанда гуфтем, ки мо мусофирем. Шаҳрро намедонем. Илтимос кардем, ки моро то хобгоҳи донишгоҳ барад. Роҳкироро медиҳем.
— Ман ба ҷойи гуфтаатон овардам. Суроғаро нодуруст интихоб карда бошед, ин хатои шумо аст, на хатои ман. Вақтамро нагирифта, зудтар фароед, — қатъӣ гуфт ронанда.
Борхалтаҳо дар даст фаромадем ва сабукрав дар як лаҳза аз чашм ғайб зад.
— Ба як мусофир кумак кардан чӣ қадар савоб дорад, — оташин гуфт Фирӯза. — Одамгарӣ ҳам намондааст. Хайр, то хобгоҳ мебурд, чӣ мешуд? Ҳеҷ набошад роҳро мефаҳмонд.
— Айби худамон ҳам ҳаст, — ба атроф чашм давонда гуфтам. — Ба омаданамон аз як моҳ гузашт, аммо то ҳол суроғаи зистамонро намедонем.
Ҳар ду маблағҳои ҷайбамонро ҷамъ кардем. Ба таксӣ намерасид. Ноилоҷ борхалтаҳо дар даст, роҳро пеш гирифтем. Аз роҳгузарон пурсида-пурсида, баъди пешин ба хобгоҳ расидем. Рӯзи бебарор ва ҳамзамон хотирмон шуд.
Ҳар гоҳ он рӯзро ба ёд орем, дугонаам хандида, «Сайр ҳам сайру саргардонӣ ҳам, сайр. Ҳамон рӯз кӯчаҳои шаҳрро хуб давр задем ва он ба мо дарсе шуд то минбаъд ҳушёру боэътибор бошем» мегӯяд.
Хадича ҲАБИБУЛЛОЕВА,
шунавандаи «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»
