Вай дар давоми беш аз 60 сол донор шуда, ба зан ва бачаҳои бемор 1173 маротиба хун ва плазмаи хун додааст.
Донори австралиягӣ Ҷеймс Харрисон, ки хун супурда, ҳаёти миллионҳо одамонро нигоҳ доштааст, дар синни 88-солагӣ вафот кард, хабар дод нашрияи «NBC News».
Маълум гардид, ки дар таркиби хуни Харрисон элементҳои ноёб мавҷуд буда, вай дар давоми умри хеш 1173 маротиба донорӣ кардааст.
Харрисон дар 14-солагӣ ҷарроҳии мураккабро аз сар гузаронид. Пас аз ҷарроҳӣ гувоҳи душвориҳои аз сар гузаронидааш шуда, ба дигарон ёрӣ доданро мақсад мекунад ва соли 1954 дар синни 28-солагӣ бори аввал чун донор хун месупорад.
Дар соли 1964 маълум шуд, ки дар таркиби хуни Харрисон антикорҳои барои истеҳсоли инъексияҳои «Анти — Д» зарур будаанд. Харрисон соли 2018 дар 81-солагӣ ба нафақа баромад. Ӯ дар давоми 60 сол 1173 маротиба ба занҳои бемор ва кӯдакон хун ва плазмаи хун додааст.
«Умед мекунам, ки касе дар супурдани хун рекорди маро нав карда метавонад. Хоҳише, ки иҷрои онро аз ҳама беш мехоҳам, ҳамин аст. Одамони нағз бисёр, ман низ аз онҳо илҳом гирифтаам. Дигарон низ аз ӯҳдааш мебароянд» — гуфтааст Жеймс Харрисон пеш аз вафоти худ.
Таъкид шудааст, ки дар Австралия аз соли 1967 инҷониб беш аз 3 миллион дозаи «Анти — Д»-и аз хуни Харрисон гирифтаро барои нигоҳ доштани зиёда аз 2 миллион нафар модарон истифода бурдаанд.
«Вай кӯшиш мекард бе ҳеч хел манфиат ҳаёти одамонро нигоҳ дорад. Ба мо бисёр мактуби миннатдорӣ меояд,» — гуфт духтари ӯ Трейси Мелловшип ҳангоми мусоҳиба бо вакилони ВАО.
