Ovozi.uz

Ба номи Диёра Келдиёрова клуби дзюдо кушода шуд

Бо мақсади боз ҳам оммавӣ гардонидани дзюдо дар маҳаллаҳо ва ба ин васила рушд бахшидани истеъдодҳои ҷавонон дар ин намуди варзиш, дар шаҳри Тошканд ба номи Диёра Келдиёрова клуби муосири дзюдо ба истифода дода шуд.

Ин толори клуби дзюдо дорои 4 татамӣ мебошад. Дар он асбобу анҷомҳои варзишӣ, хонаҳои либоспӯшӣ, шустушӯй ва тиббӣ мавҷуданд, ки барои машқҳои ҷисмонӣ имконият медиҳанд. Ин марказ, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ комилан ҷавобгӯ аст, барои онҳое, ки машқ мекунанд, тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.