Ovozi.uz

Китобҳо ба китобхонаи мактаб тақдим гардид

Дар мактаби таълими умумии рақами 16-и ноҳияи Самарқанд аксияи “Ман ба мактабам китоб мебахшам” шуда гузашт. Дар ин аксия хамтмкардагони мактаб ҳам, фаъолона иштирок карданд.

Аз ҷумла, хатмкардагони солҳои гуногун, ки ба мавқею мартаба расида, ҳамчун олиму эҷодкор ном баровардаанд, асарҳои худро ба мактаб тақдим намуданд. Дар байни онҳо проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд профессор Аҳмадҷон Солеев, шоир Нормурод Каримзода, нависандагон Зоҳир Ҳасанзода, Бахтиёри Ҷумъа ва дигарон ҳам барои бойгардии китобхонаи мактаб ҳисса гузоштанд.

Аз идораи рӯзномаи “Овози Самарқанд” ҳам ба мактаб бастаи китобҳои бадеӣ тӯҳфа карда шуд.

— Дар мактаби мо қариб 3200 нафар донишомӯзон таҳсил мегиранд, — гуфт китобдори мактаб Азиза Ишоқулова. – Фонди китобхонаи мактаб чандон бой нест. Дар давоми аксия қариб 3900 адад китоб ҷамъ овардем. Акнун фонди китобхона ду маротиба зиёд гардид.